Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Эрон гуфт, маллоҳони нафткаши бритониёӣ сиҳату саломатанд

Мақомоти Эрон гуфтанд, рӯзи 21-уми июл гуфтанд, 23 маллоҳи нафткаши боздоштшудаи Бритониё “амн ва саломатанд”. Дар ин бора Аллоҳмурод Афифипур, мудири Созмони Бандарҳо ва Дарёнавардӣ дар вилояти Ҳурмузгон бо телевизиони давлатии Эрон сухан гуфт. Айни замон Бритониё дигарбора амалкарди Эронро танқид кард ва гуфт, ки нафткаш дар қаламравҳои обии Баҳрайн қонунӣ ҳаракат мекард. Мақомоти ин кишвар боздошти киштиро “амалкарди хасмона” номида гуфтанд, иддаои Эрон, ки нафткаш ба як қаиқи моҳигирии эронӣ бархӯрдааст, асосе надорад.


Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 20-уми июл видеоро нашр кард, ки дар он яке қаиқҳои сипоҳро дар канори нафткаш ниҳон медиҳад ва сипас сарбозони ниқобпӯш аз чархбол ба киштӣ фуруд меоянд. Ҳодисаҳои ахир дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз, яке аз муҳимтарин роҳҳои киштиҳои нафткаши ҷаҳон танишҳо байни Эрону Ғарбро барангехт. Ҳоло  нигарониҳо авҷ гирифтаанд, ки мумкин аст, кашмакашу даъво ба ҷанг бикашад, қимати нафт дар ҷаҳонро боло барад ва бимаи киштиҳои нафткаш ҳам гаронтар шавад.


 Пеннӣ Мордант, вазири дифои Бритониё боздошти киштии Стена Имперо дар рӯзи 19-уми июлро “амалкарди хасмона” номидааст ва Ҷеремӣ Ҳант, вазири умури хориҷӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо Муҳаммадҷавод Зариф, ҳамтои эрониаш гуфтааст, ки аз ин рафтор “бисёр ноумед” шудааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus