Добавить новость
World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Июль
2019

Новости за 13.07.2019

Ozodi.org 

Туркия S-400-ро овард ва НАТО-ро нигарон кард

Баъди интиқоли як бахши системаи дифои ҳавоии S-400- и Русия Марк Эспер, вазири муваққати дифои Амрико бо ҳамтоии турки худ Ҳулусӣ Акар ним соат телефонӣ сӯҳбат кардааст, вале вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида аз ифшои ҷузъиёти гуфтӯгу худдорӣ кард.

Ozodi.org 

Аз Толибон хостанд, ҷангро бас кунанд

Амрикову Русия ва Чину Покистон аз Толибон хостанд, фавран ба созиши оташбас ризоият бидиҳанд ва бо ҳукумати Афғонистон мустақим гуфтӯгу кунанд. Намояндагони чаҳор кишвар рӯзҳои 11 ва 12-уми июл дар шаҳри Пекин дар бораи сулҳ дар Афғонистон гуфтугу карданд ва дар замоне, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва Амрико талош доранд ба ҷанги 18-сола бо Толибон хотима бидиҳанд. Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 12-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, чаҳор кишвар “ҳамаи тарафҳоро ташвиқ карданд, ки барои коҳиши хушунат қадам бардоранд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳамла ба телевизиони украинӣ таҳқиқ мешавад

Мақомоти Украина ба тафтиши ҳамла бо норинҷакандоз ба қароргоҳи шабакаи телевизионии 112 дар шаҳри Киев оғоз кардаанд. Пулис гуфт, касе дар ин амали “террористӣ” дар рӯзи 13-уми июл осеб надидааст. Дафтари матбуоти пулиси Киев бо нашри баёнияе гуфт, ки онҳо пас аз хабар додани ҳамсояҳо дар бораи таркиш ба маҳалли ҳодиса ба ноҳияи Шевченкивски омадаанд. Ҳодиса соати тақрибан чаҳори бомдод рух додааст. Касеро то кунун дастгир накардаанд ва тафтиш идома дорад. Бахше аз бино дар натиҷаи таркиш осеб дидааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Насрулло мегӯяд, агар байни Амрикову Эрон ҷанг шавад...

Ҳасан Насрулло, раҳбари созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон мегӯяд, бо вуҷуди эъмоли таҳримоти нав ба зидди раҳбарони созмон, Амрико дорад, бо гурӯҳи ӯ роҳи иртибот пайдо кунад. Ӯ рӯзи 12-уми июл ба телевизиони арабизабони “Ал-манор” гуфт: “Ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп кӯшиш дорад ба воситаи миёнаравҳо бо Ҳизбуллоҳ дар Лубнон иртибот бигирад. Воқеъбинони амрикоӣ инҳо ҳастанд.” Ӯ аз ин бештар шарҳ надод. Эрон яке аз ҳомиёни асосии Ҳизбуллоҳ дар Лубнон аст.  Дар ҳамин мусоҳиба Ҳасан Насруллоҳ гуфт, дар сурати ҷанг миёни Амрикову Эрон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Чаҳор маллоҳи нафткаши Эронро раҳо кардаанд

Пулиси Гибралтар мегӯяд, чаҳор маллоҳи нафткаши Эронро, ки бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии нафт ба Сурия дастгир шудаанд, дар ивази васиқа озод кардаанд. Ба гуфтаи пулис, киштии нафткаш барои риоят накардани таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо дастгир шуд. Пулис гуфт, маллоҳон ҳоло расман ба қонуншикание муттаҳам нашудаанд,  тафтиш идома дорад ва киштии Грейс 1 ҳамчунон дар лангар мемонад. Ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Ҳинд будаанд. Дар умум дар нафткаш 28 нафар асосан аз Ҳинду Покистон ва Украина кор мекардаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

S-400 бӯҳрон байни Туркияву Амрикоро наздик кард

Бо шурӯи фиристодани бахше аз системаҳои зиддимушакии S-400 – и Русия ба Туркия мумкин аст, бӯҳрони амиқе байни ин кишвари узви НАТО ва Амрико сар бизанад. Бо вуҷуди мухолифати сахти Амрико,  Туркия бахше аз ин системаро рӯзи 12-уми июл ба даст овард ва қарор аст, бақияи ин системаи зиддиҳавоии пешрафтаро ба кишвар биёрад. Бо вуҷуди мухолифатҳо, аз ҳукумати Амрико вокунише то ба ҳол нарасидааст ва нишасти хабариеро, ки қарор буд, 12 -уми июл баргузор шавад, то замони номаълум ба таъхир андохтаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Нигоҳи дигар ба ҳамлаи хунини 26 соли пеш дар марзи Тоҷикистон

Як афсари бознишастаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пас аз 26 сол ҳодисаи ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-ум дар марзи Афғонистонро китобат кардааст. Навиштаҳои ӯ ҳамчун шоҳид ва ширкаткунандаи воқеа бисёре аз арзёбиҳои гузаштаро инкор мекунад.

Ozodi.org 

Хулосаи додситони Русия дар бораи таъйини зодаи Душанбе дар мақоми "баланд"

Вебсайти "Фонтанка" гуфт, ки Додситонии Русия дар як хулосааш ба унвонии вазорати рушди иқтисод навиштааст, ки таъйини Парвиз Тухтасунов як зодаи Душанбе ба мақоми раиси Палатаи федеролии кадаст бо нақзи қонун сурат гирифтааст ва ӯ "бояд барканор шавад".


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus