Шоми 26 июл дар фурудгоҳи байналмилалии “Иссиқкӯл”-и Қирғизистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков пешвоз гирифт. Дар хабари вебсайти президенти Қирғизистон гуфта мешавад, ки 27 июл қарор аст дар қароргоҳи президент дар шаҳри Чолпонота музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои ҳукуматҳои ду кишвар баргузор шавад ва яке аз ин масъалаҳо – баррасии мавзӯи аломатгузори марзи ду кишвар аст. Сафари Раҳмон ба Қирғизистон дар идомаи дидору мулоқотҳои ӯ бо Ҷеенбеков дар хоки Тоҷикистон рӯзи 26 июл барпо мешавад. Читать дальше...
Мардум умед доранд,ки баъди таъмири роҳ нарх поин ояд. Ин ҳам эҳтимол дорад нашавад. Чунки баъди анҷоми таъмир соли 2022 роҳи Душанбе Бохтар бояд пулакӣ шавад. Кирокашҳо ин харҷро ба роҳкиро зам хоҳанд кард.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяҳд, ба хотири беҳсозии вазъи молии "Барқи Тоҷик", ширкати тавлидкунандаи нерӯи барқ, иҷозат додааст нархи он боло бурда шавад. Тасмиме, ки мардумро нигарон кардааст.
Зани соҳибкор: "Боғамро вайрон мекунед, худро оташ мезанам!"
Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков субҳи ҷумъа дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардум мулоқот намуда, аз сокинон даъват намуданд, ки муросо дошта бошанд ва иззати ҳамсоядориро ҳифз кунанд. Дар остонаи сафари президентон, талоши сокинони ду деҳаи марзии Ворух ва Оқсои Қирғизистон барои насби парчами миллӣ боиси баҳсу муноқиша шуд. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва дасти кам 20 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд.
Ба қавли директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, аз 40 то 45 дарсади арзиши чипта барои сӯзишворӣ сарф мешавад.
Президенти Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа, 26 июл пас аз анҷоми мулоқот бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар Ворух ва Исфара бо як сафари корӣ озими Қирғизистон шуд. Қарор аст рӯзҳои 26-28 июл дар қароргоҳи президентии Чолпонота дар соҳилҳои Иссиқкӯл мулоқоти ду раҳбар баргузор шавад. Ба ин муносибат, матбуоти қирғизӣ як рӯз пеш хабар дод, ки роҳ ба Чолпонота барои нақлиёти маҳаллӣ дар давоми ду рӯз баста хоҳад буд. Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад, ки президентро дар ин сафар муовини сарвазир... Читать дальше...
Парвандаи як марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти "Холматов"-и ноҳияи Шаҳритус, ки ба олуда кардани чанд зан ба вируси норасоии масунияти бадан ваё СПИД муттаҳам мешавад, ба додгоҳ фиристода шудааст Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ин мард барқасдона ҳамсараш ва чанд зани дигарро ба ин вирус олуда кардааст. Аз додситонии ноҳияи Шаҳритус рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи ин мард, ки номаш ба далоили ахлоқӣ ва низ муқаррароти тафтишотӣ ифшо намешавад, ахиран ба додгоҳи ноҳия фиристода шудааст. Читать дальше...
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 26 июл дар Ҷумҳурии Хорватия мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Zagreb Grand Prix 2019” оғоз гардид ва то 28 июл идома меёбад
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар Исфара, ҳимоят аз блогерҳои муттаҳам, нишасти ширкати ҳавоии Тоҷикистон, таҳдиди худсӯзии зани соҳибкор дар Узбекистон ва матолиби дигар.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" худдорӣ кардааст. Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 26-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "Сомон Эйр" барои хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" шартнома имзо карда буд. Вале ба қавли Субҳонзода, бо пайдо шудани мушкил дар чанд ҳавопаймои "Боинг 737 MAX", ин шартнома мавқуф гузошта шуд. Директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ гуфт, ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон бо ин навъи "Боинг 737 MAX" парвоз намекарданд ва то масъалаи он ниҳоӣ нашавад... Читать дальше...
Виктория Беркхоҷаева, шаҳрванди Қазоқистон, ки ҷинсашро иваз кардааст, мегӯяд, дар зиндони Жаугашти вилояти Алмато борҳо ба номусаш таҷовуз кардаанд. Вай рӯзи 25-уми июл бо вакили мудофеаш мулоқот кард. Айман Умарова, вакили мудофеи Беркхоҷаева гуфт, нафари таҳти ҳимояташ аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ рӯзҳои 19, 20 ва 24 июл таҷовуз шудааст. "Вай дар ин бора ариза навишт. Бо моддаи "Таҷовуз такрорӣ ба номус" парванда боз шудааст",-гуфт вакили мудофеъ. Думан Раҳмонов, роҳбари зиндони мазкур аз шуруъ шудани тафтиш хабар дод. Читать дальше...
Комисияи марказии интихоботии Украина натиҷаи ниҳоии шумориши баргаҳои раъйро эълом кард. Панҷ ҳизб ба порлумони Украина роҳ ёфтанд: "Хизматгори мардум" – 43,16%; "Платформаи мухолифин – барои ҳаёт" – 13,05%; "Баткившина" – 8,18%; "Ҳамгироии аврупоӣ" – 8,10%; "Садо" – 5,82%. Ин интихобот аз рӯи низоми омехта баргузор шуд: нисфе аз 450 вакил аз ҳисоби рӯйхатҳои ҳизбӣ ва нисфи дигар аз ҳисоби ҳавзаҳои якмандатӣ интихобот шуданд. Аз 22 ҳизби сиёсӣ бештар аз 2,5 ҳазор номзад довталаби курсии порлумонӣ буданд.
Як зодаи Қирғизистон бо гумони куштори Камчибек Каримов, роҳбари қирғизҳо дар Екатеринбурги Русия боздошт шуд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд. Зодаи Қирғизистон бо номи Зарилбек дар шаҳри Коркинои вилояти Челябински Русия боздошт шуд. Вай дар бозпурсиҳои аввал ба гуноҳаш иқрор кардааст. Дар ҳамла ба Каримов вай нақши ронандаро иҷро кардааст. Боздоштшуда гуфт, барои ин кор вай 100 ҳазор рубл гирифтааст. "Гуруҳ аз ибтидо тасмим дошт, ба тоҷири дигари бозори "Таганский ряд" ҳамла кунад. Читать дальше...
Кумитаи иктишофии Сенати ИМА рӯзи 25-уми июл гузориш дар бораи дахолатҳои Русияро дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2016, нашр кард. Дар гузориш омадааст, ки дахолати Русия дар умури дохилии ИМА падидаи ягона набуда, Кремл дар ҳоли ҳозир барои дахолат ба интихоботи президентии соли 2020 омода мешавад. Кумитаи мазкури сенат ва вазорати амнияти дохилии ИМА ба хулоса расидаанд, ки ҳакерҳои Русия ба низоми интихоботии 21 иёлат ворид шудаанд. Аммо мақомоти Амрико гуфтанд, дар бораи таъсир расонидани... Читать дальше...
"Узбекистон темир йулларӣ" ва "Қазоқистон темир жолӣ" ба созиш расиданд, ки нархи билети қатори баландсуръати "Тулпар - Талго"-ро поин баранд, ки дар масири "Тошканд-Алмато-Тошканд" ҳаракат мекунад. Ба иттилои расонаҳои узбекӣ, мусофирон аз 1-уми августи соли равон метавонанд билетҳоро бо нархи арзон бихаранд. Барои намуна, агар билет панҷ рӯз пеш харидорӣ шавад, нархи он 25% арзон хоҳад буд. Тавре хадамоти матбуотии "Узбекистон темир йулларӣ" иттилоъ дод, ширкат тасмим дорад, дар ояндаи наздик... Читать дальше...
Раиси ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон Эркин Яқубов 25-уми июл дар як ҷаласа ба кормандони муассисаҳои буҷавӣ дастур додааст, ки пеш аз сафари президенти Узбекистон ба ин минтақа бомҳои канори роҳро таъмир кунанд. Дар наворе, ки дастраси мо шуд, раиси Асака мегӯяд, интизор меравад, моҳи сентябри соли равон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Андиҷон сафар кунад. Яқубов ҳашари умумиеро эълом карда, ба раҳбарони муассисаҳои давлатӣ фармон додааст, то барои сафари президент омодагӣ дида, боми хонаҳои канори роҳро ранг кунанд. Читать дальше...
Корбаре бо номи Диловар дар Фейсбук дар ин бора гуфтааст: “Баъан кормандони бонк рубл ё долларе, ки равон кардаанд, бо нархи паст ба хешованони муҳоҷирон медиҳанд ва худашон ба бозори сиёҳ бурда, фурӯхта фоидаро дар кисаи чап мезананд. “
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, дар масоҷиди кишвар гӯшаҳои китоб ташкил намуда, дар баробари китобҳои динӣ, китобҳои дунявӣ низ барои аҳли намозгузорон пешниҳод намояд. Дар ин бора Шамсиддин Орунбекзода, вазири фарҳанг рӯзи 26 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод ва гуфт, ки чунин таҷрибаи ташкили китобхона дар гӯшаи масҷид дар ҳамсоякишвари Узбекистон вуҷуд дорад ва онҳо ният доранд, дар Тоҷикистон ҳам ин таҷрибаро роҳандозӣ намоянд. Ӯ гуфт, намозгузорон дар лаҳзаи фориғ... Читать дальше...
Шамсиддин Орунбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, касе ҳақ надорад донишҷӯёнро ба таври маҷбурӣ ба “маршировка” ҷалб намояд.
Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федеросиюни байналмилалии футбол, ки 25-уми июл дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, як зина боло шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 119-ум қарор гирифтааст.
Оҷонсии авиатсияи гражданӣ мегӯяд, гарон будани нархи сӯзишворӣ, омили аслии гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 26-уми июл тасдиқ кард, ки нархи чипта дар Тоҷикистон гарон аст. Ӯ дар посух ба суоли он, ки чаро нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоякишварҳо гарон аст, гуфт, сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон гарон аст. Ба қавли директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, аз 40 то 45 дарсади арзиши чипта... Читать дальше...
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони зери 16-сола таркиб ёфтааст, бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) шоми имрӯз, 26-уми июл, бо тими наврасони Узбекистон рақобат мекунад.
Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон субҳи 26-уми июл дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардум мулоқот намуда ва аз сокинон даъват намуданд, ки муросо намуда ва иззати ҳамсоядориро ҳифз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков субҳи ҷумъа ба минтақаи марзии Ворух-Оқсой расиданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 26-уми июл дар Ворух бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард. ба Исфара сафар карда ва бо сокинони минтақаи марзии Ворух мулоқот намудааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам иттилоъ медиҳад, ки раиси ҷумҳури он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков низ ба минтақаи марзӣ расида ва бо мардуми Оқсой ҳаммарз бо Ворух, мулоқот кардааст. Вай гуфтааст, ки вазъ дар марзи кишвараш таҳти назорати шахсии ӯ қарор дорад. Интизор меравад, ки президентҳои Тоҷикистон... Читать дальше...