Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони зери 16-сола таркиб ёфтааст, бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) шоми имрӯз, 26-уми июл, бо тими наврасони Узбекистон рақобат мекунад.