Рӯзи 22 июл бо фармонҳои президенти Тоҷикистон раисони 11 ноҳияву шаҳрҳои кишвар нав шуданд. Аз ҷумла, бар ивази Фатҳулло Ҳурматзода дар мақоми иҷрокунандаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон Ҳилолбӣ Қурбонзода таъин шуд. Ҷаббори Ғаффор аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён озод ва ба ҷои ӯ Икромиддин Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия шуд. Дар Вахш ба ҷои Азизулло Шарбатулло Қурбоналӣ Юсупов, дар Ёвон ба ҷои Амирбеки Темур – Ҷамшед Саидзода, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба ҷои Фотеҳ Аминзода... Читать дальше...
Шоми 22 июл ҳуқуқшиноси маъруф Ғулом Бобоев даргузашт. Бобоев бо парвандаҳои сангини ҷиноӣ, инчунин қазияи ҳабси ҳавонавардони “Ролкан” машғул шудааст. Писари ӯ Сӯҳроб Бобоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд сабаби марги падар сактаи дил будааст. Ӯ гуфт, ҳодиса дар утоқи кории - адвокатураи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар рух дод ва табибон ҳам ба наздаш даъват шуданд, вале ӯ ҷон дод. Маросими ҷанозаи Ғулом Бобоев фардо, 23 июл дар шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ) дар маҳалли зисти ҳуқуқшиноси маъруф баргузор мешавад. Читать дальше...
Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон як нафар кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Муноқиша дар ҳоле сар задааст, ки қарор аст, президентҳои ду кишвар дар ин минтақа дидор ва гуфтушунид дошта бошанд.
Икромиддин Вализода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Вализода дар ин мақом ҳамагӣ се моҳ кор кард. Фармони Президент дар бораи барканории Икромиддин Вализода нашр нашудааст, аммо як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Вализода бо онҳо хайрухуш кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, Икромиддин Вализода раиси ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон таин шудааст. Икромиддин Вализода се моҳ пеш, охири моҳи апрели соли равон ба вазифаи раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъин шуд. Читать дальше...
Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ба таври расмӣ ҳуқуқи дар тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозӣ карданро пайдо кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.
Мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон шоми шанбеи 20-уми июл дар шаҳри Нурсултон бо қувваозмоиҳои ниҳоӣ ба поён расид.
Баррасии парвандаи 34 маҳбуси зиндони Хуҷанд дар Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин ошӯб, ки моҳи ноябри соли гузашта рух дод, ба гуфтаи мақомот бисту се нафар, аз ҷумла 21 маҳбус ва 2 зиндонбон ҷон бохтанд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, то ҳол раиси ин зиндон ба 4 сол ва се масъули дигари ин муассисаи ислоҳотӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудаанд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии 28 маҳбуси зиндони шаҳри Ваҳдат... Читать дальше...
Оғози сафари зойирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ Баҳси 400 ҳазор долларии сокини Ваҳдат бо як бонк Пешсафии ҳизби Зеленский дар интихоботи Украина Шикояти Қалъаи Малик аз дуди ғализ дар Ваҳдат Кӯдакони тоҷикро кай ба хонаводаҳояшон медиҳанд?
Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик бо ҳадафи зиёрати хонаи Каъба, се рӯз қабл аз нақшаи муайяншуда, субҳи имрӯз, 22-юми июл аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дархости "Гурӯҳи 24" барои бозбинии парвандаашон рад карда шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки "шуморе аз аъзои Гурӯҳи 24 аз додгоҳ хостанд, ки қарори қаблии додгоҳ дар бораи экстремистӣ дониста шудани ин гурӯҳ, бекор карда шавад. Аммо мо ташхис кардем, ки ин танҳо дархости чанд нафар аз аъзои "Гурӯҳи 24" будааст ва аъзои дигари он бо пахши баёния, изҳор доштанд, ки аз ҳадафҳои худ даст намекашанд. Читать дальше...
Қудрат Давлатзода, раиси оҷонсии "Тоҷикстандарт" нашри акси ҳасиб бо пойи муш дар шабакаҳои иҷтимоиро кори дасти гурӯҳи соҳибкороне номид, ки бо ҳадафи пайдо намудани мавқеи монополии худ, аз ин шева кор мегиранд. Оқои Давлатзода рӯзи 22-юми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ низ чунин ҳолатро мушоҳида кардааст ва аз хабарнигорон хоҳиш намуд, ки қабл аз расонаӣ кардани ин гуна ҳолатҳо ба ниҳоди зери раҳбарияш муроҷиат кунанд. "Соҳибкороне ҳаст, ки барои мавқеи... Читать дальше...
Рӯз ба рӯз ин андеша дар ҷомеаи тоҷик маъмул аст,ки мансабдорон аз мардум фосила мегиранд. Доди мардум ба гуши онҳо намерасад. Мо дар хиёбонҳои Душанбе аз хостаҳо ва пешниходоти мардум ба вазирони тоҷик пурсидем.
Дар доираи парвандаи марги кӯдаки 6-сола дар пайи истифодаи машрубот дар вилояти Чуйи Қирғизистон, як мард боздошт шуд. Ба иттилои мақомоти вилояти Чуй, дар доираи парвандаи мазкур чанд кас бозпурсӣ шудааст. Дар натиҷа марди 31-солаи ҳамбистари модари кӯдаки кушташуда боздошт гардид. Дар ҳоли ҳозир тафтиши судӣ-тиббӣ ҷараён дорад. Рӯзи 20 июл дар пайи заҳролудшавӣ аз машрубот як кӯдаки шашсола фавтид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, афроде, ки бо модари кӯдак машруб менӯшиданд, ӯро маҷбуран ду пиёла арақ нӯшондаанд. Читать дальше...
Маҷмаи варзишии донишгоҳи Чимкент ба паноҳгоҳи нашъамандон табдил шудааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазири маориф ва илми Қазоқистон Ерболат Муҳамедҷон иттилоъ медиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъди кашфи ин паноҳгоҳ таҳқиқ шуруъ кардаанд. Дар кадом донишгоҳ чунин паноҳгоҳ ошкор шуда ва кадоме аз масъулони донишгоҳ ба ҷиноят даст дорад, ҳоло хабар дода намешавад. Танҳо гуфта мешавад, ки донишгоҳи мазкур хусусӣ аст. Ба навиштаи расонаҳо, дар толори варзиши донишгоҳ ҳам нашъа... Читать дальше...
Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик бо ҳадафи зиёрати хонаи Каъба, се рӯз қабл аз нақшаи муайяншуда, субҳи имрӯз, 22-юми июл аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карданд.
Ҳизби ҳокими "Хидматгори халқ" ҳудуди 44 дарсади овозҳоро ба даст меорад. Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки ҳизби Зеленский барои ташкили ҷиноҳи аксарият дар порлумони Украина ба эътилоф ниёз хоҳад дошт.
Низоми пардохти Western Union дар Русия ҳаҷми интиқоли маблағҳоро ба хориҷ аз ин кишвар маҳдуд кард. Ҳамакнун як шаҳрванд наметавонад, дар моҳ бештар аз 600 ҳазор рубл тавассути ин низом интиқол диҳад. "Тартиботи нав аз рӯзи 22 июл ҷорӣ шуд. Ин тартибот дар робита ба иҷрои қонунӣ мубориза бо пулшӯӣ ва сармоягузории терроризм рӯи даст гирифта шудааст",- менависанд расонаҳо. Бар асоси маҳдудиятҳои нав, шаҳрвандон имкон надоранд, дар як дафъа бештар аз 5 ҳазор доллар ба хориҷ аз Русия интиқол диҳанд. Читать дальше...
Рӯзноманигор ва наворбардори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Нургул Тапаева ва Токмолд Кусаинов дар Алмато мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Панҷ зани ношинос дар коргоҳи Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон ба кормандони радио ҳамла ва наворбардорро латтукӯб карданд. Сабабҳои ҳамлаи ин гуруҳи занон ба рӯзноманигорон маълум нест. Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ имрӯз барои иштирок дар конфронси "Давлат бо модарону кӯдакон мубориза мебарад" ба бюро рафта буданд. Қарор буд, иштирокдорони нишаст дар ҳузури... Читать дальше...
Раъйдиҳандагони украинӣ бори дигар овоз доданд ва ин навбат садои онҳо боз ҳам баландтар садо дод: онҳо гуфтанд, ки хостори тағйирот ҳастанд.
Мубилло Исомиддинов, муовини раиси ноҳияи Косонсойи Узбекистон дар умури рушди саноат ва сохтмон барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои соҳилбандӣ ҷарима шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати шуғл ва муносибатҳои кории Узбекистон иттилоъ дод. Пештар расонаҳо навиштанд, Исомиддинов дар доираи барномаи давлатии "Маркази обод" дастур додааст, ки омӯзгорони мактабҳои миёна дар бетонрезии соҳили рӯдхонае иштирок кунанд. Ҷамъан 80 омӯзгор ба корҳои соҳилбандӣ ҷалб шудаанд. Муовини раиси Косонсой тасдиқ кард... Читать дальше...
Тоҷикистон қасд дорад нархи бимаи ҳатмии мошинҳои Узбекистон дар ҳудуди Тоҷикистонро чанд баробар коҳиш диҳад. Ширкати "Тоҷиксуғурта" мегӯяд, ин посух ба иқдоми мақомоти Узбекистон аст, ки нархи бимаи ҳатмии мошинҳои Тоҷикистон ҳангоми убур аз Узбекистонро кам карданд.
Пулиси Ҷопон ҳукми боздошти мардеро, ки дар оташ задани студияе дар шаҳри Киото гумонбар аст, содир кард. Ӯ ба иллати сахт сӯхтани баданаш дар ҳоли ҳозир дар беморхона бистарӣ аст. Маъмурони пулис тасмим доранд, пас аз беҳтар шудани вазъи саломатияш гумонбарро ба ҳабс бигиранд. Дар натиҷаи сӯхтори Kyoto Animation 18 июл 34 кас ҷон бохта, 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Гумонбар аз пас аз боздошт иқрор кард, ки дар дохили бино бензинро рехта, оташ задааст. Студияи Kyoto Animation соли 1981 таъсис ёфтааст. Читать дальше...
Бар асари садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чаҳор нафар ҷон бохтанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса рӯзи 20-уми июл дар ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи Нозим Маликмамадови 28-сола "аз ӯҳдаи идора намудан"-и мошин набаромада ва "Ҳунад-Голопер"-и ӯ ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷа чаҳор мусофир бинобар ҷароҳатҳои сангин дар бемористони деҳаи Вранг ҷон бохтанд. Як мусофири... Читать дальше...
Як зодаи Қазоқистон, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, дар узвияти гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва иштирок дар ҷангҳои ин гуруҳу таълимдиҳии ҷангҷӯёни дигари "Давлати исломӣ" айбдор мешавад. Додситонии кулли ИМА рӯзи 19-уми июл хабар дод, ки Руслан Маратович Асаинови 42-сола давоми панҷ сол ба ҷонибдорӣ аз ин гурӯҳ ҷангидааст. Баъдан вай дастгир шуда, ба Амрико интиқол ёфтааст. Мақомоти ИМА мегӯянд, вай дар соли 2013 аз Бруклини Амрико ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафта, то соли 2018 ҷангидааст. Читать дальше...
Кумитаи "Мусоидати шаҳрвандӣ" гузориши ихроҷи муҳоҷирон аз хоки Русияро нашр кард. Ба иттилои ин созмон, соли 2018 додгоҳҳои Русия 130 ҳазор чунин қарор содир кардаанд.