Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Домоди раиси ҷумҳури Узбекистонро ҷарима карданд

Идораи бозрасии давлатии Тошканд домоди раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёевро барои риоят накардани қоидаи ҳаракати роҳ ҷарима кардааст. Отабек Умаров, домоди хурдии раиси ҷумҳури Узбекистон рӯзи 20-уми июл дар саҳифааш дар Инстаграм дар ин бора хабар дод. Ӯ шавҳари Шаҳноза духтари хурдии Шавкат Мирзиёев аст.


Дар санади пардохти ҷарима дида мешавад, ки ӯ барои ҳаракат бо суръати баланд 1 824 570 сум  (андаке бештар аз 200 доллар) ҷарима пардохтааст. Отабек Умаровро баъд аз он ҷарима карданд, ки рӯзи 19-уми июл дар саҳифааш дар Инстаграм видеои ҳаракаташ дар яке аз кӯчаҳои марказии Тошкандро нашр кард.


Дар видео дида мешавад, ки ӯ дар мошини «Тесла» бо суръати тақрибан 200 километр соат ҳаракат мекунад. Бисёре аз корбарон барои чунин рафтор домоди раиси ҷумҳурро танқид кардаанд. Худи Отабек Умаров дар саҳифааш навиштааст, ки «Ҳамаи ҷаримаро пардохтам. Қонун барои ҳама як аст.»  Хабари ҷарима шудани домоди Шавкат Мирзиёевро матбуоти дохилии Узбекистон нашр накардааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus