Мақомоти интизомии Русия тақрибан 260 тазоҳургарро дастгир карданд, ки мехостанд, дар раҳпаймоии беиҷоза дар шаҳри Маскав ширкат варзанд. Дар ин бора ОВД инфо як созмони ғайриҳукуматие хабар дод, ки доир ба боздоштшудагон дар раҳпаймоиҳо дар Русия иттилоъ ҷамъ меорад. Эътирози мардум аз қарори мақомоти Русия аст, ки ба чанде аз намояндагони мухолифини давлат иҷоза надоданд, дар интихоботи Мосгордума, ё маҷлиси шаҳри Маскав ширкат кунанд. Интихобот моҳи сентябри имсол баргузор мешавад.
Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки номзадҳои мухолифин барои сабти ном дар интихобот ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оварда натавонистаанд. Ба гуфтаи мухолифон, ин як баҳонае барои роҳ надодани мухолифон ба маҷлиси шаҳрӣ аст. Пеш аз оғози раҳпаймоӣ мақомоти пулиси Маскав 10 нафар аз ҷумла номзадҳо ба вакилӣ Иван Жданов, Иля Яшин ва Дмитрий Гудковро дастгир карданд.
Иван Кулнёв, яке аз довталабоне, ки сабти ном нашуд, рӯзи 27-уми июл ба хабарнигори Настояшее Время гуфт: "Дигар набояд чунин зиндагӣ кард. Агар онҳо ҳоло ба мо иҷоза намедиҳанд, фарзандони мо чӣ гуна зиндагӣ хоҳанд кард. Соли 1905 аҷдодони мо берун омаданд ва ба ҳаққи худ барои гирдиҳамоии осоишта расиданд. Чаро мо наметавонем дар шаҳри худ рӯзи истироҳат берун биёем. Ин чӣ бедодгарӣ аст."
Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлати Русия мардумро ба тазоҳурот даъват карда ва гуфта буд, то замоне номзадҳоро ба интихобот роҳ надиҳанд, онҳо тазоҳуротро бас намекунанд. Худи ӯро рӯзи 24-уми июл барои даъват ба раҳпаймоии ғайриқонунӣ ба 30 рӯзи зиндон маҳкум карданд.