Фармондеҳи пулиси Руминияро барои саҳлангорӣ дар қазияи таҷовузи ҷинсии як духтари 15-сола дар шаҳри Каракал аз мақомаш барканор карданд.
Никола Мога, вазири умури дохилии Руминия рӯзи 26-уми июл гуфт, Иоан Буда ва ду афсари баландпояи дигарро барои кори сусти пулис дар пайдо кардани духтар аз кор ронданд. Иоан Буда аз моҳи июни соли 2018 фармондеҳи пулиси Руминия буд. Ба гуфтаи маркази қабули муроҷиатҳо, духтараки 15-сола се дафъа ба онҳо се дафъа муроҷиат кардааст, вале маъмурони пулис фақат баъди 19 соат ӯро пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи мақомот, як таъмиргари 65-солаи мошин духтарро, ки мехост, ӯро аз рустое ба шаҳр расонад, рабуда ва таҷовуз кардааст. Баъди гузориши матбуоти Руминия дар бораи ҳодиса, садҳо нафар шоми 26-уми июл дар назди хонаи муттаҳам ба ҷиноят ҷамъ омада, эътироз карданд.