Баъзе аз занони ҷангҷӯёни тоҷик ба сабаби "дуздида шудани фарзандонашон" дар урдугоҳҳои Сурия мондаанд. Вагарна, ба гуфтаи сафир Зубайдулло Зубайдзода, қарор буд ҳамроҳи 47 нафар рӯзи 25-уми апрел ба Душанбе баргарданд.
Зиёда аз 300 нафар бо мошину автобус аз Тоҷикистон ба Қазоқистон расида, аммо ду рӯз боз наметавонанд вориди хоки Русия шаванд. Марзбонони рус дар як рӯз танҳо ба 5-6 мошин иҷозаи гузаштан медиҳанд. Достони муҳоҷиронро дар навор бинед.
Тимур Иванов, муовини вазири мудофиаи Русия, рӯзи 24-уми апрел бо иттиҳоми ришваситонӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ҳамроҳи ӯ чанд тани дигар дастгир шудаанд. Муовини вазири мудофиаи Русия айбномаро қабул надорад.
Як мавзеи таърихӣ дар шаҳри Панҷакент, ки дар ҳоли вайрон шудан буд, бо ёрии сафорати Амрико дар Тоҷикистон бозсозӣ шуд. Ин ёдгорӣ таърихи қариб дуҳазорсола доштааст.
Мақомоти Эрон намоиш сериали мисрии "Ҳашшошиён"-ро, ки ба ҳаёти Ҳасан Сабоҳ -сарлашкари "Аламут", бахшида шудааст, манъ карданд.
Муштзани сангинвазни тоҷик Давлат Болтаев дар мусобиқаи «Шаби қаҳрамонҳои IBA Asian», ки дар шаҳри Алмато доир гардид, ба Сагиндик Тогамбайи қазоқ пирӯз шуд.
Кореяи Шимолӣ роҳеро, ки ин кишварро бо Кореяи Ҷанубӣ мепайвандад, минагузорӣ кардааст.
Як мавзеи таърихӣ дар шаҳри Панҷакент, ки дар ҳоли вайрон шудан буд, бо ёрии сафорати Амрико дар Тоҷикистон бозсозӣ шуд. Ин ёдгорӣ таърихи қариб дуҳазорсола доштааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ибрози "нигаронии ҷиддӣ" аз "муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон" ба сафири ин кишвар дар Душанбе нота (ёддошти эътирозӣ) супоридааст. Семён Григоревро рӯзи 29-уми апрел эҳзор карданд.
Умедҷон Раҳмон, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, додситони шаҳри Ҳисор таъйин шудааст. Аз миёнаҳои соли 2022 то ин дам дар ин мақом Баҳодур Ҳамид кор мекард.
Корхонаҳои мошинсозии "Volkswagen" ва "Volvo" дар Словакия шаҳрвандони Узбекистонро ба кор даъват мекунанд.
Таваҷҷӯҳи бисёре аз сокинони Қазоқистон ва берун аз он як моҳ боз ба муҳокимае равона шудааст, ки дар Додгоҳи шаҳри Остона ҷараён дорад.
Дар Қазоқистон як моҳ боз муҳокимаи парвандаи қатли бераҳмонаи Салтанат Нукенова идома дорад. Дар курсии айбдорӣ вазири пешини иқтисоди Қазоқистон нишастааст. Ин қазияро, ки баҳси хушунат ва озору азияти занонро доғ кардааст, дар Тоҷикистон ҳам бисёриҳо пайгирӣ доранд.
12 донишгоҳе, ки масъули гирифтани имтиҳон аз хориҷиҳо буданд, қарордодҳоро бо шарикони тиҷориашон бекор карданд. Дар ин бора Вазорати маорифи Русия хабар дод.
Қазоқистон баргузории "Бозиҳои оянда"-ро, ки мебоист як сол баъд баргузор шаванд, ба соли 2026 гузоштааст. Чунин тасмимро барои сарфаи пул рӯи даст гирифтанд.
Гирдиҳамоии мухолифони қонун дар бораи "агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Тбилиси (Тифлис) баргузор шуд. Норозиён аз майдони Ҷумҳурӣ то бинои порлумон роҳпаймоӣ карданд.
Бархе кишварҳо дастрасӣ ба шабакаи TikTok-ро манъ карданд ва бархеи дигар қасд доранд онро маҳдуд кунанд. Ҷонибдорони маҳдудсозӣ мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии онҳо хатар дорад. Дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони TikTok кам нестанд. Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки назарашон ба ин шабака чист?
Тими мунтахаби духтарони то 18-солаи Эрон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024, ки аз 21-ум то 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, ғолиб шуд.
Шоми 28-уми апрел овоздиҳӣ дар интихоботи миёндавраии порлумонӣ дар Қирғизистон ба охир расид.