Пулиси Қазоқистон рӯзи шанбе хабар дод, ки як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ва афроди бе шаҳрвандӣ ба ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона боздошт кардааст.
Тоҷикистон ба минтақаи аз обхезӣ зарардидаи Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад.
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозии дувуми санҷишӣ дар Тайланд тими миллии Чинро бо ҳисоби бузурги 9:2 шикаст дод.
ИМА ва Британия фурӯши алюминий, мис ва никели тавлиди русияро дар биржа ё бозорҳои Чикаго ва Лондон манъ карданд. Дар ин бора Вазорати молияи ИМА ва ҳукумати Бритониё хабар додааст.
Дар шаҳри Душанбе ҷасади ҷавонеро ба хок супориданд, ки аз ошёнаи панҷуми як бинои истиқоматӣ сарозер шудааст.
Як ниҳоди байналмилалии молӣ пешбинӣ кардааст, ки ба сабаби кам шудани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар ду соли наздик, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон суст мешавад.
Эҳтимол дорад Эрон ба зудӣ ба Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом диҳад. Шабакаи хабарии CBS бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Амрико гузориш додааст, ки ҳамла бо истифода аз 100 бесарнишину даҳҳо мушак сурат хоҳад гирифт.
Аз нопадид шудани Суҳроб Зафар раиси созмони "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов узви ин созмон дар Туркия беш аз як моҳ мегузарад, вале на ҷониби Туркия ва на мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти онҳо расман чизе намегӯянд.
Дар замоне, ки яничарҳои тоҷик хилофати султонҳои Усмониро ба истилоҳ ҳимоят мекунанд, ҳукумати Туркияи муосир тасмим гирифтаст, нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон эҳтимол шадидтарин низоми раводид барои сафар ба ин кишварро ҷорӣ кунад.
Дар шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" бо се муҳоҷири тоҷик ҳамсуҳбат шудаем, ки бо амри тақдир дар сериалҳои туркӣ нақшҳои хурд офаридаанд. Онҳо дар бораи кору зиндагӣ дар Туркия қисса мекунанд.