Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳукуматаш солҳои охир ба саркӯби дигарандешон ва нақзи озодиҳои мардум танқид мешавад, кишвари аврупоии Италияро "шарики муҳим" номид.
Мақомоти Тоҷикистон чанде пеш ба нерӯгоҳи барқи обии "Норак" блогеронро бурда, нишон дода буданд, ки сатҳи об поин шудааст ва сабаби камбуди нерӯи барқ маҳз ҳамин аст. Рӯзи 22-юми апрел ба онҷо вазири корҳои хориҷии Бритониё Дэвид Кэмеронро бурданд. Барои чӣ? Дар навор бинед.
Муҳоҷирони тоҷик барои кумак ба мардуми осебдидаи Қазоқистон дасту остин бар задаанд. Онҳо соҳилҳоро мустаҳкам мекунанд ва сад(д) месозанд, то аз обхезӣ ва зарари он ба хонаҳои мардум пешгирӣ шавад.
Дар Қазоқистон, ки мардуми зиёде дар он ба сабаби обхезӣ бехонаву саргардон шудаанд, гуруҳе аз тоҷикони муқими инҷову муҳоҷирон ба кумаки мардуми осебдида мешитобанд. Ин муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ нишон доданд, ки аз чӣ роҳе ба мардуми муҳтоҷи дастгирӣ дар ин рӯзҳои сахт дасти ёрӣ дароз кардаанд.
Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи наворе сар кардааст, ки дар он хонандагони як мактаб ҳамдарси тоҷики худро мезананд. Навор дар яке аз мактабҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия сабт шудааст.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ба ин суол посух надорад, ки чаро Арманистон дар ҳайати Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) мемонад.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 22-юми апрел муҳлати ҳабси муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро ду моҳи дигар дароз кардааст.
Додгоҳи низомии шаҳри Остона ҳукми чаҳор маъмури пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро, ки дар шиканҷаи 13 боздоштшуда гумонбар буданд, содир кард.
Мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостаанд, ҷаҳонгардони хориҷиву дохилиро ба як гӯшаи зебои кишвар набаранд, зеро хатари сирояти як бемории хатарнок дар онҷо зиёд аст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар мавриди танзими иҷозатномаи кори хабарнигорони ин радио ба созиш расиданд.
Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Бритониё, гуфт, Қирғизистон бояд ҳаққи интихоби шарикони худро дошта бошад.
Дар вилояти Суғд кишти баъзе аз зироатҳоро дар заминҳои ба истилоҳ президентӣ ва обӣ манъ карданианд.
Пайвандони Маҳмадкарими Эмомалӣ хоҳони ёфтан ва ҷазо додани сабабгорони марги ӯ ҳастанд.
Додгоҳи ҳавзаи дувуми низомии ғарбии Русия сухангӯи ширкати "Meta" Энди Стоунро дар ғайбаш ба 6 сол зиндон маҳкум кард.
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) бо вуҷуди он ки дар бозии сеюмаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар тими Тайландро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, натавонист ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кунад. Бинобар ин, сармураббии даста Мубин Эргашев аз вазифааш истеъфо додааст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ширкатҳои мухобиротӣ дубора дар пайи боло бурдани нархи тарофаҳои хизматрасонӣ ҳастанд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд бо тими миллии Афғонистон бозӣ хоҳад кард.
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ расман дархост кардааст, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” маблағгузорӣ кунад. Ин нукта зимни вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон садо додааст.
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон як вакили дифоъро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, шабонарӯзи ахир дар дарёҳои кишвар панҷ кӯдак ва наврас ғарқ шудаанд.