Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабари боздошти як шаҳрванди кишвар дар Италия вокуниш кард. Дафтари матбуоти ВКД бегоҳи 9-уми апрел бо пахши иттилоияе гуфт, Илҳом Сайраҳмонзода бо дархости Тоҷикистон дар шаҳри Рум дастгир шудааст.
Аз 20 апрел шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани раводид (виза)-и Туркия бояд ба намояндагиҳои ин кишвар муроҷиат кунанд, ҳуҷҷату пул супоранд, мунтазир монанд. Дар он сурат ҳам маълум нахоҳад буд, ки иҷозаи вуруд ба ин кишварро мегиранд ё на. Як соҳибкори тоҷик ин ҳолатро мояи нигаронӣ донист.
Маҳрум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз имтиёзи сафари бевиза ба Туркия ва нигаронии коршинсон. Якбора ҷорӣ шудани раводид мавзӯи доғи расонаҳо ва фазои маҷозии Тоҷикистон дар ду рӯзи охир аст.
Ба далели ҳолати номуайне, ки дар пайи сохтани канал дар шимоли Афғонистон сар задааст, рехтани об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарониҳоро ба бор овардааст. Дар ин бора сомонаи Eurasianet хабар дод.
Дар Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми апрел иди Рамазон фаро мерасад, як дастур дар бораи пешгирӣ аз идгардаки кӯдакон баҳси зиёдеро барангехт. Мақомот гуфтаанд, ид гоҳе бинобар бе назорат мондани кӯдакон ба мотам табдил мешавад, иддае мегӯянд, на.
Як дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи манъи идгардаки кӯдакон баҳси доғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Ин ниҳод дар номаи расмӣ омӯзгорони мактабҳоро вазифадор кардааст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани идгардак чора ҷӯянд. Танбеҳи волидон яке аз чораҳо номбар шудааст.
Русия аз Қазоқистон хостааст, дар ҳаҷми 100 ҳазор тона бензин захира ва дар сурати зарурат онро ба Русия фиристад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба се манбаи худ иттилоъ додааст.
Марҳилаи навбатии мубориза бо малах дар Тоҷикистон шуруъ шудааст. Дафтари матбуоти барномаи ғизои СММ дар ин бора рӯзи 8-уми апрел хабар дод.
Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос"* пешниҳоди Исроилро дар бораи оташбас напазируфтааст. Дар ин бора шоми рӯзи душанбе хабаргузории Reuters иттилоъ дод.
Президенти Тоҷикистон дар паёми табрикиаш ба муносибати Иди Рамазон бори дигар мардумро ба сарфакорӣ даъват кард.
Баъзе аз расонаҳои Италия, аз ҷумла хабаргузории "ANSA", аз шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар ин кишвари аврупоӣ Илҳом Сайраҳмонзодаи 32-сола ном бурдаанд.
Дар яке аз мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон саршумори як ҷонвари зебову нодир зиёд шудааст. Саршумори оҳуи бухороӣ, ки онро аз дигар ҷой оварданд, то дар мамнуъгоҳи Сари Хосор дар Балҷувон аз нав парвариш ва зиёд кунанд.
Дар арафаи иди Рамазон дар маркази вилояти Суғд тоҷирону деҳқонон бо ҳидояти мақомоти маҳаллӣ маҳсулотҳоро бо нархи чанд дарсад поёнтар аз бозор ба фурӯш бароварданд.
Дар Русия тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки вуруди баъзе аз муҳоҷиронро якумрӣ ба ин кишвар манъ мекунад. Нашрияи “Известия” менависад, лоиҳаи қонунро Ҳизби либерал демократӣ омода кардааст.
Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон алайҳи раиси Идораи замини шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми қаллобӣ парванди ҷиноӣ боз кардааст.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар бо бошгоҳи маҳаллӣ бозии санҷишӣ анҷом дод.
Идораи мусалмонони Қирғизистон хабар додааст, ки намози Иди Фитр танҳо дар масҷидҳои ин кишвар баргузор мешавад.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 8 апрел бахшида ба Иди фитр фармони афви маҳбусонеро имзо кард, ки "аз кардаи худ сидқан пушаймон шудаанд".