Аз фоҷеаи Чернобил имрӯз, 26-уми апрел 38 сол пур шуд. Мисли дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз Тоҷикистон низ ҳазорҳо нафар дар бартарафсозии паёмадҳои ин садама ширкат карда, то ҳол ҷабри онро мекашанд.
Расонаҳои Русия аз боздошти боз як зодаи Тоҷикистон дар пайванд бо ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити" хабар додаанд.
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА бо президенти Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, сафири Русияро ба суҳбат даъват кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел дар Ватикан бо попи Рум, Франсиск мулоқот кардааст.
Пентагон рӯзи 25 апрел гуфт, нирӯҳои амрикоӣ дар соҳилҳои Ғазза сохтмони як истгоҳеро шурӯъ карданд, ки тавассути он ба дохили ин анклав кӯмакҳои башарӣ интиқол дода хоҳанд шуд.
Дар Маскав дар синни 83-солагӣ собиқ раиси шаҳри Душанбе Юрий Поносов даргузашт.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯзҳо ҳангоми парвоз ба Туркия камодамтар аст, ҳарчанд як ҳафта пеш ин хатсайр аз масирҳои сермуштарӣ ба ҳисоб мерафт.
Пас аз ҷорӣ шудани низоми раводид ё виза аз ҷониби Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон сафар ба ин кишвар аз фурудгоҳи Душанбе коҳиш ёфтааст. Туркия аввали моҳ эълон кард, ки аз 21-уми апрел шаҳрвандони Тоҷикистон дигар бе виза ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоранд.
Дар шаҳри Тошканди Узбекистон мардеро барои таҳқири занон дар чорабинии Atlas Party 15 рӯз ҳабс карданд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, "мақомоти ин кишвар барои таъмини оромӣ ва амнияти мардуми худ чора хоҳад андешид".
Дар шаҳри Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2024” баргузор мешавад. Ин мусобиқа рӯзҳои 3-5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.
Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаровро, ки дар хиёнат ба давлат айбдор мешуд, шаби 25 апрел озод карданд.
Кумитаи тафтишотии Русия зидди 14 сокини шаҳри Балашихаи вилояти Маскав, аз ҷумла чаҳор корманди пулис бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ тафтишот шуруъ шудааст.
Узбекистон ба Афғонистон 48 тонна орд, 48 тонна гандум, 15 ҳазор литр равғани растанӣ, 24 тонна шакар ва 22 тонна макарон фиристодааст.