Дар даргирии миёни ҷангҷӯёни гурӯҳи “Ҷайш-ул-Адл” ва нерӯҳои амниятии Эрон аз ду тараф ба камияш 29 кас кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 4-уми апрел дар минтақаҳои Раск, Сарбоз ва Чобаҳори вилояти Сиистону Балучистон иттифоқ уфтод.
Нерӯҳои ОМОН-и Русия рӯзи 3-юми апрел ба хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик ҳамла карда, дару тирезаи онҷоро шикаставу беш аз 60 нафарро барои тафтиши сандаҳо бо худ бурдаанд.
Тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи FIFA, ки 4-уми апрел дар сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол нашр шудааст, бо 1216,76 имтиёз мавқеашро дар ҷойгоҳи 99-ум нигоҳ дошт.
Садҳо муҳоҷир аз 70 минтақаи Русия ронда шуда, нисбат ба қариб чоруним ҳазор нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ ва маъмурӣ боз гаштааст. Дар ин бора расонаи русии "Агентство" хабар дод. Як қисми ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудаанд ва ҳаққи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт.
Табаҳкории ОМОН дар хобгоҳи муҳоҷирон дар Маскав; тафтиши телефонҳои муҳоҷирон ҳангоми вуруд ба Русия; нороҳатии тоҷикони ихроҷшуда аз "муомилаи бад"-и мақомдорони Русия ва тоҷике бо кумаки Радиои Озодӣ падарашро пайдо кард.
Садҳо муҳоҷир аз 70 минтақаи Русия ронда шуда, нисбат ба қариб чоруним ҳазор нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ ва маъмурӣ боз гаштааст. Дар ин бора расонаи русии "Агентство" хабар дод. Як қисми ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудаанд ва ҳаққи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт.
Боздошту тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия пас аз ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии “Крокус” сахттар шудааст. Аз гӯшаву канори Русия хабар мерасад, ки муҳоҷиронро даста-даста боздошт ва бархеро ҷарима ва бархеро ихроҷ мекунанд.
Ҷамшед Деҳқонбоеви 38-сола баъд аз се даҳаи фироқ ва пас аз гузориши Радиои Озодӣ падарашро дар Узбекистон ёфт. Мегӯяд, падараш ӯро ҳангоми кӯдакӣ гузоштаву рафта буд. Модараш барвақт аз беморӣ даргузаштааст. Падари Ҷамшед ҳам мавқеашро гуфтааст, дар видео бинед.
Маъмурони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия се зодаи Осиёи Марказиро ба гумони кумак ба ҳамлаварони "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дастгир кардаанд.
Ширкати ҳавопаймоии қазоқистонӣ Qazaq Air хабар дод, ки аз 5-уми апрел барои муҳлати номуайяне парвозҳояшро аз Оқтеппа ба Қазони Русия бас мекунад.
"Бародарон, эҳтиёт кунед, бо либоси ғайринизомӣ амалиёт мегузаронанд. Патент дорӣ ё надорӣ, ихроҷ мекунанд." Ин паёми муҳоҷири тоҷик аз як шуъбаи пулиси Русия аст. Ба далели амниятӣ ному насаби ӯ ва ҷойи нигаҳдорияш зикр намешавад.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки барои анҷом додани марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2024 ба Қатар расид, 3-юми апрел аввалин тамринашро дар шаҳри Доҳа баргузор кард.
Мақомоти Русия боз як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Далерҷон Очилов дар Боздоштгоҳи муваққатист.
Имсол Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел таҷлил хоҳад шуд.
Парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Маскав-Бохтар то 7-уми апрели имсол бекор шудааст. То охири моҳи март ҳар рӯз аз фурудгоҳи Бохтар ба Маскав як ҳавопаймо мепарид. Парвозҳоро дар ин масир ширкати русии “Северний ветер” анҷом медод.
Мушовирони амнияти миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 3-юми апрел дар Остона, пойтахти Қазоқистон, мулоқот карданд. Ин нишасти нахустини ҳайатҳои баландпояи кишварҳои узв пас аз ҳодисаи хунини "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав аст.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси порлумони Туркманистон ва собиқ раиси ҷумҳури ин кишвар субҳи 4-уми апрел вориди шаҳри Душанбе шуд.
Шаш қазоқистонӣ имсол ба рӯйхати нави шахсони сарватмандтарини дунё, ки ҳамасола аз сӯи маҷаллаи амрикоии "Forbes" таҳия мешавад, шомил шудаанд.
Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон 8 шаҳрванди Узбекистон ҷон бохтааст.