Мақомоти Исроил розӣ шудаанд, ки пеш аз оғози ҳамла ба Рафаҳ, дар сарҳади Ғазза бо Миср, фикру нигаронии Амрикоро бишнаванд. Дар ин бора Ҷон Кирбӣ, сухангӯйи амнияти миллии Кохи Сафед, рӯзи 28-уми апрел хабар дод.
Баҳси тоза набудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон борҳо расонаӣ шудааст. Сокинон бо гузоштани аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб мекунад, ки партовҳоро сари вақт бардоранд. Дар аввали сол шаҳрдори нави Бохтар дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки як вазифаи ӯ тоза нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр аст. Бо иваз шудани раис ин шаҳр оё Бохтар тоза шудааст?
Дар Душанбе наққошиҳои 50 бонуи тоҷикро дар намоишгоҳе ба тамошо гузоштанд. Мавзӯи зан ва ҷойгоҳи ӯ дар оилаву ҷомеа меҳвари эҷодиёти бисёре аз онҳо аст. Вале онгуна, ки мунтақидон мегӯянд, симои зан дар наққошӣ бештар бо фазои хонаву русто маҳдуд мешавад ва паёмҳои иҷтимоие надорад.
Мансаби нави баъзе аз "қаҳрамон"-ҳои пойгоҳи "Диссернет" дар Тоҷикистон ин суолро пеш овардааст, ки чаро бар хилофи тасаввури ҷомеа онҳо ҳамоно мақомҳои баландтар мегиранд? Дар ҳоле ки дар кишварҳои дигар пас аз ифшои мавридҳои асардуздӣ ё худи ин чеҳраҳо истеъфо медиҳанд ва ё онҳоро меронанд.
Тими миллии футзали Эрон, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби Тайландро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, бори сездаҳум ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Ин бозӣ 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena-и шаҳри Бангкок доир гардид.
Артиши Эрон рӯзи 28-уми апрел як ҳавопаймои нави бесарнишинро муаррифӣ кард.
Пулиси Амрико рӯзи 27-уми апрел, ҳангоми вайрон кардани хаймаҳои эътирозгарони зидди ҷанг дар Навори Ғазза, ҳудуди 200 нафарро дар се донишгоҳи Амрико боздошт кардааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао кардааст, ки дар ҳамлае дар шаҳри Кобул се нерӯи "Толибон"-ро куштааст.
Як мансабдори Арабистони Саудӣ хоҳони субот дар минтақаи Ховари Миёна шуд.
Порлумони Ироқ рӯзи 27-уми апрел бо қабули қонун робитаи ҳамҷинсгароёнро ҷиноят донист ва барои ин кор аз 10 то 15 сол зиндон таъйин кард.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд дар бозӣ барои ҷойи сеюм аз тими миллии Узбекистон аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд (замони асосӣ – 5:5) ва аз медалҳои биринҷии мусобиқа маҳрум шуд. Ин бозӣ 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир гардид.
Шӯришиёни ҳусии Яман иддао кардаанд, ки як ҳавопаймои бесарнишини MQ-9-и нерӯҳои ҳавоии Амрикоро сарнагун карданд.
Беш аз 950 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи "Внуково"-и шаҳри Маскав банд мондаанд. Ин омор расмист ва то шоми 27-уми апрел ҳисоб шудааст.
Дар бахши навбатии “Ганҷи шойгон” ҳолу ҳавоеро хоҳед ҳис ва дарк кард, ки таърихнигорон онро бозгашт ба фарзу суннатҳои динӣ меноманд.
Аъзои оилаи як марзбони пешин дар Душанбе шикоят доранд, ки мақомот “беасос” онҳоро аз манзили хидматӣ берун мекунанд. Қарори Додгоҳ содир шудааст. Мақомот тасмими худро дурусту қонунӣ медонанд. Чӣ гуна?
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024, ки 28-уми апрел дар Тайланд ба поён мерасад, дар бозӣ барои ҷойи сеюм ва дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа бо тими миллии Узбекистон рақобат мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи Bangkok Arena соати 13:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Яке аз раҳбарони "Толибон" иддао кардааст, ки ҳадди ақал се кишвари ҳамсояи Афғонистон заминаро барои фаъолияти ДОИШ дар минтақа фароҳам кардаанд. Ба қавли баъзе аз таҳлилгарон, манзури Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии “Толибон”, зоҳиран Покистон, Эрон ва Тоҷикистон аст.