Киев -- пойтахти Украина дар чанд соати ахир ҳадафи ҳамлаҳои мушакии артиши Русия қарор гирифт. Сокинони ин шаҳр наворҳои зиёде аз ҳамлаҳои шабонаи нерӯҳои рус ва фуруд омадани оташ аз осмон нашр кардаанд.
Бонки марказии Қазоқистон дар нимрӯз барои дастгирии қурби пули миллӣ 104 миллион доллар сарф кардааст. Ба огаҳии бонк, қурби доллари амрикоӣ дар давоми як рӯз дар Қазоқистон ба 465,9 танга расидааст. Дар ҳоле ки субҳи 24 феврал он 437 тангаи қазоқӣ буд. Бонки миллии Қирғизистон низ вазъи асъори хориҷӣ ва пули миллиро шарҳ додааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи ҳаводиси Украина ва таҳримҳои Амрикову Аврупо бар зидди Русия қурби доллар дар баробари пули миллии он кишвар боло рафтааст. Бонкҳои Қирғизистон... Читать дальше...
Сафорати Узбекистон дар шаҳри Киев нақшаи берун баровардани шаҳрвандони худ аз Украинаро ба далели эълом шудани вазъи ҷангӣ таҳия мекунад. Намояндагони сафорат хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир масири бурунрафт ва маҳалли парвозро бо назардошти баста будани ҳарими ҳавоии Украина баррасӣ доранд. Сафорат аз ҳамаи узбекистониҳое, ки мехоҳанд Украинаро тарк кунанд, хостааст, то нусхаи шиносномаи худро тариқи почтаи электронӣ ба ин ниҳод фиристанд. Сафири Қазоқистон дар Киев Дархан Калетаев ҳам гуфт... Читать дальше...
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо имзои як фармон забҳи чорворо дар маросимҳои дафн манъ кард. Ӯ дар саҳфаи "Фейсбук"-аш навишт, ки "забҳи чорво дар маросими дафн барои ҳамаи шаҳрвандони Қирғизистон, сарфи назар аз он ки имконият доранд, ё не, манъ карда шуд". Ба гуфтаи Ҷабборов, вақтҳои ахир маросимҳои дафн дар Қирғизистон ба зиёфатдиҳӣ табдил ёфта буданд. "Хонаводаҳои камбизоат бо шахсони сарватманд рақобат карда, ягона говашонро дар маросими дафни азизонашон забҳ мекунанд", - афзудааст президенти Қирғизистон. Читать дальше...
Президенти Амрико 24-уми феврал гуфт, алайҳи Русия барои ҳамла ба Украина таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Ҷо Байден ҳамлаи Русияро ба Украина "нақзи фоҳиши қонунҳои байнулмилалӣ" хонд. Ин ҳамла субҳи 24-уми феврал оғоз шуд.
Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо тавофуқ карданд, ки дар посух ба ҳамлаи, ба гуфтаи онҳо, "ваҳшиёна"-и Владимир Путин ба Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд. Ин таҳримҳо, ба қавли онҳо, "пайомадҳои густарда ва сангин" хоҳад дошт.