Манобеи Радиои Озодӣ дар Хоруғ хабар доданд, ки мақомот барои таслим шудани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи шинохта дар минтақа ва шаш сокини дигари ВМКБ як ҳафта муҳлат додааст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, гуфт, ки ба КОВИД-19 сироят ёфтааст, вале нишонаҳои ҷиддии ин бемориро дар худ ҳис намекунад. Ӯ гуфтааст, пас аз нишонаҳои сабук ӯ ва занаш аз озмоиш гузаштанд ва собит шуд, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд. Эрдуғон рӯзи 5-уми феврал дар саҳифаи Твитери худ навишт, ки дар хона дар карантин қарор дорад. Дар Туркия гирифториӣ ба КОВИД-19 афзоиш ёфтааст. Рӯзи 4-уми феврал Вазорати тандурустии ин кишвар аз сабти беш аз 111 ҳазор гирифторони КОВИД-19 хабар дод.
Русия 70 дар сади бахши аслии неруи низомии худро ба марзи Украина бурдааст. Дар ин бора оҷонсии “Рейтерз” ва нашрияи “Вашингтон пост” бо такя ба мақомоти амрикоӣ хабар додаанд. Ба қавли мусоҳибони расонаҳо дар Хадамоти истихборотии Амрико, шумораи баталионҳои тактикии Русия дар марз бо Украина ба 83 расидааст, дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта ин шумора ба 60 баробар буд. Ҳамзамон 14 гурӯҳи дигар дар роҳ қарор доштаанд. Маълум нест, ки дар ин қатор шумораи низомиёни рус дар Белорус ҳисоб шудаанд ё на. Читать дальше...
Беш аз сад ҳазор нафар дар як дархости интернетӣ барои озодии ду бародари ҳамҷинсгаро аз Чеченистон имзо гузоштаанд. Дар маъракаи ҷамъоварии имзо аз мақомоти ИМА хостаанд, ки бо роҳи дипломатӣ фишор орад, то аз Боздоштгоҳи муваққатии Грозний Солеҳ Муҳаммадови 20-сола ва Исмоил Исоеви 18-соларо раҳо кунанд. Муҳаммадов ва Исоев, ду бародаранд, ки яке ҳамҷинсгарост ва дигаре зоҳиран ҷинсашро иваз карданист. Онҳоро аз шаҳри Нижний Новгород рабуданд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар Чеченистон шиканҷа шудаанд. Читать дальше...
Дар бозори мардикорон дар шаҳри Бохтар корфармоён кам буда, ташвиши ин мардуми бекор бештар шудааст.
Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “дӯсти оҳанин” хондааст. Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои зимистонаи Олимпӣ ба Чин сафар кардаааст. Расонаи чинии “Чайна.орг” навиштааст, ки Сӣ Ҷинпин ба идомаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ҳамеша омодаи кумак барои ҳифзи истиқлол ва амният дар ин кишвари ҳамсоя аст. Ду ҷониб нақшаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишварро имзо кардаанд. Сӣ Ҷинпин гуфтааст, ки барои рушди босуръати Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Читать дальше...
Ермек Наримбой, блогер ва фаъоли сиёсӣ, ки соли 2016 Қазоқистонро тарк карда буд, ҳангоми бозгашт, рӯзи 6-уми феврал, дар фурудгоҳи шаҳри Алмато боздошт шуд. Охири моҳи январ Наримбой дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки ба ватан бармегардад, чун ба "гуфтугӯи ҳукумат ва ҷомеа бовар дорад". Дар пахши мустақим аз Киев, қабл аз парвоз, ӯ гуфт, ки эҳтимол боздошт шавад. Ин блогери 51-сола гуфт, ки боздошти ӯ ба ҳукумати Қазоқистон обрӯ намеорад. Ӯро соли 2015 барои барангехтани адовати миллӣ ба се соли зиндон маҳкум карда буданд. Читать дальше...
Бо вуҷуди норозигиҳо, нишасти хабарии 13 мансабдори баландпояи тоҷик дар як рӯз, 2-юми феврал, баргузор шуд. Иддае журналистони тоҷикро ба "человек паук" монанд карданд, ки бояд ба ҳама чиз ва дар вақташ бирасанд, аммо нашуд. Он рӯз чӣ гузашт? Дар видео бинед
Бо вуҷуди норозигиҳо, нишасти хабарии 13 мансабдори баландпояи тоҷик дар як рӯз, 2-юми феврал, баргузор шуд. Иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ журналистони тоҷикро ба "человек паук" монанд карданд, ки бояд ба ҳама чиз ва дар вақташ бирасанд, аммо нашуд.