Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа, ба изҳороти як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вокуниш кард.
Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, маъмурони маҳбас нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, “ягон амали ғайриқонунӣ раво надидаанд”.
Бонки Миллии Тоҷикистон омода нест, ки амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё крипто-асъор танзим кунад. Дар ин бора Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврал иттилоъ дод.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, барои кору таҳсил ба Қирғизистон нараванд. Сарҳади Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст, аммо Девони вазирони он кишвар моҳи октябри 2021 ба таври истисноӣ ба сафари донишҷӯёни тоҷик иҷозат дода буд.
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2021 шаш нафарро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ин рақам дар муқоиса ба як сол пеш 3 маврид бештар аст.
Тоҷикистон хоҳони "ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон" дар Афғонистон аст. Толибон, ки моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, "аморати исломӣ"-и худро ҳамашумул медонад ва борҳо аз Душанбе хостааст, ба кораш дахолат накунад.
Таъсири ҷанг ба рӯҳияи сокинони деҳоти марзии Исфара. Гузориши Фарзон Муҳаммадӣ.
Жаниш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, аз мақоми худ барканор карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 2-юми феврал фармони раиси ҷумҳурии Қирғизистон нашр шуд, вале сабабаш маълум нест.
Бонки Миллии Тоҷикистон хабар дод, ки пас аз қабули қонун дар бораи афви амволи шаҳрвандон, 600 миллион сомонӣ (бештар аз 53 миллион доллар)-и номашруъ қонунӣ гардонда шудааст.
Додситон мегӯяд, ӯро таҳқир кардаанд.Афсарони БДА исрор меварзанд, ки туҳмат аст.
Таъсири ҷанг ба рӯҳияи сокинони Исфара, парвандаи ҷиноӣ дар нисбати масъулони тирборони деҳоти Исфара, баҳси додситонӣ бо афсарони бозрасии давлатӣ, мавқеи бетағйири Тоҷикистон дар нисбати Толибони афғон ва матолиби дигар.
Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кард, ки нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфузи минтақа, бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар пайванд ба муноқишаи шаби 27-уми январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳо ва баъзе аз сокинони кишвари ҳамсоя парванда кушоданд.
Вазир мегӯяд, мавқеи Тоҷикистон дар муқобили Толибон тағйир наёфтааст.
Ба гуфтаи вазир, соли гузашта 13 ҳазору 714 мавриди талоқ расман сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2020 беш 3 ҳазор зиёдтар аст.
Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, “Иззат Амон то замони эълони ҳукм зарарро пурра пардохт накард” ва бинобар ин дар ҳабс монд.
Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД, рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "соли гузашта 4 амали суиқасди терроризм ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шуд".
Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд рӯзи 8-уми май баргузор хоҳад шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Кормандони телевизиони "Ориёно"-и Афғонистон гуфтанд, нерӯҳои Толибон бо сабабҳои номаълум ду рӯзноманигори ин шабакаи хусусиро дар шаҳри Кобул боздошт кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон пас аз се ҳафта нопадид шудани Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскав, гуфтанд, ки ӯ дар Душанбе ва дар ҳабси пешакӣ аст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Амриддин Аловатшоевро шарҳ дод. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ Амриддин Аловатшоевро ба ташкили эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ дар соли гузашта муттаҳам кард. Раҳимзода афзуд, Амриддин Аловатшоев таҳти пайгард қарор дошт ва ба гуфтаи ӯ "Аловатшоев худаш баргашт ва ӯро боздошт карданд". Аммо наздикони Аловатшоев мегӯянд, ӯ дар Русия аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Читать дальше...
Маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як корманди Хадамоти гумрук ва яке аз моликони фурӯшгоҳи "Ҷило"-ро дар кишвар бо гумони кочоқи беш аз 9 кило тилло дастгир кардаанд.
Тоҷикистон мегӯяд, ки ба "далелҳои амниятӣ" наметавонад марзҳояшро пурра бо Афғонистон боз кунад. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ҳоли ҳозир беш аз 15 ҳазор паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар робита ба мавқеи Тоҷикистон дар баробари Толибон гуфт, ки мавқеи кишвараш дар қиболи ин гурӯҳ тағйир наёфтааст. Аммо ӯ афзуд, ки Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ва кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад. Читать дальше...
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар пайванд ба муноқишаи шаби 27 ба 28-уми январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда кушодаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо сари қудрат омадани Толибон дар кишвари ҳамсоя вазъи воридоту содироти молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеҷ тағйире накардааст.