Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, қарзи кишвар аз Чин 1 миллиарду 39 миллион доллар мебошад ва ин маблағ қариб 34 дарсади қарзи хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин маблағи қарз аз "Эксимбонк"-и Чин мебошад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, феълан ягон созишнома барои гирифтани қарз аз Чин рӯйи миз нест. Аммо Қаҳҳорзода инро истисно накард, ки барои кишвар агар зарур шавад, мумкин боз аз Чин ё кишварҳои дигар қарз дарёфт кунанд. "Мо бо ҳама кишварҳо ҳамкорӣ дорем. Читать дальше...
Мақомоти тоҷик барои бори аввал ба таври расмӣ дар бораи истирдоди Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохташуда дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскав, ибрози назар карданд. Аловатшоев дар нимаҳои моҳи январ дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш гуфтанд, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Аммо мақомот инро рад карда буданд. Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотии худ истирдоди Амриддин Аловатшоевро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки нисбати Аловатшоев ҳанӯз соли... Читать дальше...
Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, дар соли 2021 дар Тоҷикистон 2088 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст, ки 885 ҳолати он ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан сангин дохил мешаванд. Ба иттилои ин оҷонсӣ, соли 2021 дар ҳаҷми 353 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 92 дарсади ин маблағҳо ба буҷаи давлат баргардонида шудааст. Соле аз он пеш ин маблағ 352 миллион сомониро ташкил додааст. Сулаймон Султонзода рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарии худ афзуд... Читать дальше...
Мақомоти додситонии Қирғизистон ба бознашри матлаби "Asia-plus" аз сӯи "Kaktus.media", ки ба баҳсҳои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон рабт дошт, баҳои ҳуқуқӣ медиҳад. "Рӯзи 27-уми январ дар сомонаи "Kaktus.media" дар бораи низои мусаллаҳонаи минтақаи марзӣ матлабе нашр шуд. Дар матлаб дар бораи он, ки неруҳои Қирғизистон аввалин тирро кушодаанд, иттилои носанҷида нашр ва ба ин тартиб Тоҷикистон таҳрик дода шудааст", - хабар додааст додситонӣ. Додситонии ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек бо моддаи "Тарғиби ҷанг... Читать дальше...
Комиссияи Аврупо барномаи калони кӯмаки молӣ дар ҳаҷми 1,2 миллиард евроро барои Украина пешниҳод кард. Як сухангӯи Комиссияи Аврупо рӯзи 1-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Бруссел гуфт, "имруз Комиссияи Аврупо барномаи молии калони нав дар ҳаҷми 1,2 миллиард евроро барои Украина пешниҳод кард. Қабули ҳарчӣ зудтари ин пешниҳод аз сӯи Шӯро ва Порлумони Аврупо, ин имконро фароҳам месозад то фавран аввалин бахши ин кӯмакҳо -- 600 миллион евроро ба Украина пардохт кунад". Сухангӯи Комиссияи Аврупо афзуд... Читать дальше...
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта дар ниҳоду муассисаҳои гуногуни кишвар 282,2 миллион сомонӣ зарарро ошкор кардааст, ки назар ба як соли пеш 30,5 миллион сомонӣ бештар аст. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки аз ин маблағ 274,5 миллион сомонӣ ба будҷа ва корхонаҳо баргардонида шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомоти Палатаи ҳисоб, 108,4 миллион сомонии он ба будҷа баргардонида шуд. Масъулини ин ниҳод аз ҷумла гуфтанд, дар якҷоягӣ бо мақомоти КДАМ, азхудкунии 6,7 миллион сомонӣ маблағи барқро дар ноҳияи Лахш ошкор карданд. Читать дальше...