Дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалӣ вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон “бадтар” ва “ташвишовар” дониста, борҳо мақомотро барои маҳдуд кардани озодиҳои одамон танқид кардаанд, Омбудсмени тоҷик аз беҳбудӣ дар ин бахш хабар дод.
Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, дар амалиёти нерӯҳои вижаи кишвараш дар Сурия Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ, раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ кушта шудааст. Амалиёт шаби 2-юми феврали имсол сурат гирифт.
Хонаҳоеро, ки бо “тарҳи чинӣ” дар маркази шаҳри Хуҷанд бояд сохта мешуданду баъдан иҷро нагардиданд, акнун як ширкати ватанӣ бо тарҳи дигар хоҳад сохт.
Бо эълони оташбас аз шаби 28-уми январ, сокинони ду ноҳияи марзии Исфараву Ботканд мегӯянд, ки умедворанд, дигар садои тирпарониро нашунаванд.
Як банди қонуни Тоҷикистон, ки воридоти равғани нахл (палма)-ро ҳамчун маводи зидди саломатии инсон ба кишвар манъ мекард, то ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат расида, аммо ба манфиати Душанбе анҷомидааст.
Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба гуфт, ба қисматҳои шарқии ин кишвар -- Луганск ва Донетск, ки аз моҳи апрели соли 2014 зери назорати ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия ҳастанд, мақоми вижа нахоҳанд дод.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, гуфт, Маскав дар рӯзҳои охир ҳудуди 30 ҳазор сарбоз ва аслиҳаи муосирро ба Беларус фиристодааст. Ба қавли ӯ, пас аз поёни Ҷанги Сард, ин бузургтарин ҷобаҷокунии нерӯҳои Русия дар кишвари ҳамсояаш аст.
Гулзод Кобенова, як масъули Вазорати маорифи Қазоқистон, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки нақша доранд, давоми солҳои оянда бахши 5 донишгоҳи Русияро дар ин кишвар боз кунанд.
Оё воқеан дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар беҳбуд ёфтааст?.
Арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар нишасти матбуотии "омбудсмен" ё худ ваколатдори ҳуқуқи башар, назари вазири маориф дар бораи тарки мансаб намудани муаллимон, лоиҳаи рӯъёии бунёди маҳалла дар шаҳри Хуҷанд ба ӯҳдаи як ширкати ватанӣ супурда шуд, мақомдори тоҷик ҷой доштани "облава" ва ё "сарбозшикор"-ро эътироф кард ва матолиби дигар.
Генерал Ҷамшед Гулаҳмадзода, раиси Идораи мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб, вуҷуди “сарбозшикор” (облава)-ро ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон эътироф кард.
Генерал Ҷамшед Гулаҳмадзода, раиси Идораи мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб, вуҷуди “сарбозшикор” (облава)-ро ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон эътироф кард.
"Шаҳраки чинӣ"-и Хуҷандро ширкати ватанӣ месозад. Гузориши Фарзон Муҳаммадӣ.
Вазир мегӯяд, тарки касб намудани муаллимон амали маъмулист. Коршиносон розӣ нестанд
Парвандаи сиёсатмадори зиндонӣ ва мунтақиди сарсахти ҳукумати Русия, Алексей Навалний, ки бо гумони қаллобӣ ва таҳқири додрас боз шуда буд, барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав фиристода шудааст.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки 4-уми феврал дар пойтахти Пекин - Чин - шуруъ мешаванд, бо ширкати ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар то рӯзи 20-уми феврал идома хоҳанд кард. Варзишгарон барои 109 маҷмуи медалҳо аз рӯи 7 намуди варзиш дар 15 ришта - биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек – рақобат мекунанд. Маросими ифтитоҳи Олимпиадаи зимистона дар Варзишгоҳи миллии Пекин... Читать дальше...
Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 2-юми феврал масъалаи марзро бо Тоҷикистон пушти дарҳои баста баррасӣ карданд.
Сарфи назар аз афзоиши сирояти навъи “Омикрон”-и коронавирус, як идда кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Норвегия ва Фаронса, маҳдудиятҳои марбут бо пандемияи COVID-19-ро кам карданд.
Парвандаи ҷанҷоли ду корманди Додситонии Хатлон бо ду нозири Бозрасии Давлатии Автомобилии ин вилоят, ҳарчанд бо даъвои дашномҳои қабеҳ ба унвони модар боз шуд, ба сабқати “зӯрозмоӣ”-и байни прокуратура ва БДА табдил мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми феврал дар мусоҳиба бо China Media Group гуфтааст, баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ "баёнгари дастовард ва намоиши нерӯи Чин аст”.
Носир Расулов, варзишгари тоҷик, ки дар Русия фавтида буд, рӯзи 1-уми феврал дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, ба хок супурда шуд.
Донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли хониши 2021-22 фақат ниме аз нақшаи қабул ба зинаи таҳсили магистратураро иҷро кардаанд. Мутахассисон чунин ҳолатро ба қонуни нави хидмат дар артиш пайванд медиҳанд, ки барои бурдани магистрантҳо ба сарбозӣ роҳ кушод.
Дар ҷаласаи порлумони Қазоқистон рӯзи 2-юми феврал аз зарурати "ба кишвар баргардонидани маблағҳои дуздидашуда" гуфтугӯ карданд.
Дар мусобиқаи ҷудо Paris Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 5-6-уми феврал дар пойтахти Фаронса – Порис - баргузор мешавад, Тоҷикистонро танҳо як варзишгар – Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ хоҳад кард.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз донишҷӯён хост, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд, "чун амнияти онҳо таъмин намешавад".