“Латукӯб мекунанд, баданро бо дарзмол месӯзонанд, оби ҷӯш мерезанд ва ба сар халта мепӯшонанд.” Шахсоне, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон дастгир шудаанд, бо ин мазмун аз бархӯрди номуносиби мақомот бо онҳо шикоят мекунанд.
Вашингтон дар ҳафтаи гузашта эълон кард, ки тақрибан 3000 нерӯи иловагиро ба Полша ва Руминия мефиристад, то Аврупои Шарқиро дар баробари оқибатҳои эҳтимолии буҳрони Украина ҳифозат кунанд.
Ҷонибҳо дар мавриди мубориза бо ҷудоиталабӣ ва терроризм чӣ гуфтаанд, тафсилоте дар даст нест. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи якшанбе навишт, дар мулоқот "масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноат, муҳокима гардид."
Ниҳоди нозир бар фаъолияти расонаҳо дар Русия шоми 4-уми феврал таҳдид кард, ки агар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мақолаҳои вобаста ба таҳқиқоти сиёсатмадори зиндонӣ – Алексей Навалнийро "фавран" аз байн набарад, ҳафт сомонааш дар Русия, Украина ва Осиёи Марказӣ дастнорас хоҳад шуд.
Ҷасади Дамирбек Олимов, овозхони ҷавон, аммо шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) дафн карданд. Дар маросими видоъ ва хоксупории ӯ, ки пас аз зуҳри 5-уми феврал баргузор шуд, даҳҳо нафар аз ҳаводорон ва ҳамкорону дӯстонаш иштирок доштанд.
Ба иттилои чанд манбаи боварбахш, "дар ояндаи наздик ширкати наве вориди бозор мешавад ва зимоми сафари ҳаҷҷи умраро аз Тоҷикистон дар даст мегирад. Дар баробари ин, нархи ҳаҷҷи умра низ то ба 29 ҳазор сомонӣ боло хоҳад рафт."
Тереза Мэй, сарвазири пешини Бритониё ва Федерика Моғеринӣ, раиси собиқи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, аз довталабони эҳтимолӣ ба мансаби дабири кулли НАТО будаанд. Дар ин бора оҷонси иттилоотии dpa-и Олмон рӯзи 4-уми феврал бо такя ба манобеаш дар паймони низомӣ хабар дод.
Таҳқиқоти мақомоти низомии Амрико дар бораи ҳамлаи соли гузашта дар Фурудгоҳи Кобул нишон додааст, ки бомбгузори маргталаб ба танҳоӣ амал карда, кушта шудани беш аз 170 афғонистонӣ ва 13 сарбози амрикоӣ "қобили пешгирӣ набуд".
Додситонии вилояти Хатлон ҷанҷоли сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун, полковник Пӯлод Барфиро дар шаби 31-уми декабри соли 2021 тасдиқ кард.
Додситонии ҳарбии Тоҷикистон марги мармузи Миралӣ Боқиеви 20-сола, сарбози нерӯҳои марзбониро таҳқиқ дорад. Ин парвандаро дар аввал Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб боз карда буд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои чинияш, Си Ҷинпин, дар пасманзари ҷанҷолҳо бар сари Украина, аз Ғарб хостанд, ки аз "бархӯрдҳои идеологии замони Ҷанги Сард" даст кашад.
Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони тоҷик, ки бо таронаи “Аҷаб дунёст ин дунё” маъруф буд, дар садамае дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҷон бохтааст.
Аз бозгашти дубораи "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон тақрибан шаш моҳ гузашт. Ҳеч кишвар "аморати исломӣ"-и ин гуруҳро дар ҳамсоягии Тоҷикистон ба расмият нашинохтааст. Душанбе ҳам.
Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, бо кушта шудани Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ, раҳбари гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дар Сурия, "таҳдиди бузурги террористӣ" аз байн рафт.