Маликаи 95-солаи Бритониё, Елизаветаи II, ба COVID-19 мубтало шудааст, вале Қасри Букингем рӯзи 20-уми феврал гуфт, ки ӯ танҳо нишонаҳои сабуки бемориро дорад.
Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки 20-уми феврал дар Чин ба анҷом расид, баъди натиҷагирии шонздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 37 медал (16 тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 20-уми феврал гуфт, ба назар мерасад, Русия дар остонаи ҳамла ба Украина қарор дорад. Энтони Блинкен афзуд, тамдиди машқҳои муштараки Русияву Беларус дар наздикии марз бо Украина низ нигарониҳоро бештар мекунад.
Намояндагони Маркази миллии тестӣ тасдиқ карданд, ки сафи довталабон ба мактабҳои олии Тоҷикистон камтар шудааст, вале сабаби асосии онро ба "муҳоҷират" пайванд доданд. Қаблан баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки ин вазъ ҳосили ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи хидмати сарбозӣ аст.
Намояндагони Маркази миллии тестӣ тасдиқ карданд, ки сафи довталабон ба мактабҳои олии Тоҷикистон камтар шудааст, вале сабаби асосии онро ба “муҳоҷират” рабт доданд. Қаблан баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки ин вазъ ҳосили ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи хидмати сарбозӣ аст.
Нишасти хабарӣ дар Идораи маорифи минтақаи Кӯлоб баҳсбарангез шуд. Намояндагони он барои посух додан ба пурсиши хабарнигорон гоҳ компютерро мекофтанд ва гоҳ варақҳоро тагурӯ мекарданд. Баъзан рақаму маълумотро бо ҳам омехта менамуданд.
Вазири мудофиаи Беларус гуфт, Маскаву Минск муҳлати баргузории машқҳои муштаракро дароз карданд.
Нахуствазири Бритониё ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, Вашингтону Лондон дастрасии ширкатҳои русиро ба доллари амрикоӣ ва асъори бритониёӣ қатъ хоҳанд кард.
Кумитаи дини Тоҷикстон дар вокуниш ба як матлаби Радиои Озодӣ гуфтааст, раводид ё визаи ҳаҷ ва умра бепул аст, вале довталабон барои дастрас кардани он бояд "заминпулӣ, маблағи хобгоҳ, хидматрасонии нақлиёт, ғизо, суғуртаи тиббӣ ва амсоли инро пардохт намоянд."
Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мегӯяд, Риёз омода аст, даври панҷуми музокиротро бо Теҳрон баргузор кунад.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ тақрибан ду баробар боло рафтааст. Мақомот мегӯянд, ин вазъ сабаби афзоиши нархи маҳсулот ва хидматрасонӣ шуд. Сокинон шикоят доранд, ки маошу нафақа барои харидани маҳсулот кофӣ нест. Масъулони бозорҳо мегӯянд, дар фикри поин оврадани нарх ҳастанд.
Йенс Столтенберг рӯзи 19-уми феврал дар Мюнхен гуфт, "нишонаҳо вуҷуд доранд, ки Русия барои ишғоли пурраи Украина омодагӣ дорад."
Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки 20-уми феврал дар Пекини Чин ба анҷом мерасад, баъд аз натиҷагирии понздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 36 медал (15 тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст.
Масъулони Идораи молиёт ё андоз дар вилояти Суғд гуфтанд, ки дар як соли охир ба садҳо корманди худ танбеҳ дода, даҳҳо нафарро аз кор ронданд. Дастикам ба зидди се нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудаст. Баъзе аз соҳибкорону сокинон аз шеваи рафтори онҳо шикоят доштанд.
Темур Раҳимов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо – “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки рӯзҳои 17-19-уми феврал дар пойтахти Исроил баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.