Даҳҳо ронандаи мошиниҳои ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо талаби бештар шудани музди меҳнат корпартоӣ карданд. Дар коршикань 45 ронанда ширкат дорад. Онҳо гуфтанд, танҳо 7 тан аз ронандагон ба кор баромадаанд. Мурод Белбоев, яке аз ронандагон гуфт, ки аз соли 2016 ба ин тараф талаби бештар шудани музди меҳнатро доранд. "Дар 5 сол қимати маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, либос ва ғайра панҷ баробар гарон шуд. Аммо маоши мо дар ҳамон ҳаҷми пешин боқӣ монд. Ман наздики 230 доллар моҳона мегирад. Читать дальше...
Додгоҳи ноҳияи Кузмини шаҳри Москва бештар аз 30 иштирокчии занозании гуруҳии муҳоҷиронро дар назди метрои "Кузминка" ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. Дар маҷмуъ рӯзҳои сешанбеву чаҳоршанбе 42 иштирокчии занозании гуруҳии муҳоҷирон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки гуруҳе аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ барои занозанӣ дар назди метрои Кузминкии Маскав дар шаби 11-уми июл бо қарори додгоҳ ҷарима ва аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд. Ба иттилои Раёсати марказии Вазорати корҳои дохилии Маскав... Читать дальше...
Дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон навбатпоии мошинҳои борбар мушоҳида мешавад. Субҳи 15 июл дар ин гузаргоҳ бештар аз 100 мошин ҷамъ шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд. Дар Хадамот гуфтанд, ҷамъшавии мошинҳо дар пайи фаро расидани мавсими ҳамлу нақл ба вуқуъ омадааст. Дар гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар ҷамъшавии мошинҳо ба мушоҳида намерасад. Дар марзи байни Қирғизистон бо Қазоқистон ҷамъшавии мошинҳо ба ҳукми одат даромадааст. Читать дальше...
Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (ICJ) бо нашри як баёния аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хост, парвандаи интизомиро нисбат ба Рустам Саидаҳамадзода, додрасе, ки "ҳукми сефед" содир кард, қатъ кунанд.