Вакили пешини Маҷлиси Намояндагон, яке аз бунёдгузорон ва раҳбарони маънавии нахустин ҳизби динасоси Тоҷикистон, паноҳандаи ҷанги дохилӣ, муовини раиси ҳайати мухолифон дар гуфтушуниди сулҳ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, агар зинда мебуд, 70-сола мешуд.
Чаҳор наврас аз шаҳри Истаравшан дар дарёи Сир, дар Хуҷанд, ғарқ шудаанд. Ҳодиса паз аз зуҳри 7-уми июл рух дода, ба иттилои манобеъ, ҷустуҷӯйи ҷасадҳо идома дорад.
Қатли духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоиро нигарон кардааст. Онҳо талаб доранд, ки гунаҳкор ҷазои сахт гирад ва айни замон муҷозот барои озори ноболиғон шадидтар шавад. Мақомот мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Русия мегӯяд, омодааст, дар сурати ниёз барои амнияти муттаҳидони худ дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аз пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон истифода кунад.
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ба қатли як духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ вокуниш кардааст. Пештар ҷомеаи шаҳрвандӣ бо фиристодани нома аз ӯ талаб карданд, ки ҳодисаро зери назорат гирад.
Муносибат ба занҳо дар Тоҷикистон дар бархе аз маврид ҳанӯз мисли молу ашё боқӣ мемонад. Ҳоло ба сарнавишти як модари ҷавон Ҳавасмо Ниёзоваи 35 сола модари 4 фарзанд рӯ меорем, ки моиндараш ӯро ба марди солхурдаи соҳиби 10 фарзанд ба шавҳар дод.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон аз оғози гуфтугӯҳои байни афғонӣ бо иштироки намояндагони давлати Афғонистон ва гуруҳи Толибон дар Теҳрон хабар дод.
Пешрафти Толибон ҳаёт дар деҳоти ду тарафи марзро тағйир надодааст. Дар ин бора Маҳмудоҷон Раҳматзода аз ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин гузориш медиҳад.
Тоҷикистон сарбозони фирории афғонро ба ватанашон интиқол дод.
Ҳамсояи Руфайдо бо иттиҳоми куштори ин духтари 8-сола боздошт шудааст.
Ниҳодҳои давлатии Узбекистон аз 1-уми сентябри имсол довталабонро дар асоси давраи омӯзишии онлайнӣ ба кор қабул мекунанд.
Anadolu, хабаргузории давлатии Туркия, навишт, ки Орҳан Инандӣ бо иттиҳоми "таъсис ё роҳбарии созмони мусаллаҳи террористӣ" боздошт шудааст.
Расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки яке аз ду бемористони махсуси гирифторони коронавирус дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканди Узбекистон аз беморон пур шудааст.
Мақомоти Қирғизистон ба 27 хонаводаи фавтидагон дар низои марзӣ бо Тоҷикистон ба маблағи 1 миллион сомӣ (наздик ба 118 ҳазор доллар) ҷуброн пардохтанд.
Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми гузашта 600 нерӯи фирории афғонро аз Кӯлоб ба Кобул фиристоданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора иттилоъ надоданд
Бештар минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон таҳти назорати ҳаракати “Толибон” қарор мегирад. Душанбеи расмӣ чораҳои ҳифзи марзҳояшро тақвият бахшида, дар бораи вазъи кунунӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва Маскав гуфтугӯ дорад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз 10-уми июл ҳангоми рафтан ба Русия бояд ташхиси коронавирусро на тавассути маълумотномаи варақӣ, балки тариқи барномаи мобилии “Сафар бидуни COVID-19" тасдиқ кунанд.
Cокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон аз камбуди барқ дар як ҳафтаи охир шикоят доранд.
Гурӯҳе ваксинаро ягона роҳи раҳоӣ аз чанголи бемории коронавирус медонанд ва мардумро ба гирифтанаш ташвиқ мекунанд, иддае дигар ҳанӯз дудилаанд, ки худро эм кунанд ё не.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз кишвару созмонҳои хориҷӣ дарёфти ваксинаи бештарро дархост кардаанд, бархурди сокинон ба он яксон нест. Гурӯҳе ваксинаро ягона роҳи раҳоӣ аз чанголи бемории коронавирус медонанд, иддае дигар ҳанӯз дудилаанд, ки худро эм кунанд ё не.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, 2300 сарбозони афғонро, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ба он кишвар бозгардондаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора ибрози назар накарданд. Аммо рӯзи 6-уми июл гузориш шуда буд, ки шуморе аз ин сарбозонро ба фурудгоҳи Кӯлоб бурданд, то ба Кобул фиристанд.
Моҳбону Раҳмонова, модари овозхони шинохта Афзалшоҳи Шодиро, ки дар 82-солагӣ даргузашт, рӯзи 6-уми июл дар Панҷакент дафн карданд. Раҳмонова наздик ба 50 сол ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.
Моҳбону Раҳмонова, модари овозхони шинохта Афзалшоҳи Шодӣ,субҳи 6-уми июл аз олам даргузашт. Маросими видоъ ва дафни ӯ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд. Ба гуфтаи пайвандонаш, модари Афзалшоҳи Шодӣ бемории ҷиддӣ надошт.
Сездаҳ сокини ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарёи Узбекистон ба хотири бастани роҳи оҳане, ки аз он қатораи Афросиёб мегузарад, муҷозот шуданд.
Дасти кам се тан аз тарафдорони гуруҳи ташаббускори таъсисдиҳии Ҳизби демократи Қазоқистон, ки дар шаҳри Алмато чандин соат дар муҳосираи маъмурони пулис қарор доштанд, дастгир шуданд. Ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.