Қурбонгул Раҳмонова, хоҳари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20-уми июл дар бемористони ҳукуматӣ, дар маҳаллаи машҳур бо номи "Медгородок"-и Душанбе, даргузаштааст.
Воқеаҳои ахири ба Тоҷикистон фирор кардани ҳарбиён ва шаҳрвандони Афғонистон мақомоти Тоҷикистонро водор кард, ки дар минтақаи наздик ба марз, дар вилояти Хатлон, бошишгоҳи махсус барои паноҳандагонро бунёд кунанд.
Воқеаҳои ахири ба Тоҷикистон фирор кардани ҳарбиён ва шаҳрвандони Афғонистон мақомоти Тоҷикистонро водор кард, ки дар минтақаи наздик ба марз, дар вилояти Хатлон, бошишгоҳ ё урдугоҳи махсус барои паноҳандаҳоро бунёд кунанд.
Пас аз муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрел, рӯзи якуми май як сокини шаҳри Исфара аз ҷониби Қирғизистон бо гумони убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шуда, дар боздоштгоҳи кишвари ҳамсоя ба сар мебарад.
Мақомот ба фарқ аз соли гузашта ба хондани намоз иҷозат доданд, аммо ба баргузор нашудани идгардаки кӯдакон пойфишорӣ доштанд. Баъзе аз сокинон мепурсанд, ки "идгардак" сабаби паҳншавии бемории ҳамагир мешавад, "маршировка" не?
Таҷлили Иди қурбон дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар.
Сел дар Панҷакент боис ба марги 12 кас шуд. Ҷустуҷӯйи ду ҷасад идома дорад.
Боздошт ва ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон.
Дар як шароити номаълум дар Туркманистон 18 низомӣ, аз ҷумла ду афсар кушта шудаанд. Ҷасади шаш нафари онҳоро, ки аз вилояти Лебап (Лаби Об) буданд, шаби 18-уми июл ба наздиконашон супурданд.
Охири ҳафтаи гузашта дастурҳои раиси ҷумҳури Русия дар сомонаи расмии ӯ нашр шуданд. Дар яке аз онҳо гуфта шудааст, ки то 1-уми марти соли 2022 "роҳҳои муқаррар намудани таносуби хориҷиён ва шаҳрвандони Федератсияи Русия" ва ҳам "низоми омӯзиши иловагии забон" барои хориҷиён таҳия шаванд.
Дар зери сояи коронавирус. Намози Иди Қурбон дар Тоҷикистон хонда шуд; Суол аз мардум: Ба идгардак меравед? Шарҳи раиси Додгоҳи олӣ дар бораи додрасе, ки пас аз содир кардани ҳукми сафед ҷазо гирифт. Ин ва хабару гузоришҳои дигарро дар барномаи Навиди бомдодӣ бинед.
Марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои занона ба анҷом расид. Рӯзи 18-уми июл панҷ бозии мавқуфгузоштаи даври панҷуми лигаи занонаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Пешсафи мусобиқа - “Хатлон”-и Бохтар - дар меҳмонӣ бар «Конибодом»-и шаҳри Конибодом бо ҳисоби 6:1 пирӯз гардид. Ғолиби феълии лигаи занона - «Зебонисо»-и Душанбе - дар майдони худ «Чашма»-и Шаҳритусро бо ҳисоби бузурги 17:0 шикаст дод. Дар ду бозии дигари даври гузашта «Ҳосилот»-и Фархор бар... Читать дальше...
Бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи Киштудаки Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтаанд.