Моликони нави “Имон интернешнл” дар шаҳри Хуҷанд мегӯянд, бастаи саҳмияҳои ин ташкилоти молиро аз соҳибони пешинаи он бо нархи бозор харидаанд. Ин нукта дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд рӯзи 28-уми июл садо дод.
Мавзӯи бозпас фиристодани қирғизҳои Афғонистон аз Тоҷикистон ба зодгоҳашон дар миёнаҳои моҳи июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан бахши қирғизии он, шарҳҳои манфии зиёде дар пай дошт.
Раҳбарони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тағйири дигарбораи имлои забони тоҷикиро амри зарурие номиданд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳадафаш бартараф кардани хатоҳои гузашта будааст. Вале ҷузъиёти бештар наоварданд.
Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ 1,3 миллиард сомонӣ қарздор аст. Баъзе аз хабарнигорон дар нишасти матбуотии масъулони ширкат ин оморро ба баҳс кашиданд.
Бо беруншавии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон Русия ба марзи кишварҳои ҳампаймонаш дар Осиёи Марказӣ, таҳдид эҳсос мекунад. Ба қавли вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу нерӯҳои ифротгаро аз ҳисоби унсурҳои гурӯҳи ба ном "Давлати Исломӣ" дар шимоли Афғонистон таҳким меёбанд
Раҳбарони нави "Имон Интернешнл" мегӯянд, ин муассисаро бо нархи бозор харидаанд. Ин суханон пас аз он гуфта шуд, ки як пажуҳишгоҳ онҳоро бо хилофкорӣ муттаҳам кард.
Имлои нави забони тоҷикӣ, ки ахиран аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид, имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳҳот баҳсҳое ба миён овард.
Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, нархи истифодаи барқ имсол дар Тоҷикистон гарон мешавад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар.
Мақомоти расмии Русия мегӯянд, ин кишвар ҳеч қароре дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагӣ барои кумак дар муҳофизати марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон қабул накардааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, бо як сафари корӣ ба Олмон рафта, бо чанд мансабдори он кишвар дар бораи мубориза бо терроризму истирдоди гумонбарон ба ҷиноят суҳбат кардааст.
Фаррух Файзиматов, машҳур бо лақаби "Форуқ Шомӣ", шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, таҳти таҳрими Иёлоти Муттаҳида қарор гирифт.
Муҳлати тафтиши парвандаи Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷиронро, ки ба қаллобӣ муттаҳам аст, барои ду моҳи дигар дароз кардаанд. Қарорро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 27-уми июл содир намуд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кард, ки дар даври дуввуми маъракаи ваксинзанӣ ба зидди фалаҷи атфол дар Тоҷикистон бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор кӯдак ваксина гирифтаанд.
Пекин гуфтааст, ки Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, аз ҳайати Толибон хостааст, робитаҳои худро бо Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ қатъ кунад. Рӯзи чаҳоршанбе ҳайати нӯҳнафарии Толибон ба Пекин рафт ва бо мансабдорони баландпояи Чин мулоқот кард.
Сиёвуш Зуҳурови 28-сола, муштзани тоҷик, ки субҳи имрӯз, 29-уми июл, дар Олимпиадаи Токио дар мусобиқаи бокс дар вазни беш аз 91 кило ба рақобат аз даври 1/16-ниҳоӣ шуруъ кард, аз Мурод Алиеви 25-солаи фаронсавӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.