Дар Тоҷикистон мулоқоти пайвандонро бо кӯдаконе, ки ду сол пеш аз Ироқ оварда буданд, "муваққатан" манъ кардаанд. Наздикони наврасон мегӯянд, беҳтар аст, онҳоро ба ихтиёрашон диҳанд. Мақомот афзал медонанд, ки наврасон зери назорат бошанд.
Мақомоти Суғд даромадгоҳи бахше (қисме) аз бемористони вилоятиро дар Хуҷанд "бастаанд", вале шарҳ намедиҳанд, ки чаро. Дарбонҳо ба сокинон пайваста таъкид мекунанд, ки “даромадан мумкин нест, карантин аст”.
Дар Тоҷикистон мулоқоти пайвандонро бо кӯдаконе, ки ду сол пеш аз Ироқ оварда буданд, “муваққатан” манъ кардаанд. Мақомот ин тасмимро ба пандемия ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир рабт доданд.
Қутоспарварони тоҷик аз зимистони сард зарари калон дидаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ аз ин муассисаи беҳдоштӣ зиёрат кард.
Дар шаҳри Тошканди Узбекистон беморхонаҳои махсуси гирифторони вабои коронавирус танҳо беморонеро қабул мекунанд, ки ҳолати вазнин доранд.
Бозгардони занону кӯдакони тоҷик аз Сурияву Ироқ мутаваққиф шудааст. Гузориши Барот Юсуфӣ ва Муллораҷаб Юсуфӣ.
Маҳбусонро аз маҳбаси якуми Душанбе ба зиндони нав дар Ваҳдат мекӯчонанд.Як намояндаи Раёсати зиндонҳо гуфт, ҳоло тамоми корҳо барои саломат расонидани маҳбусон анҷом дода мешавад.
Зиндониҳоеро, ки то ин дам дар маҳбаси рақами аввал дар маркази Душанбе нигоҳдорӣ мешуданд, ба маҳбасе нав дар шаҳри Ваҳдат мекӯчонанд. Мақомот мегӯянд, зиндони навро бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сохтанд.
Додгоҳе дар Алматои Қазоқистон фаъолон Абзал Достиёров ва Олимҷон Избасаровро, ки 6-уми июл дар ҳамоиши эътирозие иштирок карда буданд, ба "майдаавбошӣ" гунаҳкор ва шаш рӯз ҳабси маъмурӣ кард.
Вакили порлумони Қирғизистон Бейшеналӣ Нурдинов 15-уми июл пешниҳод кард, то ба қирғизтабороне кумак расонида шавад, ки дар пайи ҳамлаҳои Толибон аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷалби донишҷӯён ба "маршировка" поймолшавии ҳуқуқи инсон нест.
Дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи соли равон дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио - баргузор мешавад, инчунин варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон - ширкат меварзанд.
Миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар вилояти Маскав боз занозании гурӯҳӣ рух додааст.
Амрико куштори сарбозони нерӯҳои таъйиноти хоси артиши Афғонистон аз тарафи Толибонро маҳкум кард.
Тоҷикистон аз Чин беш аз 3 миллион воя ваксинаи "Коронавак" мехарад.
Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, бо сафари корӣ дар Осиёи Марказӣ қарор дорад. Ӯ дар пасманзари нигарониҳо аз хатарҳои амниятӣ, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон бештар шуданд, аз манфиатҳои Пекин пуштибонӣ хоҳад кард.
Омбдусмени Тоҷикистон мегӯяд, бо гузориши Департаменти давлатии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар розӣ нест. Чун, ба гуфтаи Умед Бобозода, Амрико корҳои анҷомдодаи ҳукумати Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон нодида мегирад.
Шӯрои нозирони Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" машварат додааст, ки ин ниҳод барои дубора оғоз кардани кораш аз ширкатҳои хориҷӣ ба иҷора (лизинг) ҳавопаймо бигирад. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи ҳавопаймоҳои он корношоям буда, дар фурудгоҳҳои кишвар ва берун аз он дармондаанд.
Марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои занона дар арафаи анҷомёбист.
Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон, ки рӯзи 14-уми июл дар Душанбе қарор дошт, аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хостааст, ки ба поён додани хушунатҳо дар кишвараш ёрӣ кунанд. Дар ду моҳи охир ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон, ки рӯзи 14-уми июл дар Душанбе қарор дошт, аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хостааст, ки ба поён додани хушунатҳо дар кишвараш ёрӣ кунанд. Дар ду моҳи охир ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе дар баробари натиҷагирӣ аз кори 20-солаи созмон мавзӯи доғшудаи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.
Нашрияи мустақили turkmen.news 12-уми июл хабар дод, ки як духтари 19-сола дар шаҳри Дашоғузи Туркманистон кушта шудааст. Бо гумони куштори ин духтар як омӯзгор боздошт шудааст.
Мудири пешини Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон Акин Токталиев президенти он кишвар Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) ва сухангӯйи пешини президент Галина Байтерекро ба додгоҳ кашид.