Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон, ки бо дархости Қирғизистон боздошт шуда буд, аз боздоштгоҳи муваққатии Бошқирдистон дар Русия озод шудааст.
Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пас аз ҳодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8 сола дар ноҳияи Рӯдакӣ аз Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе хостанд қонунгузории кишвар ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакон сахттар кунад.
Як фаъоли пешини Ҳизби демократро дар вилояти Суғд ба ҳафт сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот Рустам Мамаҷоновро барои бознашри навори мухолифини тоҷик гунаҳкор донистаанд, вале вакили мудофеъ ноодилона хонд.
Беш аз аз 120 низомии афғонистониро, ки рӯзи 4-уми июл аз ноҳияи Хоҳони Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ақибнишинӣ карда буданд, барои интиқол ба Кобул ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб овардаанд.
Додгоҳи Беларус довталаби пешини мансаби президент Виктор Бабарикаро бо иттиҳоми фасод ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Расонаҳои маҳаллӣ дар ин бора рӯзи 6-уми июл гузориш доданд.
Дар Узбекистон ба пӯшидани ҳиҷоб ё либоси мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат доданд.
Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз сарвазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбанро ба рӯйхати солонаи "душманони матбуот" шомил кард.
Ҳамкорам Мирзонабии Холиқзод гузориш медиҳад, ҳоло нерӯҳои давлатии Афғонистон ба ҳамлаи ҷавобӣ бар зидди Толибони силоҳбадаст омодагӣ мегиранд.
Маҳви 67 тонна маводи мухаддир ва машрубот дар Афғонистон.
Адвокат мегӯяд, 7 сол ҳабс барои бознашри гузориш дар шабакаи иҷтимоӣ одилона нест.
Аз муноқишаи хунини мусаллаҳона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ду моҳ сипарӣ шуд, аммо осори он ҳанӯз боқист. Сокинон мегӯянд, бар замми талафоти моливу ҷонӣ ин муноқиаша рӯи руҳу равони мардум хусусан тифлон осори бад гузоштааст.
Дастрас кардани ёриҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи охири баҳори имсол камтар шудааст.
Додгоҳи вилояти Маскав ҳабси Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-соларо то 3 моҳи дигар дароз кард.
Маҳалли эҳтимолии суқути ҳавопаймои мусофирбари Ан-26-ро, ки аз Петропавловск парвоз карда буд, дар Камчатка пайдо кардаанд. Намояндаи хадамоти ҳолатҳои фавқулода ба РИА "Новости" гуфта, ки ҳавопаймо дар баҳр афтодааст.
Хадамоти амнияти федеролӣ ё ФСБ-и Русия аз боздошти 5 узви гурӯҳи қавмгаро, ки худро пайрави Максим Марсинкевич (Тесак) меҳисобанд, хабар дод.
Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул, бо мушовири амнияти миллии Афғонистон вазъ дар сарҳади ду кишварро баррасӣ кардааст. Шӯрои амнияти миллии Афғонистон хабар дод, ки мулоқот рӯзи 5-уми июл баргузор шуд. Ҷузъиёти дигар дастрас нест.
Интизор меравад, дар нимаи дуюми моҳи август бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» (192 ҳазор воя) ба Тоҷикистон оварда шавад.
Маркази обу ҳавосанҷӣ мегӯяд, ин ҳафта дар Тоҷикистон гармии ҳаво то 48 дараҷа боло хоҳад рафт.
Дар шаҳри Алматои Қазоқистон неруҳои вижаи пулис тарафдорони гуруҳи ташаббускори таъсисдиҳии Ҳизби демократиро ба муҳосира гирифт. Байни тарафдорони ҳизб ва неруҳои пулис занозанӣ рух дод. Имрӯз, 6 июл ҷонибдорони ҳизби сабтиномнашудаи демократи Қазоқистон дар шаҳри Алмато дар назди Қасри варзиш ҷамъ шуда, гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Рӯёрӯӣ бо пулис замоне сар зад, ки роҳбари гуруҳ Жанболат Мамай аз ҷамъшудаҳо даъват кард, дар ивази гирдиҳамоӣ роҳпаймоӣ кунанд. Пулис ҷамъшудаҳоро дар муҳосира гирифта, иҷозаи ҳаракат намедиҳад. Читать дальше...
Дар Узбекистон баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд шуд. Дар ин бора аз Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар иттилоъ доданд. Ба ин тартиб, баргузории чорабиниҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ, консертҳо, фестивалҳо, барномаҳои синамоиву театрӣ маҳдуд шуданд. Мусобиқаҳои варзишӣ бидуни ширкати мухлисон баргузор мешаванд. Шуруъ аз 1-уми август дар ҳудуди Узбекистон назорати беҳдоштии баргузории туйҳо, маросими дафн ва дигар маъракаҳои хонаводагӣ низ сахттар мешавад. Ҳафтаи гузашта Комисияи махсуси... Читать дальше...
Дар Қирғизистон бори дигар пешниҳод кардаанд, ки ба чандҳамсарӣ ҷомаи қонунӣ пӯшонда шавад. Ин дафъа ин пешниҳод аз тарафи ҳизби "Келечек" садо дод, ки талош дорад вориди Маҷлиси шаҳри Бишкек шавад. Номзади он, Назира Абдуқаюмова, рӯйирост гуфт, ки "ҳизб тарафдори қонунӣ кардани чандҳамсарист".
Ҳукумати Литва нерӯҳои мухолифини Беларусро ба раҳбарии Светлана Тихановская ба расмият шинохт. Бар иловаи Тихановская шуморе аз мухолифони режими Александр Лукашенко низ дар хориҷ ба сар мебаранд.
Бо зиёдтар шудани теъдоди гирифторони COVID-19 дар Русия, дар ҷумҳурии Чеченистони ин кишвар ба мардум таҳдид кардаанд, ки агар ваксина нагиранд, сахт танбеҳ мешаванд.
Дар Узбекистон баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд шуд. Дар ин бора аз Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар иттилоъ доданд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст. Дар ин бора Эрдуғон рӯзи 5-уми июл хабар дод.