Рӯзи шанбеи гузашта дар кӯчаву хиёбонҳои Узбекистон 964 кас барои риоя накардани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ва напӯшидани ниқоби тиббӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Рӯзи якшанбе низ 985 қоидавайронкунии ҳамсон сабт гаштааст.
Филмсоз Оливер Стоун дар бораи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев филми ҳуҷҷатии ҳаштсоатиеро бо номи "Таърихи одами тилоӣ" ба навор гирифтааст. Дар ин бора худи муаллиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Раиси вулусуволӣ ё ноҳияи Нусайи Афғонистон гуфт, дар байни нерӯҳои Толибон, ки ин ноҳияро забт карданд, "тоҷикон низ ҳастанд".
Дар шаҳри Тифлис (Тбилиси)-и Гурҷистон рӯзноманигорони бахши гурҷии Радиои Озодӣ Торнике Мандария ва Дато Коридзе пушти дари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид латукӯб шуданд. Васоили кории онҳо шикаста шуд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги боз ду каси дигарро аз коронавирус тасдиқ кард, вале ному насаб ва синни онҳоро нагуфт.