Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки гуруҳе аз мардум беш аз ду ҳафта боз истеъфояшро талаб доранд, шоми 23-юми август, баъд аз пароканда шудани норозиён, дар хиёбони марказии Минск пайдо шуд. Навор бо забони русӣ аст.
Влад Гридини, аксбардоре, ки лаҳзаҳои пароканда кардани эътирозҳои баъд аз интихоботро дар Белорус сабт кардааст, дар бораи таҷрубаи худ нақл мекунад.
Раҳпаймоии азими мухолифини Президенти Беларус дар Минск. Рӯзи якшанбеи 23-уми август наздик ба 100 ҳазор сокини Беларус дар шаҳри Минск бо тақазои истеъфои Александр Лукашенко ба кӯчаҳо бароманданд.
Эрон мегӯяд, таҳлили “қуттии сиёҳ”-и ҳавопаймои сарнагуншудаи украинӣ дар Теҳрон нишон додааст, ки дар фосилаи 25 сония ба тарафи он ду мушак партоб шудааст.
Рақобати варзишкори русиягӣ Александр Поветкин бо рақиби бритониаш Диллиан Уайт, шаби шанбе ба якшанбе дар Бритониё баргузор шуд
Як зани 34-сола дар Тоҷикистон мегӯяд, муроҷиатҳои батакрораш барои гирифтани сарпаноҳе дар пойтхат дастикам ҳафт сол боз беҷавоб мондааст.
Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев ҳайати дастаро, ки дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон ширкат меварзад, эълон кард.
Барои тазоҳуроти бештар дар баробари интихоби дигарбораи Александр Лукашенко дар Белорус рӯзи 23-юми август омодагӣ гирифта шудааст.
Рӯзи 22-юми август теъдоди қурбониёни коронавируси нав дар ҷаҳон аз 800 ҳазор нафар бештар шуд.
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, ба Исроилу Имороти Муттаҳидаи Араб меравад.
Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон аз 3 миллион кас бештар шуд.
Қарор аст, Светлана Тихоновская, раҳбари мухолифони Белорус, рӯзи 24-уми август бо муовини вазири корҳои хориҷии Амрико Стефан Биган дар Литва мулоқот кунад.
Ҳизби демократи Тоҷикистон номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ин ҳизб ва вакили порлумонро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод кард.
Рӯзноманигори мустақил Бобомурод Абдуллоевро баъди истирдод аз Бишкек ба Тошканд шаби 22-юми август шартан раҳо кардаанд. Вакили мудофеи ӯ Сергей Майоров ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "аммо таҳқиқи парванда қатъ нашудааст".