Як зан дар Душанбе, ки аз никоҳи, ба гуфтаи ӯ, маҷбурии марди 46-сола бо духтари 12-солааш ба ваҳшат афтодаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор кард, "пас аз таҳдидҳои ӯ" бо тарс суҳбат мекунад.
Наздикони рӯҳонӣ ва аз чеҳраҳои шинохтаи ҷанги дохилии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки соли гузашта дар ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд, мегӯянд, мақомоти интизомӣ якбора се писари ӯро дастгир кардаанд.
Полковник Таймураз Олимов, ки охири соли 2019 аз зиндон озод шуда буд, сардори Идораи амнияти давлатии вилояти Қашқадарёи Узбекистон таъйин гардидааст.
Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Узбекистон барои дастгирии сокинони ин кишвар, ки дар натиҷаи ҳамагир шудани коронавирус аз ҳама бештар осеб дидаанд, барномаи муштаракеро бо буҷаи 1 миллион доллар роҳандозӣ мекунад.
Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши кишвар лигаи ҳандболро таъсис дод. Мусобиқа миёни ҷавонон доир мегардад ва дар он ҳашт даста ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, бозиҳо дар ду марҳила сурат мегиранд ва дастае, ки имтиёзҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад. Марҳилаи аввали лигаи ҳандболи Тоҷикистон аз 17-ум то 28-уми август баргузор мешавад. Дар даври аввал 17-уми август “Сарез” бо “Ҳисор”... Читать дальше...
Бозиҳои даври 11-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 12-13-уми август баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Се бозӣ рӯзи чоршанбе, 12-уми август, доир гардид. Пешсафи мусобиқа - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба дарвозаи дастаи “Файзканд”-и Восеъ се голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол ва Муҳаммадҷон Раҳимов як гол ба самар расонданд. Дар бозии дигари... Читать дальше...
Чанд рӯз пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус ва оғози эътирозҳо аз шеваи баргузорӣ ва шумориши оро, "Блогистон" бо нашри матлаби сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дари баҳсеро боз кард, то дар он соҳибназарон андешаи худро ба падидаҳои ахири Беларус баён доранд.
Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши муҳоҷирати кориро пешбинӣ кардааст
Ишораи риояи масофа дар роҳрав, гӯшаи маводҳои беҳдоштӣ дар синфхонаҳо ва дур аз ҳамдигар нишастани хонандагон дар утоқҳои дарсӣ, аз бахшҳои асосии омодагии мактабҳои пойтахт ба соли нави таҳсил аст. Пандемияи коронавирус шеваи қабули муҳасcилинро тағйир дода, масъулияти омӯзгорон ва раҳбарони муассисаҳои таълимиро бештар кардааст. Аммо бархеи дигар мегӯянд, вазъ миёни мактабҳои шаҳру деҳа фарқ дорад. Вазорати маориф ва илм гуфт, дастури риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҳатмӣ аст. Читать дальше...
Ҳукумати Афғонистон рӯзи 14-уми август гуфт, ки ба озод кардани 400 ҷангҷӯйи дигари Толибон аз маҳбас оғоз кардааст.
Светлана Алексиевич, нависанда ва барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт аз Беларус хушунати пулис дар баробари эътирозгаронро дар ин кишвар сахт танқид кард.
Амрико ба пажӯҳишгоҳи Конфутсий, ки аз ҷониби ҳукумати Чин таъмини молӣ мешавад, мақоми “агенти хориҷӣ” додааст.
Маросими видоъ бо Гулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон.
Афзоиши сирояти коронавирус, ки бо истилоҳи "мавҷи дуюм"-и пандемия ном бурда мешавад, бисёре аз кишварҳои оламро ба сахттар намудани чораҳои эҳтиётӣ водор кардааст. Ҳафтаи равон,ду вилояти Испания ба хулосае омаданд, ки сигоркашӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ манбаъи сироят мебошад.
Соли нави таҳсил дар Тоҷикистон дар чӣ шароите оғоз меёбад?
Омодагиҳо ба соли нави таҳсил дар Тоҷикистон, маросими видоъ бо адиби тоҷик Гулназар Келдӣ, дурнамои муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ва матолиби дигар.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, далелҳое мавҷуд нест, ки сирояти коронавирус аз як шахс ба шахси дигарро тавассути ғизо тасдиқ кунад.
Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус аз тарафдоронаш хост, аз "интихоби худ дифоъ кунанд" ва хостори баргузории эътирозҳои сулҳомез дар ҳама шаҳрҳо шуд.
Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба он чи “саркӯби бераҳмона”-и эътирозҳо дар Беларус меномад, фишорҳоро ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури ин кишвар афзоиш додааст.
Қурби як доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ то соли 2023 то ба 11 сомониву 67 дирам метавонад боло равад. Чунин қурби долларро ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Дар робита ба куштори як сокини шаҳри Тошканд, ки ҷасадашро аз дохили ҷузвдон пайдо карда буданд, табибе боздошт шудааст.
Дар Беларус 13 август даҳҳо ҳазор одам дар эътирозҳои осоишта зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии ин кишвар иштирок карданд.
Созиши Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил барои оддисозии робитаҳои сиёсӣ бо якдигар, вокунишҳои густурдаи ҷаҳониро дар пай дошт ва дар ҳоле, ки фаластиниҳо норизоятии худро нисбат ба он нишон доданд, Баҳрайн, Миср ва дабири кулли СММ аз он истиқбол кардаанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 13-уми август хабари тавофуқ миёни ин ду кишвари Ховари Миёнаро эълом кард ва онро "таърихӣ" хонд. Бар асоси ин созиш, ки бо миёнаравии Вашингтон ба даст омадааст, ду кишвар дар самти "оддисозии комили робитаҳо" қадам бармедоранд. Читать дальше...
Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми 11 соли зиндони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани ҷинояткори бонуфуз Азиз Ботукаев бетағйир гузошт.