Як сарбози 22-солаи Вазорати дифои Тоҷикистон ҳангоми хидмат аз захми тири силоҳ ҷон бохтааст.
Дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор хоҳад шуд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир фавти беморони коронавируси навро сабт накардааст. Ба иттилои расмӣ аз замони эътирофи расмии пандемия дар Тоҷикистон 60 кас аз COVID-19 даргузаштаанд.
Мототсиклрони 16-сола аз Афғонистон умедвор аст, ки барои духтарони дигар намуна мешавад. Айни замон аз бозгашти Толибон нигарон аст.
Нигин Афшор мототсиклрони 16-сола аз Афғонистон умедвор аст, ки барои духтарони дигар намунаи ибрат мешавад. Аммо ӯ ва мураббиҳояш аз бозгашти Толибон нигаронанд, ки зидди машқу варзиш ва кори занон ҳастанд.
Мақомоти Русия имкони оғози парвозҳои маъмулиро аз 11-уми август ба тамоми кишварҳо баррасӣ доранд, аммо тасмими ниҳоӣ ҳанӯз гирифта нашудааст.
Вазорати иттилооти Эрон рӯзи 1-уми август гуфт, ки раҳбари як гуруҳи мухолифи мустақар дар Амрикоро дастгир кардааст.
Сулаймон Лоиқ, шоири номвар ва сиёсатмадори Афғонистон, рӯзи 31-уми июл дар яке аз бемористонҳои Олмон даргузашт. Ӯ 90-сола буд.
Иёлоти Муттаҳида ду мақоми ҳозира ва пешини Чинро ба поймол кардани ҷиддии ҳуқуқи башари мусулмонони уйғур муттаҳам кард ва ба зидди онҳо таҳрим ҷорӣ кард.
Миллиардери машҳури узбектабор Алишер Усмонов барои пизишкони Узбекистон даҳ миллион доллар ҷоиза тақдим мекунад.
Бозиҳои даври сеюми лигаи касбии футзали кишвар 2 август доир мешаванд. “Сипар” бо “Истаравшан”, “Равшан” бо “Самандар” ва “Соро компания” бо “Муҳоҷир” вомехуранд
Додгоҳи таҷдиди назар дар Амрико ҳукми эъдоми Ҷавҳар Тсарнаев, як амрикоии чечениаслро бекор кард.
Чунин изҳорот аз куҷо маншаъ мегирад ва ба он чӣ гуна бояд ҷавоб дод? Оё тоҷикон дар бораи барномаи стратегии чиниҳо дар мавриди ҳамсояҳои шимолу ғарбиашон чӣ медонанд?
Дар Беларус ба зидди 30 сокини Русия, ки рӯзи 29-уми июл дар наздикии Минск боздошт шуданд, бо гумони "таҳияи ҳамлаҳои террористӣ" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ҳоло онҳо аз тарафи мақомоти тафтишотии Беларус бозпурсӣ мешаванд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, барномаи "Тик-Ток"-ро, мумкин аст, аз 1-уми август дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида масдуд кунанд.
Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, ҳанӯз дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ расман ҷорӣ нашудааст.
Бо расидани коронавирус ба баъзе аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар Сурия ин нигаронӣ боло гирифтааст, ки мумкин аст, маргу мир дар миёни ин мардуми ҷафокашидаву осебпазир зиёд шавад.
Бо расидани короновирус ба баъзе аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар Сурия ин нигаронӣ бештар мешавад ки мумкин аст маргу мир дар миёни ин мардуми осебпазир зиёд шавад. Гузориши Ҳезер Мардок аз Садои Амрикоро Тоҳири Сафар тақдим мекунад.