Интихоботи президентӣ дар Беларус аз камтарин маъракаҳои сиёсии солҳои охир буд, ки дар Тоҷикистон ҳам ба он таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Аз як сӯ Тоҷикистону Беларус кишварҳои собиқи Шӯравиянд ва аз сӯи дигар раҳбаронашон аз соли 1994 инҷониб иваз нашудааст.
Шоми 8-уми август дар наздикии бозори "Меҳргон"-и шаҳри Душанбе як кран чаппа шудааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин кран дар маҳалли сохтмони биноҳои нав кор мекард ва 48 метр дарозӣ дошт. Бино ба хабари саҳифаи "Parviz TV" дар Фейсбук, дар ин ҳодиса гуё се нафар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд, вале мақомоти расмӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин замина хабар надодаанд. Дар шабу рӯзе, ки дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат ҷараён дорад, тақрибан дар ҳар кӯчаву хиёбон 2-3 борбардор қомат рост кардааст. Читать дальше...
Дар бадани як соҳибкори чинӣ, ки аз Тоҷикистон ба музофоти Ҳубей баргаштааст, бемории COVID-19-ро ошкор кардаанд.
Маъмурони милиса дар шаҳри Душанбе овозхони ҷавон Шаҳриёри Давлатро барои сабту паҳн кардани "пранк" ё саҳнаи шӯхиомез дастгир карда, бо қарори додгоҳ даҳ рӯз ба ҳабс гирифтаанд.
Раиси ҷумҳурии Эрон мегӯяд, ҳолати фавқулодае, ки ба хотири густариши коронавируси нав дар ин кишвар ҷорӣ шудааст, дастикам то моҳи январи соли 2021 идома хоҳад дошт.
Маросими тӯй дар Арманистон бо риояи одатҳои қадимӣ мегузарад, аммо анъанаи "себи сурх" баҳсбарангез аст ва мухолифати зиёдро ба бор овардааст.
Кумисюни марказии интихоботи Беларус гуфт, беш аз 50 дар сади афроди қобили рой ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтаанд ва интихоботи президентии рӯзи 9-уми август баргузоршуда аст. Дар Беларус тақрибан 7 миллион нафар ҳаққи ройдиҳӣ доранд. Мақомҳои Беларус пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори худро ба мухолифону нозирони мустақили интихобот афзоиш доданд. Нигарониҳо вуҷуд доранд, ки раиси ҷумҳури кунунӣ Александр Лукашенко, ҳукуматдории 26-солаи худро бо истифода аз тақаллубу саркӯб дар баробари мухолифон дароз кунад. Читать дальше...
Аъзои Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо гузашти се моҳ фармони раиси ҷумҳурро дар бораи барканории вазири пешини тандурустӣ Насим Олимзода тасдиқ карданд.
Як зани бистсола дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар об ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додааст.
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад
Мақомоти Покистон гуфтанд, ки аз 9-уми август ба ҳама парвозҳои байнулмилалӣ дубора иҷозат додаанд. Ин кор баъди беш аз чаҳор моҳ "танаффуси иҷборӣ" сурат мегирад.
Лоя Ҷиргаи Афғонистон бо судури қатънома раҳоии 400 зиндонии Толибонро тасдиқ кард.
Вазири дифои Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида қасд дорад, ки то охири моҳи ноябр шумораи нирӯҳои худро дар Афғонистон "ба камтар аз 5000 ҳазор нафар" расонад.
Дар барномаи имрӯз дар бораи ҷанҷоли қабл аз 18-солагӣ шавҳар кардани духтарони тоҷик суҳбат мекунем.
Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ шуруъ шуд. Александр Лукашенко, ки 26 сол инҷониб қудратро дар он кишвар дар даст дорад, бори шашум номзад шудааст.
3 сентябр исми Президенти ояндаи Тоҷикистон маълум мешавад.Ҳамин ҳоло ҳам медонем, ки ду номзади асосӣ дорем:-Раҳмон ва Рустам.
Масъалаи иҷозаи кор ба рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд дар Тоҷикистон мавзуи баҳси доманадоре боқӣ мондааст. Коршиносон акредитатсия ва ё иҷозанома барои корро василае барои фишор ба рӯзноманигорони мустақил ва тақвияти худсензура медонанд. Хабарнигори шабакаи телевизионии «Настояшее время» Анушервон Орифов, ахиран аз шумули рӯзноманигороне шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозаномаи корашро тамдид накард. Сабабаш як гузориши ӯ доир ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқонон буд... Читать дальше...