Дар барномаи имрӯз дар бораи ҷанҷоли қабл аз 18 солагӣ шавҳар кардани духтарони тоҷик суҳбат мекунем. Ва ҳам мебинем, ки муҳоҷирони тоҷик дар ошёнаи 70-уми як бино дар шаҳри Маскав чӣ кор мекунанд.
Хешовандони як зани ҳомила дар ноҳияи Файзобод, ки ҳангоми таваллуд бо тифли батнаш фавтид мегӯянд, беэътиноии пизишкон сабаби марги модару кӯдак шудааст. Пизишкон иддаои хонаводаи занро рад мекунанд.
Вазорати умури хориҷаи Эрон истеъфои Брайан Ҳук, намояндаи хоси ҳукумати Амрико барои Эронро, масхараомез хонда, гуфтааст, ки Кохи Сафед “луқмаи бузургтар аз даҳонашро бардоштааст.” Намояндаи хос, сиёсати Иёлоти Муттаҳида барои Эронро пеш мебарад. Баёнияи тамасхуромезро Аббос Мусавӣ сухангӯи вазорат рӯзи 7-уми август дар саҳифааш дар Твиттер нашр кардааст. Як рӯз қабл аз ин вазорати умури хориҷии Амрико эълон кард, ки Брайан Ҳук вазифаи худро тарк мекунад. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт... Читать дальше...
Кормандони давлат дар Туркманистон дастур гирифтаанд, ки ҳаққи гарони озмоиш аз коронавирусро худашон бипардозанд, ҳарчанд ҳукумат мегӯяд, дар кишвар ҳеҷ COVID-19 нагирифтааст. Сабабҳои судури чунин дастур дар рӯзи 6-уми август рӯшан нест. Пофишории мақомоти Туркманистон ба орӣ будани кишвар аз вирус шубҳаи зиёдеро ба бор овардааст. Айни замон бино ба гузоришҳо, шифохонаҳо пур аз беморон бо аломатҳои илтиҳоби шуш шудаанд. Дар Узбекистон мақомот гуфтанд, ки имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳо дар майдонҳои... Читать дальше...
Ҳукумати Итолиё, яке аз кишварҳои сахт осебдида аз бемории COVID-19 баъзе аз маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси навро то моҳи сентябр тамдид кард. Бар асоси қарори нахуствазир Ҷузеппе Конте, пӯшидани ниқоб дар маконҳои умумии баст, риояти фосилагирӣ аз ҳамдигар то 7-уми сентябр ҳатмӣ хоҳад буд ва баргузории чорабинҳои бузурги оммавӣ манъ аст. Қарори мазкур рӯзи 7-уми август қабул шуд. Ҷузеппе Конте аз мардуми кишвараш, ки то кунун 35 ҳазор нафарро аз бемории COVID-19 талаф додаанд, хост, ки эҳтиёткор бошанд. Читать дальше...
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳукуматаш ҳушдори раҳбари як идораи иттилоотӣ дар бораи мудохилаи эҳтимолии Русияву Чин ва Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябрро мӯшикофона меомӯзад. Айни замон ба бовари Доналд Трамп, ҳеҷ яке аз ин кишварҳо намехоҳанд, ӯ дар интихобот пирӯз шавад. Доналд Трамп ҳангоми нишасти хабарие дар рӯзи 7-уми август дар Вашингтон гуфт, ки Амрико “нигоҳ мекунад, ки он се кишвар чӣ кор мекунанд”. Ӯ ба суоле дар бораи ҳушдори Билл Эванин, раҳбари Маркази Амнияти Иттилоотии Амрико посух дод... Читать дальше...
Дар шаҳри Кобул нишасти Лоя Ҷирга, шурои сарони қавму қабила ва сиёсатмадорони шинохта идома дорад, ки дар он масъалаи озодии 400 зиндонии Толибро баррасӣ мекунанд, ки дар ҳамлаву бомбгузориҳои хунине даст доранд. Раҳоии зиндониён яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи музокироти мустақим байни ҳукумат ва Толибон аст, ки бо Амрико барои хотима додан ба ҷанг созиш бастанд. Нишасти Лоя Ҷирга, ки рӯзи 7-уми август оғоз ёфт, фардо низ идома меёбад. Бар асоси созише, ки Амрикову Толибон моҳи феврал имзо карданд... Читать дальше...
Вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, ки хатари густариши коронавирус яке аз сабабҳои як моҳ пештар аз муҳлати муқарраршуда таъйин кардани санаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.
Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” –и Душанбе пас аз танаффуси яксола боз ба ба ин даста баргашт
Додситонии кулли Тоҷикистон иддаои суистифода шудани пайвандони як гуруҳ аз маҳбусонро "ба зидди рақибони сиёсӣ" рад кардааст.