Мы в Telegram
Добавить новость

«Единая Россия» поздравила сотрудников скорой помощи с профессиональным праздником

Частных перевозчиков задержали в Москве за кражи у пассажиров

Ребенок упал с 12 этажа жилого дома на Новочеркасском бульваре в Москве

Блогер Портнягин обжаловал решение суда о домашнем аресте



World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Июнь
2020

Новости за 22.06.2020

Ozodi.org 

Теъдоди мубталоёни СОVID-19 дар Тоҷикистон аз 5500 нафар гузашт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 56 гирифтори нави COVID-19-ро сабти ном кардааст ва то рӯзи 22-уми июн теъдоди умумии беморон ба 5513 нафар расид. Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки “то кунун дар мамлакат 4039 (73.2%) нафар шифо ёфтаанд" ва аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд. Мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси феҳрасти... Читать дальше...

Ozodi.org 

Русия бо "Уралские авиалинии" шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон бармегардонад. ВИДЕО

Дар се моҳи ахир бори нахуст терминали мусофиркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пур аз одам буд. Ширкати ҳавоии "Уралские авиалинии" зуҳри 22-уми июн нахустин аз панҷ парвози чартерӣ барои берун бурдани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистонро анҷом медод. Қарор аст рӯзҳои наздик ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон низ барои ба ватан бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз Русия панҷ парвоз анҷом диҳанд.  Фаррух Гулмуродови 24-сола, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуда, феълан дар шаҳри Находкаи Русия зиндагӣ мекунад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гуфтугӯи Амрикову Русия дар бораи мушакҳои атомиашон оғоз ёфт

Амрикову ва Русия рӯзи 22-уми июн гуфтугӯҳои дурӯза дар бораи ягона аҳдномаеро оғоз карданд, ки иҷоза намедиҳад, ҳарду тараф аз теъдоди муайяне мушакҳои дурпарвози атомӣ дошта бошанд. Санади мазкур Аҳдномаи Нави Коҳиши Силоҳҳои Стротегӣ ном дорад.

Ozodi.org 

Ҷон Болтон ба равобити Трампу Путин баҳо дод

Собиқ мушовири президенти ИМА Ҷон Болтон дар остонаи нашри китобе, ки Вашинтонро нороҳат кардааст, дар сӯҳбат бо АВС ба равобити Доналд Трамп бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ва сиёсати маъмурияти Кохи Сафед дар нисбати Маскав баҳогузорӣ кард. Болтон гуфт, мушкили маъмурияти ИМА ин аст, ки дар қиболи Русия сиёсати мушаххасе надорад. Болтон гуфтааст, чанд иқдоме, ки дар гузашта карда шуд, дуруст буд. Ин – хориҷ шудан аз созиши коҳиши силоҳҳои кӯтоҳ ва миёнапарвоз ва таҳрими Русия, вале, ба таъкиди Болтон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳафт номзад иштироки худ дар интихоботи президентии Беларусро идома медиҳанд

Лидия Ермошина, раиси комиссиюни марказии интихоботҳои Беларус рӯзи 22 июн гуфт, ки баъди марҳилаи ҷамъоварии имзоҳо ҳафт номзад ширкати худро дар интихоботи президентӣ идома медиҳанд. Ӯ гуфт, ки то ҳол имзоҳои тарафдоронро раҳбари феълии давлат Александр Лукашенко, собиқ раҳбари “Белгазпромбанк” Виктор Бабарико, раҳбари собиқ Порки фанновариҳо Валерий Тсепкало, ҳамсари блогнавис Сергей Тихановский – Светлана Тихановская, собиқ вакили мардумӣ  Анна Канопатская, ҳамраиси итиҳодияи ҷамъиятии “Рост... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Узбекистон беш аз 40%-и қарорҳои ҳокимони вилоятҳо ғайриқонунӣ будаанд

Додгоҳҳои Узбекистон соли гузашта ҳудуди 3 ҳазор парвандаи марбут ба қарорҳои раисони вилоятро баррасӣ кардаанд, ки 42 дарсадашон ғайриқонунӣ будааст. Дар ин бора раиси Сенати Узбекистон Танзила Норбаева дар ҷаласаи Маҷлиси олии ин кишвар иттилоъ дод. "Тақрибан ними қарорҳои раисони вилоятҳо, аз 3 ҳазор 1255 қарор ғайриқонунӣ номида шуд. Шахсони масъул дар ниҳодҳои гуногуни маъмуриятҳо қарорҳои ғайриқонуниро таҳия карда, барои имзо ба раҳбарон пешниҳод намудаанд. Мутаассифона, дар натиҷа сокинони одӣ зарар дида... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон дар 1 рӯз беш аз 200 нафар ба COVID-19 мубтало шуданд

Вазири тандурустии Қирғизистон Собирҷон Абдикаримов 22 июн гуфт, давоми як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 205 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Бишкек 82 ҳолат, дар вилояти Чуй 33 ҳолат, дар шаҳри Ӯш 25 ҳолат, дар вилояти Ӯш 20 ҳолат, дар Иссиқкӯл 10 ҳолат, дар Ҷалолобод 8 ҳолат, дар Норин 19 ҳолат ва дар Таласс 6 ҳолат ошкор гаштааст. Давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 26 корманди тиб ба коронавирус гирифтор шудаанд. Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон то ба имрӯз ба 3356 расидааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Левада": тағйироти конститутсионии Путинро танҳо 25% пуштибонӣ карданианд

Агар имкони овоздиҳии алтернативӣ вуҷуд медошт, тағйироту иловаҳои пешниҳҳодкардаи президент Владимир Путинро танҳо чоряки шаҳрвандони Русия дастгирӣ мекарданд. Чунин аст натиҷаҳои як назарсанҷии маркази “Левада”, ки аз 11 то 17 июн дар Русия барпо шуда натиҷаҳояш имрӯз дар “Новая газета” чоп шуд. Ҷомеашиносон гуфтанд, ки ҷонибдорони тарҳи тағйироти пешниҳодкардаи президент назар ба тарҳи  Шӯрои ҷамъиятии конститутсионӣ (ШҶК) ва ҳизби “Яблоко” хеле камтар будааст.  “Левада-Центр” гуфтааст, ки “конститутсияи... Читать дальше...




Ozodi.org 

Гузориш: шахси гумонбар дар ҳамлаи террористии Бритониё ба М15 маълум буд

Полиси Бритониё рӯзи 21 июн гуфт, ки ҳамлаи марде дар як боғи шаҳри ҷанубии Рединги ин кишварро, ки се  кушта ва се захмӣ бар ҷой гузошт, як амали террористӣ буд ва маълум карда шуд, ки шахсияти ҳамлагар ба хадамоти иктишофии Бритониё аз қабл шинос будааст. ББС хабар дод, ки марди гумонбари 25-сола дар боздошт аст. Исми ӯ расман иншо намешавад, вале матбуот бо такя ба манбаъҳои  амниятӣ гуфт, ки ин шахс Хайрӣ Саъдулло, як шаҳрванди Либия буда аз ҷониби полиси Рединг боздошт шудааст. Манбаъҳо ба ББС гуфтаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Кореяи Ҷанубӣ аз Шимол хост, ки аз паҳн кардани шабномаҳо худдорӣ кунад

Рӯзи 22 июн Кореяи Ҷанубӣ аз Кореяи Шимолӣ тақозо кард, ки нақшаи паҳн кардани варақаву шабномаҳо дар атрофи марзро бекор кунад. Пхенян гуфтааст, ки  барои ирсоли 12 миллион адад шабномаҳо ба муқобили рақиби ҷанубиаш омодагӣ гирифтааст. Ҳафтаи гузашта баъди он ки Пхенян дафтари тамосҳои Кореяҳои Шимоливу Ҷанубиро дар марз тарконд, муносибатҳои ду ҳамсоя шиддат гирифт. Субҳи 22 июн Кореяи Шимолӣ гуфт, ки 12 миллион шабномаи таблиғотии зидди Кореяи Ҷанубиро омода карда бо кӯмаки 3 ҳазор адад пуфак онҳоро ба он сӯи марз паҳн хоҳад кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Теҳрон дар Венесуэла нахустин супермаркети эрониро таъсис медиҳад

Нахустин киштии эронии ҳомили маводи ғизои эронӣ рӯзи 21 июн ба соҳилҳои Венесуэла хӯрокворӣ интиқол дод. Сафорати Эрон дар Каракас гуфт, ки дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ нахустин супермаркет бо ғизоҳои эронӣ таъсис мешавад. Мақомот дар сафорат рӯзи 20 июн гуфтанд, ки интиқоли ғизо “муваффақияти дигар дар равобити бародаронаи миёни ду кишвар аст”. Қабл аз ин моҳи май Эрон тавассути роҳҳои обӣ 1,5 миллион бушка нафтро ба Венесуэла интиқол дод. Венесуэла, ки замоне истеҳсолкунандаи калидии нафт дар Амрикои Ҷанубӣ буд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Додситонӣ занозании афсари милиса ва сокини солхӯрдаи Ворухро таҳқиқ мекунад

Додситонии шаҳри Исфара ба таҳқиқи моҷаро ва занозании  корманди милиса бо Ислом Аҳмедов як сокини солхӯрда ва ҳамсараш оғоз кардааст, ки видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз даст ба даст мегардад.

Ozodi.org 

ИМА ва Русия имзои START-и навро баррасӣ мекунанд

ИМА ва Русия қарор аст дар музокироти дурӯза, ки 22 июн шурӯъ мешавад, созиши ҳастаӣ ваё START-и нав (аҳдномаи стратегии коҳиши силоҳ)-ро ба баррасӣ бигиранд. Ин санад шумори кулоҳакҳои ҳастаии дурпарвозро муайян мекунад, ки ҳар кишвар метавонад дошта бошад. ИМА ҳафтаи гузашта эълон кард, ки раҳбари ҳайати музокиракунанда Маршалл Биллингсли барои гуфтугӯ бо муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков ба Вена парвоз кард. Русия дархост кард, ки START-и нав тамдид шавад. Ин санад ҳақи Русия ва ИМА ба... Читать дальше...

Ozodi.org 

Қазоқтаборони фирории Чин аз зиндони Қазоқистон озод шуданд

Қазоқтаборони фирорӣ аз Чин Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулӣ, ки бо ҷурми "барқасдона ғайриқонунӣ гузаштан" аз марзи Қазоқистон яксолӣ зиндонӣ шуда буданд, 22 июн, баъди беш аз ҳашт моҳ озод шуданд. Вакили дифои онҳо  Ляззат Ахатова гуфт, муҳлати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақоми паноҳандагии шахсони зери ҳимояаш моҳи оянда ба поён мерасад. "Масъалаи мақоми паноҳандагии онҳоро хадамоти муҳоҷирати вилояти Ақмолин баррасӣ мекунад. Ҳоло онҳо то охири июл санади муваққатӣ доранд. То он замон масъала бояд дида шавад", - изҳор дошт вакили дифоъ. Читать дальше...

Ozodi.org 

Путин: "Ҷумҳуриҳои собиқ СССР заминҳои зиёди Русияро соҳиб шудаанд"

Президенти Русия Владимир Путин дар барномаи "Маскав. Путин. Кремл", ки рӯзи якшанбе тавассути телевизиони "Россия 1" пахш шуд, гуфт, ҳангоми таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ бисёре аз ҷумҳуриҳои шомилшуда "заминҳои зиёд" ва "ҳудудҳои таърихиву суннатии Русияро соҳиб шуданд". Вале ба назари президенти Русия, ин ҷумҳуриҳо бояд аз ҳайати иттиҳод "бо чизе омада буданд бо ҳамон берун мешуданд" ва лозим набуд "туҳфаи мардуми рус"-ро бо худ бубаранд. Путин дақиқ нагуфт, ки кадом ҷумҳуриҳо ва заминҳоро дар назар дорад ва танҳо изҳор дошт... Читать дальше...

Ozodi.org 

СҶТ бештарин шумори олудашавӣ ба коронавирус дар як рӯзро ба қайд гирифтааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гузориш дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта бештарин шумори олудагӣ  ба коронавирус ба қайд гирифта ва дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ шумори аз ҳама зиёди сабти олудагиҳои нав мушоҳида шудааст. СҶТ гуфт, ки рӯзи 21 июн дар маҷмӯъ дар 24 соат 183,020 ҳодисаи нави олудашавӣ ба вируси нав ба қайд гирифта шуд ва аз ин шумор 116 ҳазор нафари онҳо дар Амрико ба қайд гирифта шуд. СҶТ гуфт, ки аз назари ҳодисаҳои нави олудагӣ  Бразилия бо 54,771 ҳодиса аз ИМА пеш гузашт, ки он... Читать дальше...

Ozodi.org 

Баъди пирӯзӣ дар интихобот президенти Сербия дар пешорӯи ҳафтаи серкори дипломатия қарор дорад

Президенти Сербия Алексадр Вучич баъди пирӯзии ҳизби ҳокимаш дар интихоботи рӯзи 21 июн дар пешорӯи ҳафтаи серташвиши музокираҳои дипломатӣ қарор дорад. Ҳизби пешрафтаи Сербия интизор дошт, ки 63 курсии маҷлисро аз худ кунад ва Вучич гуфт, ки ҳафтаи нав “хеле сангин хоҳад буд”. Қарор аст рӯзи 22 июн ба Белград намояндаи  вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба музокираи Сербияву Косово Мирослав Лайчак сафар кунад. Лайчак гуфт, ки имкони шахсан пазируфтани Лайчакро нахоҳад дошт, чунки рӯзи баъдаш ба Маскав ва аз он ҷо ба Брюссел... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сарони бархе кишварҳои пасошӯравӣ гуфтанд, ба паради Маскав намераванд

Президентҳои Туркманистон, Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон гуфтанд, ки ҳафтаи оянда наметавонанд дар паради Ғалабаи шаҳри Маскав иштирок кунанд. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар шарҳи тасмими нарафтанаш гуфтааст, 29 июн 63-сола мешавад. Дар Туркманистон онро расидан ба синни пайғамбарӣ меҳисобанд ва ин руйдоди муҳим дар иҳотаи наздикону пайвандон ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, ӯ агар ба Русия мерафт, баъди бозгашт аз Москва бояд карантини 14-рӯзаро риоя мекард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Қирғизистон беш аз 400 шаҳрвандашро аз Русия ба ватан баргардонд

Қирғизистон 21 июн тавассути як парвози махсус 431 шаҳрванди худро аз шаҳри Москва ба ватан баргардонд. Ба иттилои ситоди ҷумҳурявӣ, бо ин парвоз заноне баргардонида шуданд, ки дар моҳи охири ҳомиладорӣ ҳастанд ё кӯдаки то 2-сола доранд. Ҳамчунин қирғизистониҳои бемори вазнин ҳам ба ҳавопаймо роҳ ёфтаанд. Ҳамаи шаҳрвандони баргашта аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба карантин фаро гирифта шуданд. Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон афзудааст, ки ҷустуҷӯи роҳҳои дигар барои баргардонидани шаҳрвандони дармонда дар хориҷ идома дорад.

Ozodi.org 

Путин: "Эҳтимолан дубора дар интихоботи президентӣ номзад шавам"

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, агар дар референдуми қарибулвуқуъ мардум ба ислоҳоти Қонуни асосӣ раъй диҳанд, эҳтимолан дубора ҳамчун номзад дар интихоботи президентӣ иштирок кунад. Путини 67-сола, ки дар 20 соли ахир зимоми қудратро дар Русия дар даст дорад, бо тағйирот дар Қонуни асосӣ метавонад дар солҳои 2024 ва 2030 дубора барои президентӣ номзад шавад. Ислоҳоти Қонуни асосӣ қаблан аз сӯи порлумон ва Додгоҳи Қонуни асосӣ тасвиб шуда буд, аммо бояд ба ҳамапурсӣ гузошта шавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Узбекистон ба сайёҳони мубтало ба COVID-19 $3000 ҷубронпулӣ медиҳад

Сайёҳони хориҷӣ дар сурати мубтало шудан ба коронавирус дар Узбекистон 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ дарёфт хоҳанд кард. Ин чиз дар фармоне пешбинӣ шудааст, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёв 19 июн имзо кард. Барои иҷрои банди мазкури фармон Бунёди ҷаҳонгардии амн таъсис шуда, аз тарафи Бунёди зиддибуҳронӣ ба ҳисоби он 20 млрд сӯм (ҳудуди 2 миллион доллар) гузаронида хоҳад шуд. Раиси Палатаи миллии тандурустии Узбекистон Равшан Изомов дар суҳбат бо телевизиони "узбекистон 24" гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Фавти ду сокини дигари Алмато аз коронавирус

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду нафари дигар бар асари мубталошавӣ ба коронавирус ҷон бохтанд. Ҳамин тариқ шумори умумии фавтидаҳо аз коронавирус дар Алмато ба 20 расид. Аз нигоҳи шумораи ҳолатҳои марг шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар мақоми аввал қарор дошта, то ҳол 32 сокини он ҷон бохтаанд. Бино ба иттилои расмӣ, давоми як ҳафта дар Қазоқистон 47 кас бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Дар маҷмӯъ дар ин кишвар 120 ҳолати марг бар асари КОВИД-19 расман ба қайд гирифта шудааст. Даҳҳо фавтидаи дигар... Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Прогулки по Германии: Мюнхен, Германия

1 мая: какой сегодня праздник, что было в этот день

Автор проекта "Великое наследие" создает уникальные энциклопедии

«Начальник Чукотки» против «хозяина тайги». Как жили звезды «Бумбараша»

Музыкальные новости

Якубко: в декабре все опять будут плеваться от календаря РПЛ, но это легко можно исправить

Бастрыкин поручил представить доклад по делу о побоях 10-летней девочки в реабилитационном центре

"Динамо" и "Зенит" назвали стартовые составы на матч 26-го тура РПЛ

«Хлеб всему голова». Как в Крыму и Севастополе изменились цены на хлеб?

Новости России

Автор проекта "Великое наследие" создает уникальные энциклопедии

Всего 1,18 млн рублей за новую Lada Vesta. В Белоруссии стартовали продажи Lada Vesta Black Line

ЭСК указала на ошибки главного арбитра дерби ЦСКА — «Спартак» Казарцева

Источник 360.ru: трое подростков пострадали при аварии в Москве

Экология в России и мире

Что будет, если есть яйца каждый день: 15 научных фактов

Героическое участие армян в СВО. Часть третья

Природа России 81

Куда поехать на майские праздники в России: топ-7 направлений

Спорт в России и мире

Рыбакина узнала неприятную новость перед "казахстанским дерби"

Теннисист Надаль навестил в больнице 16-летнюю российскую теннисистку Корнееву

Надаль навестил в больнице 16-летнюю российскую теннисистку

Азаренко проиграла в 1/16 финала турнира WTA-1000 в Мадриде

Moscow.media

Регистрация Авторского права. Регистрация объекта авторского права. Регистрация Авторского права на книгу. Регистрация Авторского права на музыку.

Автомобили Kaiyi — с комфортом в любое путешествие

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week











Топ новостей на этот час

Rss.plus






ЭСК указала на ошибки главного арбитра дерби ЦСКА — «Спартак» Казарцева

Всего 1,18 млн рублей за новую Lada Vesta. В Белоруссии стартовали продажи Lada Vesta Black Line

«Начальник Чукотки» против «хозяина тайги». Как жили звезды «Бумбараша»

Источник 360.ru: трое подростков пострадали при аварии в Москве