Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, талафот аз коронавируси нав ба 50 нафар расид. Вазорат рӯзи 13-уми июн бо нашри баёнияe гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта, 69 мавриди собитшудаи COVID-19-ро сабт кардааст ва дар умум теъдоди гирифторон ба 4971 нафар расидааст. Аз ин миён 3288 нафар шифо ёфтаанд. Мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон... Читать дальше...
Як ҷавонзан дар Кӯлоб, ки баъд аз моҷарои хонаводагӣ худашро оташ задааст, субҳи рӯзи 13-уми июн даргузашт.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар як назарсанҷӣ дар соли 2019 аз мардум пурсидаанд, ки сабаб ва омилҳои ангезандаи зӯроварӣ дар оила кадомҳоянд.
Бар асари сӯхтор дар як корхонаи коркарди нафти дар ноҳияи Рудакӣ панҷ анбори нафт нобуд шудааст. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки оташсӯзӣ рӯзи 12-уми июн дар Корхонаи коркарди нафт дар ҷамоати Гулистон 10 километрии пойтахт ба вуқӯъ пайваст ва пас аз се соат фӯру нишонда шуд. Панҷ анбори гази моеъ нобуд шудааст, вале хушбахтона касе осеб надидааст. Сабаби оташсузӣ таҳқиқ мешавад. Дар хомӯш кардани оташи азим гурӯҳи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда... Читать дальше...
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи 75 нафараи иборат аз афсарону сарбозони тоҷик дар машқҳои омодагӣ ба паради (гузашти) 75-умин солгарди пирузӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав ширкат карданд. Ин гурӯҳ аз ҳисоби Баталиёни посбони фахрии ситоди генералӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи ҳарбӣ ташкил шудааст. Дафтари матбуоти вазорат рӯзи 13-уми июн гуфт, ҳайати Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн ҷумъа ба Маскав рафтанд. Русия бо назардошти пандемияи коронавирус паради 75-солагии пирузӣ бар Олмони фашистиро... Читать дальше...
Дана Уайт президенти UFC макони баргузории рақобати қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва размикори амрикоӣ Ҷастин Гэтҷиро гуфт
Барои онҳое, ки мехоҳанд, дар Тоҷикистон соҳибкор шаванд, як барномаи нав шурӯъ шуд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, маъмурони пулис усули нафасгир карданро набояд истифода баранд, ба шарте, ки ҳолати истисноӣ набошад. Ӯ рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо телевизиони “Фокс Нюс” гуфт, дар умум бояд ба ин таҷриба “хотима дода шавад”. Вай афзуд: “Ман нафасгир карданро хуш надорам, вале агар шумо танҳо ҳастед ва бо касе меҷангед, мушкил аст.” Айни замон ҳукумати Амрико дастуреро омода мекунад, ки ба идораҳои пулис тавсия додааст, мувофиқ ба “усулҳои касбии истифода аз нерӯ амал... Читать дальше...
Мусобиқаҳои варзиши сабуки ҷаҳонӣ акнун тибқи дастурамале, ки ба хотири пешгирӣ аз маризии коронавирус таҳия шудааст, баргузор мешаванд .
Муфаттишон дар Ҷумҳурии Беларус мегӯянд, “далелҳои собите” доранд, ки нишон медиҳад, Виктор Баярка яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳур дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ даст дорад. Муфаттишони Кумитаи назорати молӣ дар ин бора як рӯз баъд аз боздошти 15 корманди “Белгазпромбанк” эълон доданд, ки Виктор Баярка як замон раиси он буд. Иван Серселия раиси кумита рӯзи 12-уми июн гуфт, ки “тасаввур намекунам, ки ончӣ дар бонк рух дод, бе огаҳии раиси он сурат гирифта бошад.” Муфаттишон “Белгазпромбанк”-ро... Читать дальше...
Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 – ро анҷом дода, ҷуфти рақибонро муайян намуд
Бо суръат гирифтани сирояти коронавирус дар Бразилия ин кишвар аз назари талафот ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наздиктар шуд, ки теъдоди фавтидагон дар он бештар аз ҳама дар ҷаҳон аст. Айни замон дар баъзе иёлатҳои Амрико, теъдоди гирифторон ва беморони бистарӣ дар шифохонаҳо рӯ ба афзоиш овардааст.
Тағйироти тоза ба қонун, ки ҷазо “барои пахши ахбори ғалат” дар бораи пандемияро пешбинӣ мекунад аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба вокунишҳои тунд ру ба ру шуд.
Таҳқиқи парвандаи 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба марги варзишгари рус Сергей Чуев гумонбар ҳастанд, ба поён расидааст.