Бар асари таркиш дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон дастикам 40 нафар кушта, қариб 200 нафар захмӣ шудаанд. Таркиш ҳангоми гирдиҳамоии як ҳизби мазҳабӣ рух додааст. Теъдоди кушташудагон метавонад афзоиш ёбад, зеро вазъи бархе аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад. Дар ин бора мақомоти расмӣ хабар додаанд. Таркиш дар минтақаи Баҷаур, ки наздик ба марзи Афғонистон аст, рух додааст. Як пулис ба хабарнигори Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор тақрибан соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ... Читать дальше...
Мақомоти тоҷик мегӯянд, занону кӯдаконе, ки аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Сурия ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд, ҳанӯз ҳам ба табобату офиятбахшӣ ниёз доранд.
Бар асари борону тӯфон ва тундбоди сахт дар қисмати марказии Русия садҳо маҳалли аҳолинишин бебарқ монда, дасти кам 10 кас ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, дар пайи тӯфон ва саросез шудани дарахтон ба болои хаймаҳо дар назди кӯли Ялчики ҷумҳурии Марий Эл 8 нафар ба ҳалокат расида, 29 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар миёни ҳалокшудаҳо се кӯдак ҳам будааст. Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба марги ин атфол парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Шоми 29-уми... Читать дальше...
Баъд аз садамаҳои маргбор дар роҳҳои кишвар аз ҷумла бо ширкати кормандони БДА ин ниҳод дар асоси як созишнома 130 нафарро ба “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” мебарад.
Зимни сафари Шавқат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Фарғона 5 мақомдор аз мансаб барканор шудаанд. Дар ҷаласае рӯзи 27-уми июл дар вилояти Қуқанд, раиси ҷумҳур муовини ҳокими вилояти Фарғона, раҳбари Раёсати андоз, ҳокими ноҳияи Риштону Марғилон ва раиси шӯъбаи андози ин ноҳияро аз мақом гирифтааст. Бино ба иттилои сухангӯи президент, Шавкат Мирзиёев раҳбарону мақомдорони чанд вилояти дигарро танбеҳ додааст. Ба ҳоким ва роҳбарони чанд ниҳод аз ҷумла, сардори Раёсати корҳои дохилӣ ва Хадамоти... Читать дальше...
Шаби 30-юми июл Маскав мавриди ҳамлаи бесарнишин қарор гирифтааст. Ду бесарнишин ба Маҷмааи тиҷоратии “Маскав Сити” бархурда, парвозҳо аз фурӯдгоҳи “Внуково” барои як муддат баста шуданд.
Наздикони Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки бо гузашти беш аз як моҳ аз рабуда шудани ӯ, додситонӣ онҳоро ба парванда шинос намекунад. Ба гумони рабудани ин омӯзгор, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ҳамроҳ бо як нафари дигар боздошт шудааст. Парвандаи онҳо ба гумони одамрабоӣ дар баррасии Додситони кул қарор дорад. Рӯзи 24-уми июл як намояндаи дафтари матбуоти ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, парванда ҳанӯз дар баррасӣ аст ва барои шарҳи бештар мактуби расмӣ талаб намуд.
Ситора 13 сол дошт, ки писархолааш ӯро таҷовуз кард. Касе ба додаш нарасиду аз назари равонӣ кумак накард. Дар Тоҷикистон ин гуна ҳодисаҳо кам нест, вале атрофиён аз тарси бадномӣ сукут пеша мекунанд. Равоншинос инҷо машварат медиҳад, чӣ кор бояд кард, то таҷовузшуда зиндагии дуруст дошта бошад.
Салом, хоҳар. Ин барномаи нави махсуси Радиои Озодӣ барои бонувон аст ва дар он қиссаи занонеро, ки роҳ ёфтанд, ё роҳгум заданд, чун дарси роҳнамое пешниҳоди шумо мекунем.