Аз расмҳои номақбуле, ки дар Тоҷикистон ривоҷ гирифта, истиқбол аз мансабдорон ё шахсони сарватманду қудратманд бо гулу гулдаста ва ё бо нону намак аст. Ин расм дар замони шӯравӣ гоҳу ногоҳ мушоҳида мешуд, аммо ба назар мерасад дар даврони беш аз сисолаи истиқлоли кишвар ба ҳадди ифрот расидааст.
Мэйзи Вейчердинг, пажӯҳишгари Афви Байнулмилал (Amnesty International), дар нишасте гуфтааст, мақомот аъзои оилаи сиёсатмадорони мухолиф, рӯзноманигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро ҳамчун абзори фишор ба зидди онҳо истифода мебаранд.
Бо вуҷуди сахтгириҳои Толибон, занон дар Афғонистон ба зидди фармони нави онҳо эътироз карданд. Гуруҳи динии ҳоким дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аз занону духтарон хостааст, то охири моҳи июл дари кошонаҳои ҳуснро банданд, чун мувофиқи шариат дуруст нест ва ҷазо дорад. Занони ороишгар дар Афғонистон мегӯянд, ин ягона ҷойи кору имкони пулёбии онҳост.
Муҳоҷирон дар Русия ҳарчӣ бештар ба гирифтани маълумоти олӣ майл пайдо мекунанд. Зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти ҷойҳои кории бонуфуз ба донишгоҳҳо дохил мешаванд. Хабарнигорони “Мигрант Медиа” аз марказе дидан карданд, ки дар он барои босавод шудани муҳоҷирон мадад мерасонанд.
Бино ба гузоришҳо, Эрон гашти пулиси ахлоқро дар ин кишвар аз сар мегирад. Ҳадафи он риояи иҷрои қонунҳо дар бораи ҳиҷоб ё рӯсарии занон аст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи апрели имсол барои президент Эмомалӣ Раҳмон аз Мексика ҳавопаймои “Boeing 787-8 Dreamliner” харид ва баҳсро дар бораи онки “оё воқеан ба он эҳтиёҷ буд ё не” доғ кард.
Дафтари нахуствазири Исроил гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу рӯзи 15-уми июл дар шифохона бистарӣ шуд, аммо вазъаш хуб аст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон зиёда аз 45 қиморхонаи пинҳонӣ дар шаҳрҳои Бишкеку Уш ва вилоятҳои Чуй, Уш ва Ҷалолобод ошкор шудаанд.
Дар соли 1900 Ҷабборқул, писари Худоёри Ҳоҷӣ, ба унвони «мингбошӣ» ё пешвои тоифаи қирғиз (муодили раиси ноҳия ё уезд) дар Мурғоб интихоб шуд ва зери сайтараи ҳукумати маҳаллии Русияи подшоҳӣ бар ҳамтаборонаш ҳукумат мекард.
Агар қудрат медоштед ва аз дастатон иҷрои кори муҳиме ё ҳалли мушкили азиме меомад, кадом корро пеш аз ҳама ҳал мекардед? Посухи ин суолро ҳамкорони мо Амир Исоев ва Искандари Фирӯз аз роҳгузарон дар Душанбе пурсиданд. Посухҳо дар видео.