Муфтиёт ё идораи мусулмонони вилояти Маскав дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ОМОН ба масҷиди Дзержинский ба Додситонии кулли Русия шикоят бурдааст. Муфтиёт ин амалкардро ҳамчун таҳқири эътиқоди динии мусулмонон баҳогузорӣ намуда,таҳқиқи рейдро талаб кардааст.
Мақомоти интизомии Туркия давоми чанд рӯзи ахир дар як қатор муассиса ва корхонаҳо "рейд" гузаронида, ҳазорон муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кардаанд. Телевизиони туркии “Аҳабер” рӯзи 16 июл дар як гузориши худ қайд кард, ки "рейдҳо"-и маъмурони пулиси ин кишвар барои ошкор ва боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар як моҳи ахир ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. "Рейдҳо" асосан дар шаҳри Истанбул ва минтақаҳои сайёҳӣ сурат гирифтаанд. Санҷиши муҳоҷирон дар Туркия дар ҳолест, ки президент Раҷаб Эрдуғон дар як изҳороти худ гуфт... Читать дальше...
Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Қирғизистон Ҷамила Ҷаманбоева пешниҳод кард, ки лоиҳаи қонуни ин кишвар дар бораи "намояндагони хориҷӣ" бозхонд карда шавад.
Шикоят аз таъқиби муҳоҷирони мусулмон дар Русия. Баъди рейдҳои иғвобарангез ба масҷидҳо пешвоёни мусулмонони Русия талаб кардаанд, ки ин амал таҳқиқ ва масъулони он ҷазо гиранд.
"Рӯҳафтода нестем!" Оилаҳо мунтазири бозгашти рӯзноманигорони маҳбусанд.
Додситонии вилояти Бадахшон аз Додгоҳи олии иқтисодӣ тақозо кардааст, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба давлат бозгардонда шавад. Ин замин охири солҳои 90-ум аз сӯи Шабакаи Оқохон харидорӣ шуда, ҳоло мақомот даъво доранд, ки харидуфурӯш пурра қонунӣ набуд.
Дар Хоруғ додситонӣ мехоҳад замини Донишгоҳи Осиёи Марказиро бозпас гирад.
Шохаҳои аксари дарахтони зардолу имсол аз серҳосилӣ ба замин моил шудаанд. Тоҷирону деҳқонон мегӯянд, барои ҷамъоварии ҳосил заҳмати зиёд мекашанду харҷи бештар мекунанд, вале фоидаи камтар мегиранд.
ИМА ба хотири паём додан ба Русия ва Эрон пешрафтатарин ҳавопаймоҳои ҷангии худ "F-35"-ро ба Ховари Миёна мефиристад.
Шикоят аз таъқиби мусулмонони муҳоҷир дар Русия, идораи додситонии Тоҷикистон дар Хоруғ мехоҳад замини Донишгоҳи Осиёи Марказиро бозпас гирад, сарнавишти оилаҳои рӯзноманигорони маҳбус ва матолиби дигар.
Шаш созмони рӯзноманигорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кулл хостанд, назорат аз болои нишастҳоро пурзӯр кунанд. Дар изҳорот омадааст, нишастҳои матбуотӣ "на танҳо қолабӣ шудаанд, балки моҳияти худро низ аз даст додаанд: мансабдорон танҳо арқоми хушку холиро пешниҳод мекунанд."
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз додрасҳо хостааст, ки адолатро риоя кунанд ва парвандаҳоро шаффоф баррасӣ кунанд. Ин ҳарфро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июл ҳангоми суҳбат бо додрасҳо гуфтаат, ки тоза фармони корашон содир шудааст.
Қазоқистон аз Узбекистон дархост кардааст, ки нархи транзити орд ба Афғонистонро тавассути роҳи оҳан арзон кунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки фаъолияти яке аз корхонаҳои қадимтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон то охири имсол боздошта шавад, зеро ҳавои шаҳри Душанберо бисёр олуда мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки фаъолияти яке аз корхонаҳои қадимтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон то охири имсол боздошта шавад, зеро ҳавои шаҳри Душанберо бисёр олуда мекунад. “Ховар” хабар дод, ки қарори манъи фаъолияти корхона дар ҷараёни ҷаласаи ҳукумат қабул шудааст.
Оҷонси омори Узбекистон мегӯяд, давоми 5 моҳи соли равон дар ин кишвар 1300 ширкати муштарак бо сармояи хориҷӣ таъсис дода шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, 376 тои ин ширкатҳо бо сармояҳои соҳибкорони рус ташкил шудааст. Ҳамин тариқ Русия аз нигоҳи теъдоди корхонаҳои муштарак дар Узбекистон мақоми аввалро касб мекунад. Чин (245) дар мақоми дувум ва Туркия (121) дар мақоми севум қарор доранд. Тибқи ҳисоби оҷонс, теъдоди ширкат ва корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ дар Узбекистон то 1 июли соли равон дар маҷмӯъ ба 12 ҳазору 807 расидааст. Читать дальше...
Президенти Русия Владимир Путин шоми душанбе бо раҳбарони минтақаҳои ҳамшафати пули Қрим ва Вазорати нақлиёти ин кишвар ҷаласаеро баргузор кард.
Додситонии вилояти Бадахшон аз Додгоҳи олии иқтисодӣ талаб кардааст, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба давлат бозгардонда шавад. Ин замин охири солҳои 90-ум аз сӯи Созмони Оқохон харидорӣ шуда, ҳоло мақомот даъво доранд, ки харидуфурӯш пурра қонунӣ набуд.