Шаби гузашта ҳукумати Эрон ду афғонро, ки гӯё дар ҳамла ба оромгоҳи шиъаҳо бо номи Шоҳчароғ даст доштаанд, эъдом кард. Хабаргузориҳои Форс ва ИСНА гуфтанд, ки Муҳаммад Ромиз Рашидӣ ва Наим Ҳошим Қатолӣ, субҳи имрӯз дар мазҳари ом дар Шероз эъдом шудаанд. Дар ҳамла ба Шоҳчароғ, тирамоҳи соли гузашта, дастикам 15 нафар кушта ва беш аз 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Мақомоти Эрон он замон як шаҳванди Тоҷикистонро ҳам дар ҳамла ба масҷиди шиаён дар шаҳри Шерози Эрон айбдор карда... Читать дальше...
Қарор аст имрӯз ҷасади Рустам Ашӯров, шаҳрванди дар фурудгоҳи Кишинёв кушташудаи Тоҷикистон ва гумонбар дар қатли муовини раиси “Ориёнбонк”-ро ба Душанбе интиқол диҳанд.
Вазири умури дохилии Олмон гуфт, бо боздошти 7 нафар аз ҷумла 5 тоҷик, аз як ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ карданд. Ненсӣ Фейсер дар ин бора рӯзи 6-уми июл ва баъди он суҳбат кард, ки додситонии олмон гуфт, як ҳалқаи террористӣ мехост ният дошт дар Олмон ҳамлаи мудҳише анҷом диҳад
Дар ин барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" аз сарнавишти як зани тоҷик мегӯем, ки видеои даъвои ӯ бо як маъмури милисаи бадрафтор дар Русия баҳси зиёдеро барангехт. Фариза ин даъвову кашмакаш ва рӯзгори дар аввал сахти худ дар Русия нақл мекунад.