Дар Ҳолланди фарсахҳо дур аз Тоҷикистон барои кӯмак ба сарбози тоҷике, ки яке аз қурбониёни дедовшина ё меҳтарсолорӣ аст, пул ҷамъ оварданд. Сокинони Ҳоланд баъди дидани филм дар як телевизиони ин кишвар ба сарнавишти ҷавони маъюби тоҷик таваҷҷӯҳ кардаанд.
Вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон бо мавизаш машҳур аст. Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар инҷо ба тарзи куҳна тақрибан 20 тонна мавиз омода мекунанд.
Хуҷанобиддин Бобиев, шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Екатеринбург аз мақомоти Русия хостааст, барояш иҷоза диҳанд, ки дар маросими дафни писари 6-солааш Далер Бобиев дар ин кишвар иштирок кунад.
Радиои Озодӣ тавассути манобеаш номи як гумонбари дигари эҳтимолиро ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", дақиқ кард.
Радиои Озодӣ номи як гумонбари дигари эҳтимолӣ ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоевро пайдо кард. Ин нафар Дилшод Саидмуродов, собиқ корманди Додситонӣ ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил аст.
Радиои Озодӣ беш аз даҳ хонаводаро дар Бадахшон пайдо кардааст, ки аз ду то даҳ аъзои онҳо пас аз ширкат дар эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва майи 2022 зиндонӣ шудаанд.
Як хонавода дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан баръакс иддао дорад, ки чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд", вале мақомот ба ҷойи муҳокимаи онҳо амаки духтар ва чанд сокини деҳаро бо худ бурданд.
Мақомоти Молдова мегӯянд, касе аз наздикони Рустам Ашӯров, афсари cобиқи тоҷик барои гирифтани ҷасади ӯ муроҷиат накардааст. Ашӯров, баъд аз куштани ду нафар дар Фурудгоҳи Кишинёв дастгир шуд ва шаби сеюм ба чоруми июл дар яке аз беморхонаҳои ин шаҳр даргузашт. Эмил Гайтур, сухангӯи Додситонии Молдова ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, дар сурати пайдо нашудани хешовандони шаҳрванди Тоҷикистон мумкин аст ӯро дар ҳамин кишвар дафн кунанд. Мақомоти Молдова гуфта буданд, шаҳрванди Тоҷикистон баъди куштани ду маъмури амниятии фурудгоҳ даҳ тир хӯрда... Читать дальше...
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон 785 нозири байналмилалиро ба қайд гирифтааст, ки қарор аст, интихоботи президентии ин кишварро назорат кунанд. Тибқи иттилои нашрияи "Дунё", ҳамчунин 1299 намояндаи расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ барои бозтоби интихобот сабтином шудааст. Интихоботи зудрас дар Узбекистон рӯзи 9-уми июл таъйин шудааст. Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ ва Шавкат... Читать дальше...
Ошӯби нофарҷоми Евгений Пригожин, раҳбари ширкати муздури "Вагнер" ва ба Белорус рафтани ӯ, кишварҳои соҳили Балтикро ба ташвиш андохтааст, ки мабодо қотилонашро ба ин кишварҳо нафиристад.
Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев дар "Фейсбук" навишт, ки нақшаҳои ҳукумат дар робита ба ширкати мобилии "Альфа Телеком"-и ин кишвар иваз нашудаанд. Ӯ тасдиқ кард, ки ин ширкат дар фурӯш гузошта шудааст. Ба гуфтаи Султонбоева, Бонки давлатии рушди Қирғизистон мехоҳад онро бихарад. "Бо ин роҳ ширкат дар ихтиёри давлат боқӣ монда, дар рушди иқтисоди кишвар саҳм хоҳад гузошт. Ҳамчунин иваз шудани молики ширкат боиси беҳтар шудани сифати хидматрасонӣ хоҳад шуд",-навиштааст ӯ. Бунёди... Читать дальше...
Оҷонси паноҳандагони Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбеи 4-уми июл эълон кард, ки дар соли 2022 ҳудуди як миллион нафар дар кишварҳои узви ин иттиҳод дархости паноҳандагӣ кардааст ва шумори дархостҳо дар Олмон беш аз дигар кишварҳо будааст.