Дар Узбекистон 12 корманди сохторҳои қудратӣ барои аз роҳи шиканҷа ба марг расонидани боздоштшуда ба зиндон маҳкум шуданд. Мурофиа дар додгоҳи виляти Андиҷон барпо шуд ва бо қарори додгоҳ кормандони як шӯъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ барои шиканҷаву то марг расонидани Санҷарбек Мамаҷонов дар дохили боздоштгоҳ то чорсолӣ ба ҳабс маҳкум шуданд. Дар миёни шаш нафари ба чорсолии зиндон маҳкумшуда навбатчии масъул ва нозирон мебошанд. Шаш нафари дигар, ки дар миёнашон раиси боздоштгоҳ низ ҳаст, сесолӣ ҳабс таъин шуд. Читать дальше...
Наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик, ки рӯзи 15-уми май дар бемористон дар синни 66-солагӣ даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд.
Наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик, ки рузи 15-уми май дар бемористон даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд. Пизишкон мегӯянд, ӯ гирифтори бемориҳое буд, ки пас аз ҷарроҳӣ дигар имкони наҷоташ вуҷуд надошт. Мақомот шикояти наздикони коргардонро санҷидаанд, вале дар хулосаи ниҳоӣ аз назари табибон пуштибонӣ кардаанд. Умеда Халилова, ҳамсари коргардон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш бо пойи худ ба бемористон рафт, то пизишкон санги талхадонашро берун кунанд.
Дар Остона, пойтахти Қазоқистон, пас аз як амалиёт дар бонки "Kaspi" гаравгонҳоро аз дасти силоҳбадасти ношиносе озод кардаанд. Матбуоти маҳаллӣ рӯзи 18-уми июн хабар дод, ки гӯиё гаравгонгир аз кормандони бонк талаби интиқоли пул ба чанд суратҳисобро карда, барои иҷрои ин се соат вақт дода будааст. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, ки гаравонгир боздошт шуд ва кормандони бонк аз чанги ӯ раҳо гардиданд. Мақомот дар бораи шахсияти ин нафар ва ҳадафаш расман чизе нагуфтаанд. Матбуоти маҳаллӣ гуфтааст... Читать дальше...
Дар Тоҷикистон эҳтимолан базудӣ адабиёти дарсии мактабҳои ҳамагонӣ бо назардошти ҳақу ҳуқуқ ва баробарии зан дар ҷомеа таҳия шавад. ЮНЕСКО – идораи илму фарҳанг ва маорифи СММ мегӯяд, дар давраи омӯзишии серӯзае, ки ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, бо ширкати вазоратҳо, масъулони сохторҳои маорифи Тоҷикистон, муаллифони адабиёти дарсӣ ва ҳам намояндагони ҷомеаи маданӣ масъалаи “таҳияи маводи дарсӣ ва барномаҳои таълимии фанҳое, мисли физикаву химия ва биология, аз дидгоҳи таҳлилҳои гендерӣ ё баробарии ҷинсиятӣ” баррасӣ гардид. Читать дальше...
Пётр Каримов, писари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон модарандараш Татяна Каримоваро барои тақсими ба қавли ӯ, ноодилонаи мерос ба додгоҳ кашидааст. Қарор аст, шикояти Пётр Каримов, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, дар додгоҳи Яккасаройи шаҳри Тошканд дар рӯзи 26-уми июн сурат бигирад. Дар парванда номи Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов ва Пётр Каримов, зикр шудааст, аммо маълум нест, даъво сари кадом мерос мебошад. Пётр Каримови 54-сола писари Ислом Каримов аз ҳамсари аввали ӯ Наталя Кучма мебошад. Читать дальше...
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА бо сафари корӣ ба ҷумҳурии мардумии Чин рафт. Ин аввалин сафари як мақоми баландпояи Амрико дар панҷ соли ахир ба Чин аст. Блинкен рӯзи 18-уми июн бо Тсин Ган, вазири корҳои хориҷии Чин дидору мулоқт кард ва эҳтимол бо раҳбари ин кишвар низ суҳбат кунад. Сафари Блинкен моҳи феврали имсол барномарезӣ шуда буд, вале пас аз онки ИМА дар фазои худ як ҷисми шабеҳи пуфаки бузург, ки ба Чин таалуқ дошт, сарнагун кард, ин сафар лағв шуд. ИМА он замон гуфт... Читать дальше...
Як марди китобфурӯш дар ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, аз ин тиҷорат фоидае намебинад, вале ба хотири муҳаббат ба фарҳангу китоб онро тарк накардааст.
Дар ноҳияи Масчоҳ соҳиби ягона китобфурушӣ мегуяд, камбизоатӣ сабаби дур шудани мардум аз китоб шудааст. Зойирбек Соҳибов, 30 сол боз китобу рӯзнома мефурӯшад ва дар бораи тамоюлҳои китобу китобхонӣ мушоҳидаҳои худро дорад.
Як кишоварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иддао дорад, ки додгоҳ беасос ӯро бо гуноҳи буридани чандин дарахти худрӯ ҷаримаи калон баст. Ҳоло хонаводаи Қурбонбой Бобоҷонов ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурда ва хоҳони ҳукми одилона шудаанд.
Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гуноҳи буридани чандин дарахти худрӯ беш аз 40 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Худаш иддао дорад, ки ҳукм ноодилона аст, чун ӯ гуноҳе надорад. Зоҳиран баҳс, ки исми як мақомдори тоҷик ҳам ба он пайванд мехӯрад, акнун дар зинаҳои болоии додгоҳ идома меёбад.