Дар Русия тарҳи қонунеро қабул карданд, ки бар асоси он маҳбусон ба хидмат дар артиш ё ҷанг даъват хоҳанд шуд. Аммо қонун нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои ҷинсӣ, терроризм, ифрогароӣ ва хиёнат ба давлат кардаанд, татбиқ намегардад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 20-уми июн дар эъломияе гуфт, ки гармии ҳаво дар баъзе аз минтақаҳои Хатлон то 42-47 дараҷа хоҳад расид.
Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон дигарбора поин рафт. Як ҳафта пеш ҳазор рубл ба 132 сомонӣ иваз мешуд, ҳоло ба 126 сомонӣ. Чунин вазъ қабл аз ҳама муҳоҷирони корӣ ва наздикони онҳоро нигарон кардааст. Чаро?
Татяна Каримова, ҳамсари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, мегӯяд, ба ӯ иҷозат надодаанд, ки бо духтараш Гулнора Каримова дар зиндони занона мулоқот кунад.
Хуш омадед ба ҳафтаномаи "Рӯзгори муҳоҷир", ки ҳафтаи равон пешкаши бинандагон хоҳад шуд.
Чаро беқурбшавии рубли русӣ тоҷиконро нигарон кардааст?
Назари коршиносон дар бораи пастшавии қурби рубли русӣ, муаррифии ҳафтаномаи нави Радиои Озодӣ, талаби муҷозоти марде, ки кӯдакро азият додааст ва сарнавишти норӯшани маҳбусони низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.
Ба зидди ду сержанти қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои таҳқири 9 сарбоз дар як қисми низомӣ дар Исфара парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 20-уми июн хабар дод, ки дар пайванд ба нақшаи ошкоршудаи фасодкорӣ дар Бунёди рушди табиати ин кишвар ду каси дигар боздошт шуд.
Зиёда аз 50 ҳазор сокини вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд ва Ҷиззахи Узбекистон дар натиҷаи шамоли сахти рӯзи 19-уми июн бе барқ мондаанд.
Дар Арманистон аз 30 дарсад бештар сиёҳ кардани шишаи мошин манъ шуд. Ронандаҳое, ки ин талаботро риоя намекунанд, то 65 доллар ҷарима месупоранд. Ҳукумат мегӯяд, ҳадаф таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ аст, вале қонун ронандаҳоро нороҳат кардааст. Чаро?
Мақомоти Туркманистон ба ифтитоҳи шаҳри нави ин кишвар – “Арқадаг” (Муҳофиз) – омодагӣ мебинанд.
Дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии “Аврупо-2024” тими Ирландияи Шимолиро дар Белфаст ба ҳисоби 1:0 шикаст додааст.
Ҷустуҷӯйи киштии зериобие идома дорад, ки ҷаҳонгардонро барои тамошои вайронаҳои “Титаник” дар Уқёнуси Атлантик мебурд.
20-уми июн Рӯзи ҷаҳонии паноҳҷӯён аст. Рӯзи онҳое, ки аз бими озору азият ва даргирӣ кишвари худро тарк кардаанд. Барои Тоҷикистон, ки ҷанги дохилиро таҷриба кардааст, паноҳҷӯйӣ ҳанӯз мавзӯи рӯз аст. Ҳоло ҳам монанди 30 сол пеш садҳо шаҳрванди кишвар аз тарси пайгард хонаҳои худро тарк мекунанд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, аз якуми июл то нимаи моҳи август ба таътил хоҳанд рафт. Худашон мегӯянд, дар давраи корӣ қонунҳои зиёдро қабул ва ба муроҷиати мардум расидагӣ карданд. Сокинон дар ҳаққи онҳо чӣ мегӯянд? Дар видео бинед.
Ширкати "Makao Luxury Village Resort", ки толори худро барои ҳунарнамоии сарояндаи рус Григорий Лепс пешниҳод карда буд, рӯзи 19-уми июн гуфт, тасмим гирифтааст, қарордодро бо созмондиҳандагони консерт якҷониба қатъ кунад.
Додгоҳе дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, муҳлати ҳабси гумонбарони "парвандаи Кампиробод"-ро то 15-уми августи имсол дароз кард.
Узбекистон аз 1-уми октябри соли 2023 ба харидани 9 миллион метри мукааб дар як шабонарӯз гази Русия оғоз мекунад.
Рӯзноманигори қазоқистонӣ Жанбота Толеген дар Гурҷистон кушта шудааст.