Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, мумкин аст, ҳаво дар кишвар ба ҳадди тоқатфарсо ва то 40 дараҷа гарм шавад. Ҳарорате, ки дар аввали моҳи июн дар Тоҷикистон кам дида мешавад. Пизишкони тоҷик мегӯянд, мардум ва бахусус онҳое, ки бемории дил доранд, бояд дар ин гуна рӯзҳо эҳтиёт кунанд.
Ҳавошиносон пешбинӣ мекунанд, ки охири ҳафтаи равон ҳавои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҷамолиддин Расулов, раиси собиқи ширкати “Ҷамол-2012”-ро бо гуноҳи қочоқи инсон ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.
Бо кумаки Радиои Озодӣ Шаҳром ёфт шуд. Оё қиссаи ӯ барои дигарон дарс хоҳад шуд?
Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, ки шабакаҳои обёрии дуруст надорад, мардум оби кофӣ барои нӯшидану истифода дар рӯзгор намеёбанд.
Ихроҷи муҳоҷирони боздоштшуда дар Котелникии Русия, бозгашти навраси фирорӣ, ки бо кумаки Радиои Озодӣ пайдо ва ба хонааш интиқол дода шуд, ҳушдори ҳавошиносони тоҷик ва матолиби дигар.
Раҳбарони Қирғизистон мегӯянд, ин кишвар дар ояндаи наздик пули миллии худро дар дохил чоп мекунад. Ин нуктаро Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи 9-уми июн дар як чорабинии расмӣ баён доштааст. Дафтари матбуотии президенти Қирғизистон мегӯяд, ки айни замон корҳо барои чопи пули миллӣ дар дохил идома дорад ва таҷҳизоти зарурӣ барои онро харидаанд. Содир Ҷабборов дар оғози имсол гуфт, Қирғизистон шиноснома ва пули миллии худро мустақилона чоп мекунад ва аз ин кор ба буҷаи давлат дасти кам 3 миллиард сом фоида меорад.
Мануэл Микаллер, cафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ки ба зарурати озодии баён ва фаъолияти расонаҳои мустақил бовар дорад ва ин мавзуъҳоро ҳамвора дар ҳама мулоқотҳои сатҳи баланд бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузорад.
Мақомоти Оҷонси мубориза бо коррупсия як занеро, ки афсари баландрутбаи милисаро ба таҷовузи ҷинсӣ дар утоқи кориаш ва тамаъҷӯӣ муттаҳам мекунанд, бо худи ӯ ва наздиконаш рӯ ба рӯ ва бозпурсӣ кардаанд.
Мақомоти Эрон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд, ки вобаста ба вазъи Афғонистон барои мубориза бо терроризм ҳамкорӣ хоҳанд кард ва ба ҳамдигар «маълумоти фаврӣ» хоҳанд дод. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ин мавзӯъ рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбати Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон матраҳ шудааст. Ду додситон ҳамчунин "истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудаҳоро баррасӣ карданд.” Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ... Читать дальше...
Гузориши муштараки чанд созмон ва ниҳодҳои байналмилалӣ мегӯяд, ҳанӯз 675 миллион нафар аз сокинони ҷаҳон, бо шабакаи барқ дастрасӣ надоранд.
Дар баъзе минтақаҳои Туркманистон маъмурони пулис рӯзҳои ахир блогерони маъруфи маҳаллиро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили "YouTube", "TikTok" ва "Instagram" фаъол ҳастанд, бозпурсӣ мекунанд. Аз блогерон талаб мешавад, ки дар саҳифаҳои худ дар бораи Туркманистон танҳо матлабҳои мусбатро ҷой диҳанд. Аз ҷумла, дар бораи "Туркманистони шукуфон" бигӯянд ва "кудакони хушбахту биноҳои бунёдшаванда"-ро нишон диҳанд. Блогерони бозпурсишуда огаҳ карда шудаанд, ки нашри кадом матлабҳо манъ аст. Аз ҷумла ҳушдор гирифтаанд... Читать дальше...
Чин барои ҷосусӣ алайҳи ИМА дар Куба пойгоҳи махфӣ месозад. Нашрияи "The Wall Street Journal" бо истинод ба манбаъҳои огаҳ аз маълумоти махфӣ навиштааст, ки Пекин барои ҷойгиркунии пойгоҳаш дар ҷазира чанд миллиард доллар пардохт хоҳад кард. Ҳамсӯҳбатони нашрия гуфтаанд, ки пойгоҳ иктишофи радарӣ анҷом медиҳад. Аз ҷумла, он суҳбатҳои телефонӣ ва мукотибаҳоеро, ки тавассути шабакаҳои гуногуни иртиботӣ, бахусус моҳвораӣ сурат мегиранд, пайгирӣ мекунад. Ба гуфтаи манбаъҳои нашрия, иншооти Чин дар... Читать дальше...