Сокинони деҳаи Сари Осиёи канори шаҳри Кӯлоб аз мақомот тақозо доранд, ки ягона бинои собиқ клуби фарҳангиро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Клуби фарсудаи фарҳангиро, ки аз ёди бисёриҳо фаромӯш шуда буд, онро ҳамчун тамрингоҳи паҳлавонони оянда истифода мебурданд.
Арманистон ҳам ""мошинҳои сиёҳшиша"-ро ба танзим медарорад.
Сафари муовини сарвазири Русия ба Тоҷикистон; боздошти афсари Вазорати корҳои дохилӣ ба гумони одамрабоӣ; шикори "мошинҳои сиёҳшиша" дар Арманистон ва баҳси клуби деҳаи Сари Осиё дар Кӯлоб.
Додситонии кулли Тоҷикистон ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилиро боздошт кардааст. Сарҳанг ё полковники милиса Акмал Юсуфзодаро ба "одамрабоӣ" гумонбар медонанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилиро боздошт кардааст. Сарҳанг ё полковники милиса Акмал Юсуфзодаро ба "одамрабоӣ" гумонбар медонанд.
Додситонии кулли Абхозистон хабар дод, ки бо ҳукми Додгоҳи Сухуми, пойтахти ин ҷумҳурии эътирофношуда, ду зан аз Тоҷикистон 15-солӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.
Як мард дар Самарқанд пас аз баҳси телефонӣ бо ҳамсараш, ки дар Исроил кор мекунад, ду духтар ва писари худро бо зарби корд ба қатл расондааст.
Як мансабдори Русия гуфтааст, Маскав ва Душанбе бояд роҳҳои интиқоли маҳсулоти кишоварзиро бе миёнаравҳо рушд диҳанд.
Дар вилояти Албурз дар Эрон пас аз нӯшидани шароби қочоқӣ 14 нафар ба ҳалокат расида, 120 кас бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона бурда шуданд.
Подполковник Дилмурод Шодизодаро, ки қаблан як зан ба таҷовуз ва тамаъҷӯйӣ муттаҳам карда буд, аз мансаби сардори Раёсати тафтишоти Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд рондаанд.
Дар фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон нонҳоеро ба сокинон мефурӯшанд, ки пур аз нонхӯрак ҳастанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 15-уми июн гузориши солонаи худро дар бораи қочоқи инсон дар 188 кишвари ҷаҳон нашр кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна таъсис ёфт? Ҳудуди ҳозираи кишварҳои Осиёи Марказиро кӣ ва чӣ гуна кашид? Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик, кӯшидааст, дар навиштаи зер ба як гӯшаи дигаре аз таърихи тоҷикон дар оғози ҳукумати Шӯравӣ рӯшанӣ андозад.
Додгоҳи шаҳри Остона шикояти раиси пешини КДАМ-и Қазоқистон Карим Масимов ва ду муовини собиқи ӯ Ануар Содиқулов ва Даулет Ергожинро баррасӣ карда, ҳукми онҳоро қисман тағйир додааст.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Абдулло Шарифов аз ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 18-уми июн дар Макка ҷон дод ва субҳи 19-уми июн дар ҳамонҷо дафн шуд.