Дар Тоҷикистон эҳтимолан базудӣ адабиёти дарсии мактабҳои ҳамагонӣ бо назардошти ҳақу ҳуқуқ ва баробарии зан дар ҷомеа таҳия шавад.
ЮНЕСКО – идораи илму фарҳанг ва маорифи СММ мегӯяд, дар давраи омӯзишии серӯзае, ки ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, бо ширкати вазоратҳо, масъулони сохторҳои маорифи Тоҷикистон, муаллифони адабиёти дарсӣ ва ҳам намояндагони ҷомеаи маданӣ масъалаи “таҳияи маводи дарсӣ ва барномаҳои таълимии фанҳое, мисли физикаву химия ва биология, аз дидгоҳи таҳлилҳои гендерӣ ё баробарии ҷинсиятӣ” баррасӣ гардид.
Тарҳе, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо пиёда мешавад, баробарии ҳуқуқи занону мардон тавассути маводи таълимӣ дар мактабҳои миёнаву касбиро ҳадаф қарор додааст.