Дар Узбекистон барои карантин ва муолиҷаи гирифторони вируси корона ба таври фаврӣ беморхонаҳои махсус бунёд мекунанд. Ин беморхонаҳо дар шаҳри Тошканд ва чаҳор вилояти Узбекистон сохта мешаванд. Дар пойтахти Узбекистон сохтмони се муассисаи махсуси тиббӣ ҷараён дорад. Гуфта мешавад, ин муассисаҳо дар моҳҳои оянда ба қабули беморон шуруъ мекунанд. Дар ноҳияи Юкоричи вилояти Тошканд 55 га замин барои бунёди муассисаи карантинӣ ҷудо шудааст. Муассисаи дигар дар ноҳияи Зангиота дар майдони 27 га ва барои 10 ҳазор кас бунёд мешавад. Читать дальше...
Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи видеоии раҳбарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" (G20) пешниҳод кард, ки таҳримҳои байналмилалӣ дар робита ба воридоти дору, маҳсулоти ғизоӣ, таҷҳизот ва техникаҳо бекор карда шаванд. "Мо бояд ба маҳдудиятҳое, ки ба маҳсулоти ниёзи аввал ё интиқоли пул барои хариди онҳо рабт доранд, моратория эълом кунем", - афзуд Путин. Дар Русия аз соли 2014 таҳримҳои ҷавобие амал карда, воридоти маҳсулот, аз ҷумла ғизоиро аз кишварҳое манъ мекунад, ки зидди Москва... Читать дальше...
Мадина Ақназарова, овозхони ҷавони тоҷик, дар рӯзҳои охирини таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон дар бораи ҳунараш, нархи тарона, сензура дар интихоби мавзуъву либос ва, инчунин, бемории КОВИД-19 ибрози назар кард.