Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон баъди як рӯзи нигаронӣ ва пурсишҳои сокинон, эълон карданд, ки парвозҳоро аз фурудгоҳҳои кишвар ба тарафи Русия кам кардаанд.
Президенти Тоҷикистон ба зиёиён чӣ гуфт? Бо ин суол хабарнигорони Радиои Озодӣ ба иштирокчиёни ин мулоқот муроҷиат карданд.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) имрӯз, 18 март, расман эълон кард ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳое, ки бояд моҳҳои март ва апрел баргузор мешуданд, ба иллати коронавирус ба муҳлати номуайян ба таъхир андохта шуд. Бо сабаби бадтар шудани вазъият дар тамоми ҷаҳон ва маҳдудиятҳои кӯчдиҳӣ бо назардошти саломатӣ ва бехатарии футболбозон ва чанд дархосте, ки аз Ассотсиатсияҳои футбол ва бошгоҳҳо гирифтаанд, Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳои моҳҳои март ва апрел то огоҳии минбаъда ба таъхир андохта шаванд. Читать дальше...
Вакилони "навтаъин" мегӯянд, агар онҳо ҳукуматро танқид кунанд, ҷомеа инро ҳамчун беэҳтиромӣ қабул мекунад.
Раҳоии ҳазорҳо маҳбуси эронӣ дар чорчӯби мубориза бо коронавирус.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) тамоми талошҳоро мекунад, то Олимпиадаи соли 2020 дар Токио дар санаи қаблан тасдиқшуда, аз 24-уми июл то 9-уми август, баргузор карда шавад. Чунин аст натиҷаи мусоҳибаҳои видеоӣ бо роҳбарияти федератсияҳои намудҳои тобистонаи варзиш ва кумитаҳои миллии олимпӣ. Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо федератсияҳои байналмилалии варзишӣ машваратҳо доир намуд ва 17-уми март баёнияи расмӣ нашр кард. Дар баёнияи IOC омадааст, Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешавад... Читать дальше...
Ӯро бисту ду сол пеш дар сӯиқасде дар назди хонааш куштанд.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзҳои 21-22-юми март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт - 2020» доир мегардад. Ҳарду чорабинии варзишӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз бахшида мешавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, мудири Муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз, 18-уми март, хабар дод. Ӯ гуфт, “рӯзи 21-уми март, соати... Читать дальше...
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) изҳор намуд, ки барои қабул кардани ҳар гуна қарорҳои радикалӣ дар робита ба Бозиҳои олимпӣ дар пасманзари авҷи вируси корона дар ҷаҳон ниёз нест
Шумораи қурбониёни вируси корона дар ҷаҳон рӯзи сешанбеи 17-уми март аз 7500 нафар гузашта, шумораи гирифторон низ аз 182 ҳазор нафар бештар шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 160 кишвари ҷаҳон бо ин вирус даст ба гиребон ҳастанд.
Иттиҳоди футболи Аврупо (UEFA) дар видеоконфронс, ки 17-уми март баргузор намуд, тасмим гирифт ба иллати пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 Ҷоми Аврупо-2020 то соли 2021 мавқуф гузошта шавад. Қаҳрамонии футболи Аврупо-2020 мебоист аз 12-уми июн то 12 -уми июл дар 12 варзишгоҳи 12 шаҳр: Амстердам, Боку, Билбао, Будапешт, Бухарест, Глазго, Дублин, Копенгаген, Лондон, Мюнхен, Рим ва Санкт-Петербург баргузор мешуд. Дурахши COVID-19 дар Чин соли гузашта сабт шуда буд. Тибқи маълумоти охирин дар... Читать дальше...
Тоҷикистон имсол дар Шохис ё индекси озодии иқтисодии Бунёди Heritage боз ҳам ба рӯйхати кишварҳое бо иқтисоди "умтадан ғайриозод" ворид карда шудааст.
Манъи ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз Тоҷикистон ба Русия рӯзи 17-уми март даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки нияти сафар ба ин кишварро доштанд, дар назди Идораи роҳи оҳани Душанбе ҷамъ овард.