Ду деҳаи Дарвози Тоҷикистон шаби 6 ва 7-уми март аз самти Афғонистон тирборон шудаанд. Гулулаҳо ба манзили зисти ду сокини деҳаи Рузвай ва мактаби деҳ афтодаанд, вале деҳаи Зингроғ осеб надидааст.
Рустами Шоҳмурод, вазири собиқи адлияи Тоҷикистон ва ҳамакнун вакили тозаинтихоби Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки дар вазифаи нави худ ба рушди қонунгузории кишвар дар бахши рушди тамоми соҳаҳои Тоҷикистон талош хоҳад кард. Аз ҷумла, вай ҷонибдори бозбинии Кодекси андози ва Қонуни ҷиноятии кишвар аст. Радиои Озодӣ: Муҳтарам Рустами Шоҳмурод, шумо тоза вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудед. Ба унвони қонунгузор ба чӣ масоиле бештар таваҷҷӯҳ мекунед? Рустам Шоҳмурод: Дар ҳамаи мулоқот бо интихобкунандаҳо ман гуфта будам... Читать дальше...
Бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон-"Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020 дар гурӯҳи “D» бе тамошобинон баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсиони футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ тавсия додааст, ки ба иллати хатари коронавирус чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар коҳиш дода шавад. Федератсиони футболи Тоҷикистон ин тавсияро дастгирӣ намуд ва тасмим гирифт... Читать дальше...
Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи “RСС boxing Promotions”, ки 7-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир гардид, бори чорум камарбанди “WBC International”- ро ҳифз кард. Рақиби муштзани тоҷик дар мусобиқаи “Шоми ситораҳо”, ки бори 35-ум доир гардид, Томас Рохаси мексикоӣ буд. Ёқубов, ки дар ҷараёни 12 раунд бартарӣ дошт, бо тасмими доварон (118-110, 119-110 ва 117-111) бар рақибаш ғолиб эълон шуд. Зимнан, ин 16-умин пирӯзии Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад. Читать дальше...
Баъзе аз мушкилоти занони тоҷик ба касалии кӯҳнашуда монанд аст, аммо чаро "дору"-и нав маризии дигарро ба бор меорад?Занон ҳангоми кор дар ноҳияи Рӯдакӣ. Моҳи августи 2017