Намояндагони Академияи илмҳо ва Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикиро омода кардаанд, вале ба эътирофи бархе аз аъзои гуруҳи корӣ дар лоиҳаи нав низ ба баҳсҳои кӯҳна нуқта гузошта нашудааст. Аз ҷумла, дар масъалаи "у" ва "ӯ".
Акмал ва Анвар ду ҷавоне, ки ҷони як духтарро аз бинои оташгирифтаи шифохонае наҷот доданд, мегӯянд, ки фақат вазифаи инсониашонро иҷро карданд ва худро қаҳрамон намеҳисобанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми март дар Маркази саломатии ноҳияи Ёвон ба вуқуъ пайваст. Роҳ ёфтани як навори кӯтоҳ аз корнамоии ду ҷавон ба Интернет, ки бо таноб духтареро аз иҳотаи оташ мекашанд, боиси ситоиши зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Акмал Султонов ва Анвар Таваралиев, ҷавонҳое, ки Миҷгонаи 27-соларо аз миёни дуду оташ наҷот доданд... Читать дальше...
Чаро додситонии Маскав ба интиқоли пули муҳоҷирони корӣ таваҷҷӯҳ нишон дод?
Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Афғонистон шикоят доранд, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо иҷоза намедиҳанд, молу маҳсулоташонро ба кишвар ворид кунанд.
Акмал ва Анвар ҳамшираи шафқатро аз коми оташ берун кашиданд
Интихоботе, ки натиҷааш ҳизби ҳоким ва аҳзоби дигари рӯ ба ҳукумати Тоҷикистонро розӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ, ягона нирӯи мухолиф дар ин корзорро норозӣ гузошт. Гузориш рӯзи 12-уми март нашр шуд.
Трамп вуруди аврупоиҳо ба Амрикоро шадидан маҳдуд кард.
Ҳарвӣ Вайнштейн, яке аз продюссерони бонуфузи Ҳолливудро бо гуноҳи таҷовузи ҷинсии як зан ва азияти озори ҷинсии зани дигар ба 23 соли зиндон маҳкум карданд.
Ба суръат паҳн шудани вируси хатарноки корона дар ҷаҳон, мақомоти бозорҳои Тоҷикистонро водор кардааст, ки ин маконҳои серодамро "дезинфексия" кунанд. Масъулони бозорҳо мегӯянд, ҳамакнун онҳо на моҳе як дафъа, балки ҳар рӯз баъд аз анҷоми кор бозорҳоро бо маҳлулҳои махсус покиза менамоянд.
Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус тамрини роҳпаймоиҳо ё маршировкаро муваққатан қатъ карданд, ин шабу рӯз дар Хуҷанд машқи ҳазорҳо хонанда ва донишҷӯ идома дорад. Онҳо барномаи идонаи ҷашни асосии Наврӯзи имсола дар маркази вилоят Суғдро тамрин мекунанд.
Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус тамрини роҳпаймоиҳо ё маршировкаро муваққатан қатъ карданд, ин шабу рӯз дар Хуҷанд машқи ҳазорҳо хонанда ва донишҷӯ идома дорад. Онҳо барномаи ҷашни асосии Наврӯзи имсола дар маркази вилояти Суғдро тамрин мекунанд.
Вируси хатарноки COVID-19, ки моҳи декабри соли гузашта дар Чин кашф шуд ва то кунун дар ҷаҳон боис ба марги беш аз чаҳор ҳазор нафар гардид, бисёриҳоро дар Тоҷикистон низ нигарон кардааст. Мақомот мегӯянд, то ин дам ягон ҳолати гирифтор шудан ба ин вирус дар кишвар сабт нашудааст. Аммо беш аз якуним ҳазор нафареро, ки аз Чину Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистону Эрон омаданд, зери назорат қарор доданд. Бисёре аз сокинон мепурсанд, ки коронавирус чӣ навъ беморист ва чӣ тавр мешавад аз он пешгирӣ кард? Хабарнигорони Радиои Озодӣ кӯшиш карданд... Читать дальше...
Рубл, пули миллии Русия, чанд рӯз боз ба шиддат арзиши худро аз даст медиҳад. Рӯзи 10-уми март қурби он якбора 5 дарсад поин рафт ва коршиносон ин рӯзро барои рубл "сешанбеи сиёҳ" унвон карданд. Бахши аъзами даромади Русия аз фурӯши нафт аст ва дар пайи ноком шудани музокираҳои миёни раҳбари OPEC - Арабистони Саудӣ бо Русия, арзиши рубли русӣ башиддат поин омад ва як доллар дар сатҳи 71 рубл қарор гирифт. Коҳиши арзиши рублро коршиносон поинтарин нишондод баъд аз соли 2016 медонанд. Пас аз поин омадани қимати рубл дар Русия... Читать дальше...
Расонаҳои Бритониё баъди мурофиае дар Додгоҳи олии Лондон навиштанд, молики се амволи ғайриманқули ҳабсшуда дар ин кишвар, ки ба номи ширкатҳои офшорӣ сабт шудааст, Дариға Назарбоева -- раиси Сенати Қазоқистон ва духтари президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев -- мебошад.
Дар Узбекистон ба корҳое, ки президент Шавкат Мирзиёев анҷом медиҳад, нигоҳи гуногун доранд. Бархе мегӯянд, нағз сар кард, аммо зуд пеш нарафт.
Доналд Трамп, президенти Амрико шоми чаҳоршанбеи 11-уми март дар як барномаи телевизионӣ дар бораи паҳншавии коронавирус дар ин кишвар суханронӣ кард. Ӯ дар ин суханронӣ чораҳои ҳукумати Амрико барои мубориза бо паҳншавии ин бемориро шарҳ дод.
Бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020, ки шоми чоршанбеи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бе тамошобин доир гардид, бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Ҳарду голро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи меҳмонон дар нимаи аввали дидор зад. Ӯ дар дақиқаи 21-ум аз ҷаримагоҳ тӯбро бо зарбаи сар ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид намуд. Голи дувумро Манучеҳр... Читать дальше...